01:01:13 29-уми Июни 2025 сол

Конгресси ИМА барои интиқоли дороиҳои марбут ба Русия ба Украина овоз медиҳад

Матбуоти маҳаллӣ рӯзи 28 апрел гузориш медиҳад, ки Конгресси ИМА ба тарҳи қонуне раъй медиҳад, ки иҷоза медиҳад ҳисобҳои хориҷиён ва ин маблағ барои ҳимоят аз Украина равона карда шавад. Лоиҳаи қонунро қаблан палатаи намояндагони Конгресси ИМА тасдиқ карда буд.

6 kongressi-ima 54542Нахуст дар чаҳорчӯби ин тарҳ бозпас гирифтани маблағ аз тоҷирони рус ва фиристодани онҳо ба Украина ба нақша гирифта шудааст, гуфта мешавад дар изҳороти Кохи Сафед.

Лоиҳаи қонун салоҳиятҳои мусодираи амволи марбут ба тоҷирони русро тавсеа медиҳад ва "иҷоза медиҳад, ки онҳо барои ҳимоят аз Украина истифода шаванд".

Гуфта мешавад, ки ин "раванди нави соддашудаи маъмурӣ" аст, ки тавассути он вазоратхонаҳои молия ва адлия метавонанд амволи олигархҳои Русияро дар Иёлоти Муттаҳида мусодира кунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28 апрел Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико низ ба Конгресс дархости кӯмаки низомии изофӣ ба Киевро кард.

Regnum

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ