12:52:13 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Скотт Риттер: Русия тӯҳфае гирифт, ки ҳеҷ гоҳ орзуяшро намекард

Скотт Риттер, афсари бознишастаи истихбороти нерӯҳои баҳрии Амрико дар шабакаи Ютуби худ гуфт, кишварҳои ғарбӣ бо изҳороти хашмгинашон ба Русия тӯҳфа кардаанд.

scott-ritter_.jpg"Маскав хостори талоқро накард, аммо худи Иёлоти Амрико онро дод. Ин тӯҳфае буд, ки Русия ҳатто орзуи онро ҳам надошт", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ замоне фаро расид, ки давлатҳо ва муттаҳидонашон ба Маскав майли худро нишон доданд, ҳарчанд дар асл онро душмани шикастхӯрда медонистанд.

Риттер чунин шарҳ дод: «Мо дӯст доштем эҳсос кунем, ки молик ҳастем. Вақте ба Русия омадем ва ба русҳо ба унвони як душмани шикастхӯрда нигоҳ мекардем.

Сипас ба онҳо гуфтем, ки ба капитализм бовар кардан лозим аст ва он гоҳ хама чиз хуб мешавад...».

Бо вуҷуди ин, Вашингтон дурустии роҳи интихобкардаи Кремлро бо чораҳои хашмгин ва фишор ба Маскав тасдиқ кард. Ин афсар дар хотима гуфт: "Барои ҳама маълум шуд, ки Русия набояд мунтазир шавад ва умедвор бошад, ки Ғарб бархӯрди худро тағйир дода, ба ташкили муколамаи муқаррарӣ бо он шурӯъ мекунад."

Дар авоили моҳи феврал Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳадафҳо, сабабҳо ва ногузирии амалиёти вижа дар Украинаро муфассал баён кардааст. Ва ӯ ин корро на ногаҳонӣ анҷом дод, балки пас аз солҳои фаҳмондадиҳӣ ба Ғарб, даст ба амал шуд.

Маскав борҳо таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида муқаррароти муҳими ҳуқуқи байналмилалиро ба эътибор нагирифта, конфронтатсия ва экспансияро бо роҳи ворид кардани кишварҳои нав ба Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ва ноором кардани марзҳои он баррасӣ мекунад.

РИА Новости



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi