15:15:27 28-уми Июни 2025 сол

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия аз 21 ҳазор гузашт

Теъдоди қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия ба 21 051 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории CNN бо такя ба мақомоти ду кишвар хабар медиҳад.

suria-turkiya_000011111.jpgФуат Октай, муовини раисҷумҳури Туркия гуфтаас, теъдоди ҳалокшудагон ба 17 674 нафар расида, беш аз 72 879 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бинобар гузориши расонаҳои давлатии Сурия дар ин кишвар дасти кам 3377 нафар, аз ҷумла 2030 нафар дар манотиқи таҳти назорати шӯришиён дар шимолу ғарб ва 1347 нафар дар манотиқи таҳти назорати ҳукумати Сурия ба қалокат расидаанд.

Теъдоди захмиён дар Сурия дар тамоми манотиқи осебдида ба 5245 нафар расидааст: 2295 нафар дар манотиқи таҳти назорати ҳукумат ва 2950 нафар дар манотиқи таҳти назорати шӯришиён.

Бар асоси гузориши ҳукумати Туркия ва расонаҳои давлатии Сурия, дар умум дасти кам 78 124 нафар дар Сурия ва Туркия бар асари заминларзаи шадид ҷароҳат бардоштаанд.

Бояд гуфт, ки дар Туркия ва Сурия ҳудуди 80 ҳазор наҷотдиҳанда аз 19 кишвар кор мекунанд.

Аз ҷумла, 9-уми феврал 50 наҷотдиҳанда аз Тоҷикистон вориди Туркия шуданд.

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Назари Шумо

Security code
навсозӣ