ФУРСАТИ ДАСТГИРИИ БЕН ЛОДАН ВУҶУД ДОШТ
Банобар гузорише, ки ба маҷлиси Сенои Омрико дода шуда дар авохири соли 2001 имкони дастгирии Усома Бен Лодан тавассути нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон вуҷуд дошт, вале раҳбарони низомии Омрико аз эъзоми нерӯи тақвиятӣ барои таъқиби вай худдорӣ карданд.
Дар ин гузориш, ки тавассути ҳизби демукроти Омрико барои ироа ба кумитаи равобити хориҷии ин кишвар таҳия шуда, омадааст, ки Усома Бен Лодан ва нафароти вай дар кӯҳҳои Туробуро, дар Афғонистон гир карда буданд, вале давлати Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳури вақти Омрико нерӯи тақвиятии лозим барои дастгирии вайро эъзом накард ва ба дунболи он раҳбари Алқоъида ва нафароташ бидуни музоҳимат вориди манотиқи қабоилии шимоли ғарби Покистон шуданд.
Тасаввур меравад Бен Лодан ҳанӯз дар ин манотиқ махфӣ шуда бошад. Ба назари таҳиякунандагони гузориш кӯтоҳӣ дар куштан ё дастгирии Усома Бен Лодан имкони шӯриши афғонҳо ва афзоиши тарафдорӣ аз Алқоъида дар ҷаҳони исломро фароҳам овард. Ин мавзуъ ҳамчунин муноқишоти дохилӣ дар Покистонро доман зад.
Дар ин гузориш аз мақомоти давлати Ҷурҷ Буш ва фармондеҳони низомии вай ба шиддат интиқод шуда ва гуфта шудааст дар ҳоле ки қудрати низомии фавқулъоддаи Омрико дар ҳошия нигоҳ дошта шуда буд, фармондеҳони низомии Омрико тасмим гирифтанд барои таъқиби Бен Лодан дар Туробуро, ки як минтақаи кӯҳистонӣ ва дорои ғорҳои мутаъаддиде аст, ба ҳамалоти ҳавоӣ ва "милишаҳои омӯзишнадидаи афғон" иттако кунанд.
Нависандагони гузориш изъон доранд, ки ҳазфи Усома Бен Лодан хатари террурисми ҷаҳониро аз байн намебарад, вале муътақиданд, ки тасмими гушудани дарҳо барои фарори вай ба Покистон сабаб шуд, ки ӯ ба сурати мазҳари намодини пурқудрате даромада ва ба ҷазби пул ва низ илҳом бахшидан ба ифротиҳо дар саросари ҷаҳон идома диҳад.
Дар гузориш иддаъоҳои мақомоти давлати Ҷурҷ Буш мабнӣ бар ин ки дар он ҳангом иттилоъот дар бораи махфигоҳи Бен Лодан қонеъкунанда набуда, рад шудааст. Ин гузориш ҳангоме интишор ёфта, ки қарор аст Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико тасмими худ дар бораи афзоиши теъдоди нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистонро эълом кунад.
Би-Би-Си