20:19:24 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Клинтон мегӯяд, маъмурияти ӯ кӯшиш накардааст, ки Путинро таҳқир ё инзиво кунад

Билл Клинтон, раиси ҷумҳури пешини Амрико гуфт, маъмурияти ӯ ҳеҷ гоҳ барои инзивои Русия ё таҳқир ё нодида гирифтани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин иқдом накардааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии Fox News хабар медиҳад.

7 klinton putin 452145Президенти собиқи ИМА гуфт, "дуруст нест, ки мо барои инзиво, таҳқир ё нодида гирифтани Путин ягон иқдоме анҷом додаем".

Клинтон ҳамчунин мӯътақид аст, ки сиёсатҳои ӯ ба ҳайси раҳбари Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ чиз ба тасмими Путин дар мавриди амалиёти вижа дар Украина таъсир накардааст.

"Ман бовар надорам, ки мо барои пешгирӣ кардани ин коре карда метавонем" гуфт сиёсатмадор.

Қаблан Клинтон гуфта буд, ки ба раҳбарони Русия Борис Елтсин ва Владимир Путин "равшан баён кардааст", ки дари узвияти эҳтимолии НАТО ба рӯи Русия боз боқӣ мемонад.

Кремл дар посух гуфт, ки онҳо маълумот надоранд, ки оё чунин пешниҳодҳо воқеан гирифта шудаанд, аммо "комилан маълум аст", ки ҷониби Амрико борҳо дар бораи имконнопазирии узвият ҳарф зада буд.

Виолетта Ханенева, газета.ру

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi