10:05:35 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вазорати корҳои хориҷии Русия: ИМА шаҳрвандони худро ба маъракаи зидди Русия ҷалб мекунад

Мақомоти ИМА дар робита ба авзоъ дар Украина ба корҳои дохилии Русия дахолат мекунанд ва аз ҷумла интернетро барои ин кор истифода мебарад. Дар ин бора Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 28 апрел дар брифинг дар Маскав изҳор дошт.

7 mariya zakharova 212154Ба гуфтаи вай, таваҷҷуҳи вазорати хориҷиро нашрияи рӯзи 21 апрел дар вебсайти департаменти давлатии ИМА бахшида ба амалиёти махсуси низомии Русия дар Украина ҷалб кардааст. Ин мавод аз шаҳрвандони Амрико даъват мекунад, ки ба маъракаи таблиғотии зидди Русия ҳамроҳ шаванд ва барои ин аз абзорҳои фанновариҳои иттилоотиву иртибототӣ истифода кунанд.

"Асосан... ин истифодаи воситаҳои иртиботи шахсӣ ва мардуми оддии Амрико барои паҳн кардани таблиғоти дурӯғ ва қалбакӣ аст", - шарҳ дод Захарова.

Вай таъкид кард, ки Маскав амалҳои мақомоти Амрикоро, ки ба дахолати мустақим ба ҳаёти хусусии шаҳрвандони Русия нигаронида шудааст, шадидан маҳкум мекунад. Ғайр аз ин сухан дар бораи дахолат кардан ба ҳаёти шахсии амрикоиён меравад.

Regnum

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi