00:23:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Абдулатифи Пидром хостори Ҷумҳурии исломии федералии Афғонистон – Хуросон шуд

Ду хабари имрӯз аз корзори интихоботи Афғонистон қобили таваҷҷуҳ будааст. Яке изҳори назари Абдулатифи Пидром дар мавриди ояндаи кишвараш ва дигар эълони даҳ миллиён доллар кӯмаки Британияи Кабир барои пешбурди корзори интихоботӣ дар ин мамлакат.

latif-pedram 544554Бино ба гузориши хабаргузориҳои Афғонистон Абдулатифи Пидром, номзад ба курсии президентии Афғонистон корзори интихоботии худро бо шиори “Адолат, амният ва озодӣ” оғоз кардааст.

Абдулатифи Пидром дирӯз дар як ҳамоиш гуфтааст, ки вай хоҳони низоми “Ҷумҳурии исломии федералии Афғонистон – Хуросон” аст. Аз назари оқои Пидром Афғонистон бояд ба қитъаҳои федералӣ тақсим шавад ва мардуми он дорои салоҳиятҳои тасмимгирӣ дошта бошанд, онҳо дар масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низомӣ мухтор бошанд ва худашон мудирият кунанд.

Абдулатифи Пидром дар бахши дигар аз суханрониаш ғояи пешниҳодии худро ба гунаи возеҳтар шарҳ дод ва гуфт, ки вай федерализми қавмиро дар назар надорад.

Абдулатифи Пидром аз ҷумлаи сиёсатмадорони барҷастаи Афғонистон ва яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар ин кишвар аст. Вай низоми сиёсии федералӣ дар Афғонистонро дар гузашта ҳам матраҳ карда буд, вале мухолифонаш вайро маъмулан ба тундравӣ ва тафриқапароканӣ айбдор мекунанд.

Дар гузашта вай барои дарёфти курсӣ дар парламон аз Бадахшон талош карда буд, вале ройи лозимро ба даст оварда натавонист.

Аз оғози корзори интихоботӣ дар Афғонистон ду ҳафта сипарӣ шудааст, вале коршиносон мегӯянд аз 18 номзад ҳамагӣ чанд номзад ҷиддан ба таблиғот шуруъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки Баританияи Кабир барои баргузории интихоботи Раёсати ҷумҳурии Афғонистон 10 миллиён доллар кӯмак мекунад. Дар ин бора рӯзи гузашта Сафири Британия дар Афғонистон эълом кард.

Сафири Британия дар Кобул зимни эълони ин хабар гуфтааст: “басо хушҳолам, ки Британия барои фароҳам овардани ин кӯмак метавонад аз ин раванди демократӣ ҳимоят кунад. Британия аз баргузории интихоботи демократӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунад, то мардуми Афғонистон битавонанд саҳми барҳақи худро барои ояндаи кишварашон гузоранд”.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi