Олмон нақшаи ИМА барои Украинаро ошкор кард
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико мехоҳад, Украинаро барои заъиф кардани Русия истифода кунад, то Русия ба пешравии стратегии Ғарб халал нарасонад, менависад Junge Welt.
"Иёлоти Муттаҳида ба Украина пул ва аслиҳа ворид мекунад ва ин кишварро амалан ба як колонияи молии Ғарб табдил медиҳад", - омадааст дар мақола.
Муаллиф менависад, ҳукумати кунунии Украина дар ин нақш хеле бароҳат аст ва намояндагони он аллакай дар бораи пайвастан ба НАТО ҳарф мезананд.
"Олга Стефанишина, муовини нахуствазир ба як рӯзномаи испанӣ гуфтааст, ки Киев ба ҳадафи узвият дар НАТО пойбанд аст. Дар натиҷа, тавофуқ бо Русия, ки наздик ба назар менамуд, ҷониби Украина рад карда шуд", - омадааст дар мақола.
Ва Иёлоти Муттаҳида бо интиқоли силоҳ ба Украина ва даъват мекунад, ки муқовиматро идома диҳад, аз манфиатҳои худ дифоъ мекунад, зеро ҳоло саноати онҳо фармоишҳои бузург мегиранд, хулоса кард рӯзноманигор.
Украина дар моҳи декабри соли 2014 аз мақоми ғайриблокии худ даст кашид ва сипас дар Қонуни Асосӣ роҳи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро сабт кард. Ҳоло он мақоми шарики мукаммали иттифоқро дорад, аммо ба узвияти комил исрор мекунад.
Аммо дар авоили моҳи март дар пасманзари изҳороти котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, ки Маскав метавонад дар "як лаҳза" амалиёти вижаро қатъ кунад, агар Киев шартҳои гузошташударо иҷро кунад: эътирофи Қрим ҳамчун Русия, эътироф истиқлолияти Донетск ва Луганск, инчунин таъсиси мақоми ғайриблокии Украина - Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар пахши шабакаи телевизионии амрикоии ABC гуфт, ки вай дар масъалаи дохил шудан ба НАТО дил "сард" шудааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд. Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "демилитаризатсия ва деазизизатсияи Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
РИА Новости