Bloomberg: ИМА ва ИА имконоти маҳдуд кардани даромади Русия аз интиқоли нафт ба Аврупоро баррасӣ мекунанд
Вошингтон ва Брюссел иқдомоти эҳтимолии коҳиши даромади Русия аз интиқоли нафт ба Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории тиҷоратии "Bloomberg" бо такя ба манобеъ хабар дод.
Ба гуфтаи онҳо, музокироти намояндагони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо барои дарёфти имконот барои "зарбаи сахттарин" ба даромадҳои Русия равона шудааст. Ба унвони як иқдоми эҳтимолӣ, радди комилан аз тиллои сиёҳи Русия баррасӣ мешавад, аммо намояндагони маъмурияти Амрико метарсанд, ки ин ба “болоиши қимати нафт ва афзоиши даромади Кремл” оварда мерасонад.
Дар баробари радди интиқоли энержӣ имкони истифода аз механизми ҳисоббаробаркунӣ мавриди омӯзиш қарор дорад, ки тавре интизор мерафт, имкон медиҳад, ки “даромади Русия” аз содироти нафт аз лаҳзаи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина нигоҳ дошта шавад. Илова бар ин, ба гуфтаи "Bloomberg", намояндагони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо масъалаи муқаррар кардани ҳадди нарх барои интиқоли нерӯи барқ аз Русияро баррасӣ мекунанд.
Нашрияи аврупоии рӯзномаи "Politico" хабар дод, ки Комиссияи Аврупо ҳафтаи оянда ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо тарҳи шашумин бастаи таҳримҳои зидди Русияро пешниҳод хоҳад кард. Ба гуфтаи манобеъи ин нашрия, он метавонад "баъзе маҳдудиятҳо дар интиқоли нафт" ва чораҳои молӣ, аз ҷумла ҷудо кардани чанд бонки дигар аз низоми пардохти SWIFT-ро дар бар гирад.
Рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба муроҷиати раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс бо дархости кӯмак аз амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хабар дод. Вай таъкид кард, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд. Пас аз он, ИМА, ИА, Британияи Кабир ва инчунин як қатор давлатҳои дигар алайҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Русия таҳримот ҷорӣ карданд.
ТАСС