17:46:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Амрико ва «инқилобҳои махмалӣ»: ҳимояи манфиатҳои стратегӣ

Дар давоми ду даҳсолаи охир дар ҳаёти сиёсии як қатор кишварҳои олами ислом ва пасошуравӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд, ки дар баробари омилҳои дохилӣ дар сар задании онҳо бештар омилҳои берунӣ нақши ҳалкунанда доштанд. Натиҷаи асосии ин равандҳои сиёсӣ тағйир ёфтани низомҳои ҳукмрон дар Тунис, Миср, Кирғизистон, Гурҷистон ва Украина мебошад, ки дар ҳаёти сиёсии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бетаъсир намонданд.

usa_strategiya_654565546.jpgҲамзамон ин равандҳои сиёсӣ, ки аз тарафи коршиносон «инқилобҳои махмалӣ» номида шуданд, дар сатҳи байналмилалӣ сабабгори шиддат гирифтани рақобатҳои низомӣ-сиёсӣ дар байни кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон, бахусус байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Россия гардиданд. Дар сатҳи минтақавӣ ҳам пайомади асосии раванди «баҳори арабӣ» шиддат гирифтани рақобат дар байни ду кишвари нисбатан пешрафтаи Шарқи Наздик – Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад, ки шиддат гирифтани рақобат дар байни ду давлат ба таври мустақим ва ғайримустақим ба манфиатҳои давлатҳои пешрафта, иттиҳодияҳои низомӣ-сиёсӣ ва кишварҳои дигари минтақаҳои васеъ аз Шарқи Наздик то Осиёи Марказӣ бетаъсир намонда аст.

Албатта ҷойи баҳс нест, ки барои сар задании тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти як кишвари алоҳида заминаи мусоиди дохилӣ зарур аст. Вале аз тарафи дигар суботи нисбӣ дар кишварҳои олами араб, бахусус Шарқи Наздик дар тамоми нимаи дуввуми қарни гузашта далолат аз он мекард, ки мувозинати устувори қудратҳои сиёсии минтақа ҷавобгӯи манфиатҳои стратегии марказҳои асосии сиёсати ҷаҳонӣ будааст. Возеҳ аст, ки дар таъмини ин мувозинат мавқеи ду кишвари абарқудрати ҷаҳон – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ИҶШС – инъикоскунандагони иродаи сиёсӣ ва ҳимояткунандагони манфиатҳои ду паймони низомӣ-сиёсии Fарб ва Шарқ нақши муайянкунанда дошт.

Мутаасифона, пас аз пош хӯрдани ИXШС - яке аз абарқудратҳои ҷаҳон, бахусус дар давоми ду даҳсолаи охир мо шоҳиди марҳилаи нави шиддат гирифтани рақобат байни ИМА ва Федератсияи Россия гардидем, ки аз лиҳози суръат ва шиддатнокиаш аз марҳилаҳои гузашта ҳеҷ тафовуте надорад. Мисоли равшани вуҷуд надоштани мувозинати қудрат васеъ гардидани Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва сар задании «инқилоби махмалӣ» дар як қатор кишварҳои пасошӯравӣ мебошад. Дар асл ин ду омил аз он шаҳодат медиҳанд, ки Fарб бо сарварии ИМА то ҳанӯз кушиш менамоянд вазъиятро дар доираи васеи кишварҳои пасошуравӣ ба манфиати худ тағйир диҳанд.

Барои дарки беҳтари сиёсати тавсеаталабонаи Fарб, бахусус ИМА беҳтар мебуд аз «таҷриба»-и ба амал баровардани инқилобҳои махмалӣ дар Қирғизистон, Гурҷистон ва Украина ёдовар шавем ва мақсадҳои ниҳонии пуштибонҳои ин «инқилобҳо»-ро равшан намоем.

Ҳангоми баррасии моҳияти дигаргуниҳои сиёсии дар ин кишварҳои пасошӯравӣ ба амал омада, қиёс намудани ин тағйиротҳо бо ҳодисаҳои охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Аврупои Шарқӣ ба маврид мебуд. Агар дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ «инқилобҳои махмалӣ» сабабгори натанҳо тағйир ёфтани низомҳои сиёсӣ, балки тамоми муносибатҳои иқтисодӣҷтимоӣ гардида, кишварҳои Аврупои Шарқиро бо роҳи барпо кардани ҷомеаи озод ва иқтисоди бозорӣ ҳидоят дода бошанд, пас натиҷаи асосии равандҳои босуръати сиёсии Қирғизистон, Гурҷистон ва Украина аз сари қудрат дур кардани як қишри нухбагони(элитаи)  сиёсӣ ва ба сари ҳокимият овардани нухбагони нав мебошад. Дар асл доираҳои муайяни Fарб бо мақсади расидан ба мақсадҳои сиёсии худ доираи муайяни нухбагони сиёсӣ, бахусус нухтагони ғарбгароро дастгирӣ намуда, дар шароити шиддат гирифтани вазъияти дохилисиёсӣ онҳоро ба сари ҳокимият оварданд.

ИМА ва доираи васеи роҳбарони давлатҳои Аврупо ошкоро аз мухолифони сиёсии Шеварнадзе дар Гурҷистон, Аскар Акаев дар Қирғизистон ва Янукович дар Украина пуштибонӣ менамуданд. Дар Украина ҳангоми идома ёфтани намоишҳои эътирозӣ дар майдони асосии шаҳри Киев, ходимони намоёни давлатии ИМА ҳамрайъии худро изҳор намуда, ёвари Котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд бошад дар байни эътирозчиён ғизои гарм тақсим намуд. Ин амалҳои ходимони баландпояи ИМА дар асл аз мавқеи пуштибонии онҳо аз мухолифони ҳукумати Янукович шаҳодат медод.

Доираҳои расмии ИМА «инқилоби махмалӣ»-ро ҳамчун ҷузъи таркибии раванди рушди демократия ва густариши озодиҳои демократӣ маънидод менамоянд. Вашингтон ин равандҳои сиёсиро ҳамчун инқилоби ҳақиқӣ мешиносад. Собиқ котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс ҳангоми сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳодисаҳои баҳори соли 2005 дар Қирғизистонро «инқилоби беҳамто ва ғайриоддӣ» номида буд.

Ҳодисаҳои дар се ҷумҳурии пасошӯравӣ сарзада ба ҷуз шакли махсуси табаддулоти давлатӣ бо истифода аз усулҳои нави технологияҳои муосири сиёсӣ чизе дигаре набуданд, зеро ба шакли нисбатан осоишта гузаштан ва оммавӣ будани онҳо, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишварҳо тағйироти бунёдии инқилобӣ ба амал набароварданд. Ҳанӯз пас аз касби истиқлолият ин ҷумҳуриҳо раванди гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва барпо кардани ҷомеаҳои дунявии демократиро аз сар мегузарониданд ва масири рушди онҳо ҳамон масире буд, ки ҷомеаи ғарбӣ онро аз сар гузаронида аст ва имрӯз худро ба сифати арзиши олӣ ва намунаи рушди иҷтимоӣ дар чашми аҳли олам ҷилва менамояд.

Барои ҳамин ҳам таблиғи андеша дар бораи хусусияти хос демократӣ доштани «инқилобҳои махмалӣ» ба ҷуз авомфиребӣ чизи дигаре нест, зеро ҳомиёни демократияи Fарб халои идеологии дар натиҷаи сар задании ин инқилобҳоро ба вуҷуд омадаро фақат бо таблиғи арзишҳои демократӣ пур карда метавонанду халос. Ин ҳомиён дар ҳолати изтироби сиёсӣ фаромӯш месозанд, ки «инқилобҳои махмалӣ»-и онҳо усули бунёдии демократия – раванди интихоботи озодона ва бо ин роҳ ифода намудани афкори ҷомеаро зери шубҳа мегузоранд. Маҳз дар давраи омодагӣ ва ба амал баровардани «инқилобҳои махмалӣ» тамоми имкониятҳои васоити ахбори умуми кишварҳои ғарбӣ васеъ истифода гардида, «мағз»-ҳои аҳолии ин кишварҳо бо мақсадҳои муайян «шуста» мешаванд ва дар натиҷа дар пойтахтҳои ин кишварҳо ва якчанд шаҳри дигар «оммаҳо» аз ин инқилобҳо пуштибонӣ менамоянд.

Хусусияти дигари «инқилобҳои махмалӣ» ширкати фаъоли созмонҳои ғайридавлатӣ дар равандҳои сиёсӣ ва омода намудани қишрҳои муайяни ҷомеа ба таҳаввулотҳои дар пешистода мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки аксарияти созмонҳои ғайридавлатӣ аз тарафи доираҳои муайяни кишварҳои ғарбӣ маблағгузорӣ мегарданд. Масалан дар Украина маҳз созмонҳои ғайридавлатӣ пойгоҳи иҷтимоӣ ва ташкилотии инқилоби махмалиро ба вуҷуд оварданд ва сарчашмаи асосии маблағгузории онҳо «сармояҳои сиёсӣ»-и кишварҳо Fарб, бахусус ИМА буданд.

Акнун барои дарки пайомадҳои манфии «инқилобҳои махмалӣ» мо метавонем ба як ҷанба – масъалаи сар задании муборизаҳои мусаллаҳона, муҳоҷирати бесобиқаи аҳолии минтақаҳои васеъ ва хатари таҷзияи ин кишварҳо таваҷҷуҳ намоем. Дар мисоли Украина мо зуҳури ин се падидаи манфӣ ва дигар пайомадҳои ногувори «инқилоби махмалӣ»-ро равшан метавонем мушоҳида намуда, зарари моддӣ ва маънавии онро муайян намоем. Пас аз шикасти ҳукумати Янукович ва ба сари қудрат омадани доираи ғарбгарои нухбагони нави сиёсӣ вазъияти дохилии Украина босуръат ноором гардида, дар ду вилояти шарқӣ – Донбасс ва Луганск ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Мутобиқи маълумоти хадамоти муҳоҷирати Россия дар давоми соли 2014-2015 аз Украина ба Россия бештар аз 1,5 млн нафар одамон муҳоҷир гардиданд.         Пешомади дигари манфии «инқилоб»-и Украина аз ҳайати Украина баромадани Ҷумҳурии Қрим ва ба ҳайати Россия дохил гардидани он мебошад.

Дар натиҷа дар давоми солҳои 2014-2015 дар минтақаи васеи қисми ҷанубӣ ва шарқии Украина вазъияти рақобати шадид ҳукмфармо аст, ки ба зиндагӣ ва амнияти миллионҳо нафар шаҳрвандони оддӣ хатари ҷиддӣ ба вуҷуд оварда аст. Агар муайян намудани ҳаҷми хисороти моддии  ин «инқилоби махмалӣ»душвор набошад, муайян намудани хисороти маънавии он аз воқеият дур аст.

Дахолати густурдаи ИМА дар умури кишварҳои зиёди Шарқи Наздик, фаъол гардидани дипломатияи «инқилобҳои махмалӣ» дар кишварҳои пасошуравӣ ва васеъшавии бесобиқаи паймони НАТО ва аз доираи Аврупо берун гардидани ин паймон, ба ҳайати НАТО дохил гардидани Украина ва эҳтимолан Гурҷистон аз мақсадҳои дарозмуддати ҳузури ин кишвар дар минтақаҳои аҳамияти калони стратегӣ дошта шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон воқеаҳои Украина аз он далолат менамоянд, ки дар сурати дастгирии ИМА ва кишварҳои Fарб неруҳои сиёсии ғарбгаро дар кишварҳои пасошӯравӣ метавонанд фаъол гардида, барои ба амал баровардани мақсадҳои геостратегии ҳомиёни ғарбии худ омодагӣ дошта бошанд.

Ҳамин тариқ фаъол гардидани дипломатияи тавсеаталабонаи ИМА дар фазои пасошӯравӣ метавонад ифодагари ҳимояи манфиатҳои геостратегии ин абарқудрат бошад. Дар қадами аввал манфиатҳои ИМА ҳамчун ягона абарқудрати ҷаҳон,  бахусус идомаи муборизаи ин кишвар барои ҳукмронии бемаҳдуд дар ҷаҳон бошад. Нигоҳ доштани ин мақом танҳо дар сурати таъмини назорат аз болои минтақаҳои аз захираҳои табиӣ бой имконпазир аст.

Сабаби дуввуми фаъол гардидани дипломатия ИМА дар фазои пасошӯравӣ – мубориза барои таъмини ҳузури густурда дар минтақаҳои аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ бой мебошад. Дар сурати ба сари ҳокимият овардани низомҳои «махмалӣ» дар як қатор давлатҳои пасошӯравӣ ИМА метавонад ба минтақаи Кавказ ва Баҳри Каспий дастёбии иқтисодӣ ва низомӣ пайдо намояд.

Идома ёфтани бесуботӣ дар бозори ҷаҳонии нафт, хатари босуръат поён ва ё боло рафтани қимати нафт дар бозор, кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли нафт дар кишварҳои Халиҷи Форс, шиддат гирифтани вазъият дар кишварҳои Шарқи Наздик аҳамияти захирагоҳҳои ҳавзаи Баҳри Каспийро фавқулодда боло мебарад. Дар сурати таъмини ҳузури густурда ИМА метавонад дар баробари минтақаи Халиҷи Форс «пойгоҳи эҳтиётӣ»-и дигар дар ҳавзаи Каспий ва Осиёи Марказӣ барои худ ба вуҷуд биёрад. Дар ин масири стратегӣ «инқилобҳои махмалӣ» роҳу усули ҳимояи манфиатҳои геополитики ИМА дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд.

Раҳматуллоҳ Абдуллоев 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi