23:18:00 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Толибон ба мавҷудияти нерӯ ва воситаҳо барои мубориза бо террористон итминон доданд

Иномулло Самангонӣ, муовини сухангӯи Толибон гуфт, ки ин ҷунбиш дар Афғонистон тавонист гурӯҳҳои террористӣ, ба хусус ДИИШ-ро саркӯб кунад ва барои мубориза бо онҳо нерӯ ва василаи кофӣ дорад. Дар ин бора шабакаи телевизионии байналмилалии Афғонистон хабар додааст.

13 davoi tolibon 122145Ёдовар мешавем, ки қаблан вазорати хориҷаи Эрон гуфта буд, ки омода аст ба Толибон (ташкилоте, ки фаъолияташ дар љомеаи љањонї мамнӯъ аст) дар мубориза бо терроризм кўмак кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон рӯзи 25 апрел гуфт, кишвараш омода аст таҷрубаи худро дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ бо Толибон мубодила кунад.

Иномулло Самангонӣ бидуни ёдоварӣ аз изҳороти Эрон дар бораи ҳамкорӣ бо Толибон мегӯяд, ДИИШ, ки дар гузашта ба як хатари ҷиддӣ барои Афғонистон табдил шуда буд, ҳоло дар ҳеҷ ҷои ин кишвар ҳузури ҷисмонӣ надорад.

Самангонӣ афзуд, Толибон дар саркӯби гурӯҳҳои террористӣ муваффақ шудаанд ва ДИИШ тавоноии ҳамлаҳои террористиро аз даст додааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, масъулони ҳамлаҳои ДИИШ дар Нангарҳор ва Балх аз сӯи Толибон кушта ё боздошт шудаанд.

Ҳафтаи гузашта бар асари як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар чанд вилояти Афғонистон даҳҳо ғайринизомӣ кушта шуданд. ДОИШ масъулияти чунин ҳамлаҳоро бар ӯҳда гирифт.

Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, дар пайи густариши ҳамалоти ДИИШ дар Афғонистон, ба вижа алайҳи ҳазораҳо ва шиъаҳо, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Толибон натавонистаанд амнияти ҷамъиятиро дар бахшҳои Афғонистон таъмин кунанд.

Regnum

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi