12:12:32 19-уми Марти 2025 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2025 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

МИРШАЙМЕР: "ДАР БӮҲРОНИ УКРАИНА КИШВАРҲОИ ИМА ВА ИА ГУНАҲКОРАНД"

Сиёсатшиноси амрикоӣ Миршаймер гуфт, ки дар бӯҳрони Украина кишварҳои ИМА ва ИА гунаҳкоранд.

1 mirhaymer 54451245Дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ Русияро масъули бӯҳрони Украина медонанд, айби аслӣ ба дӯши ИМА ва шарикони он дар Иттиҳодияи Аврупост. Ин ақидаро сиёсатшиноси амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Чикаго Ҷон Миршаймер дар мусоҳиба бо шабакаи Ютуб King's Politics изҳор дошт.

Вай гуфт, ки аз соли 2008 ба ин сӯ Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои аврупоӣ ба як қатор иштибоҳҳои ислоҳнашаванда роҳ додаанд, ки боиси ташдиди авзоъ дар атрофи Украина шудаанд. Аз ҷумла: тавсеаи НАТО ба самти Шарқ ва нақшаҳои шомил кардани Украина ба он, тавсеаи эҳтимолии Иттиҳодияи Аврупо ва бахусус нақшаҳои пайвастан ба Украина, таҳдиди инқилоби ранга дар ин кишвар.

Миршаймер тавзеҳ дод, "барои Русия пайвастани Украина ба НАТО як таҳдиди мавҷудист. Чунин факт, ки одамони ғарб инро намефаҳманд, маро ба ҳайрат меандозад. Идеяи он, ки шумо метавонед танҳо нерӯҳои эътилофи низомии таҳти раҳбарии Амрикоро ба марзҳои Русия ворид кунед, ки русҳоро парешон накунад, ба ақл рост намеояд", - гуфт профессор.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҷанг бо Гурҷистон дар соли 2008 мебоист ба кишварҳои ғарбӣ нишон медод, ки Маскав тавсеаи НАТО ба самти шарқро қабул надорад.

«Робитаҳои Ғарб, бахусус ИМА ва Украина мустаҳкамтар мешаванд. Мо украинҳоро мусаллаҳ ва таълим медиҳем. Ҳамзамон, мо берун аз Украина як қатор иғвогарона содир карда истодаем, ки русҳоро воқеан нигарон мекунанд: дар моҳи июни соли 2021 бритониёҳо беақлона ба обҳои ҳудудии Русия дар Баҳри Сиёҳ як эсминец фиристоданд ва амрикоиҳо як бомбаандозро ба осмон фиристоданд, ки бахри Сиёх дар назди соҳили Россия аст. Барои русҳо равшан аст, ки НАТО ба самти Шарқ ҳаракат карда, Украинаро ба узви воқеии НАТО табдил медиҳад. Русҳо дигар ба гуфтушунид манфиатдор нестанд”, - хулоса кард Миршаймер.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi