21:11:56 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Австрия шартҳои Русияро барои пардохти пули газ бо рубл пазируфт

Вена шартҳои Русияро тибқи нақшаи нави пардохти газ қабул кард, гуфт Карл Неҳаммер, садри аъзами Австрия.

12 avstraliya russia gaz 2121«Мо, (ширкати нафту гази Австрия) OMV, шартҳои пардохтро қабул кардем, дар Олмон низ ҳамин тавр кард. <...> Ин барои мо муҳим буд ва аз ин рӯ, ҳангоми сӯҳбати мо худи Путин итминон дод, ки газ таъмин карда мешавад ва онро бо евро пардохт кардан мумкин буд. Ин вазъият барои мо тағйир наёфтааст», — гуфт дар конференсияи матбуоти сардори ҳукумат.

Дар навбати худ вазири энергетикаи кишвар Леонор Гевесслер тасдиқ кард, ки газ ба Австрия бидуни таваққуф интиқол дода мешавад ва идома дорад. Вай афзуд, ки бидуни интиқоли маводи сӯхт аз Русия имсол анборҳоро то зимистон пур кардан ғайриимкон аст, аммо Вена мехоҳад манобеъи худро диверсификатсия кунад.

Субҳи 27 апрел «Газпром» эълон кард, ки интиқоли пурраи таъминот ба ширкати Булгаргазии Булғористон ва PGNiG-и Лаҳистон ба далели сарпечӣ аз пардохти ашёи хом бо рублро қатъ кардааст.

Аз 1 апрели соли ҷорӣ Русия ба қабули пардохтҳои газ аз кишварҳои бегона ба тариқи нав оғоз кард, то дар ин ҳисобҳо аз доллар ва евро дур шавад. Бар асоси фармони раисиҷумҳур, "Газпромбонк" бояд ҳисобҳои махсуси арзӣ ва рубл боз кунад. Харидор маблағи заруриро ба суратҳисоби якум бо муодилаи дар шартнома нишондодашуда мегузаронад, банк онро дар биржаи Москва мефурӯшад ва ба суратҳисоби дуюм рубл медиҳад. Маҳз аз ин суратҳисоб ба Газпром барои ашёи хоми додашуда пардохт мешавад.

Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Ҳамин тариқ, захираҳои Русия дар ҳаҷми тақрибан 300 миллиард доллар масдуд карда шуданд. Даъватҳо барои даст кашидан аз манобеъи энержии Русия баландтар шуданд. Бо вуҷуди ин, халалдор шудани занҷирҳои таъминот боиси мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо ва ИМА, пеш аз ҳама ба болоравии нархи ғизо ва сӯзишворӣ гардид.

Хабаргузории РИА Новости



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi