"НИМЕ АЗ ЭРОНИЁН ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН ИТТИЛОЪ ДОРАНД"
Як мақоми эронӣ гуфтааст, ки тайи 10-12 соли ахир ошноии мардуми Эрон бо Тоҷикистон панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Ин матлабро Муҳаммад Алӣ Зӯҳраӣ, муъовини раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Эрон, дар дидори худ бо вазири фарҳанги Тоҷикистон иброз доштааст.
Оқои Зӯҳраӣ дар раъси як ҳайъати эронии иборат аз 34 корманди бахши фарҳанг ва ҳунар вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шуда ва қарор аст бо мақомоти ин кишвар мулоқот кунад. Он гуна, ки хабаргузории Ховар хабар медиҳад, оқои Зӯҳраӣ дар мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон бар зарурати густариши равобити фарҳангӣ таъкид кардааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки натоиҷи назарсанҷие, ки соли 2009 анҷом шуд, ҳокист, ки "агар 10-12 соли қабл танҳо 10 дарсади мардуми Эрон дар бораи Тоҷикистон иттилоъ доштанд, дар соли 2009 ин рақам панҷ баробар афзудааст."
Маълум нест, ки ин назарсанҷиро чи ниҳоде анҷом дода ва шумори пурсидашудагон ҳам ифшо нашудааст, вале ба ин тартиб, ҳоло метавон гуфт, ки дар маҷмӯъ ниме аз ҷамъияти Эрон дар бораи Тоҷикистон, ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ, иттилоъ доранд.
Дар гузашта мавориде будааст, ки бархе аз эрониён ба ҳангоми дидор бо бархе аз фарҳангиёни тоҷик аз онҳо пурсидаанд, ки "Шумо форсӣ куҷо ёд гирифтед?" ва пас аз шунидани ин посух, ки "Мо тоҷикҳо ҳам форсизабон ҳастем", ибрози ҳайрат кардаанд. Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳадафи сафари ин ҳайъат ба шаҳри Душанбе “таъсиси як гурӯҳи корӣ барои таҳия ва иҷрои барномаи густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ” аст.
Дар дидори мақомҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки як нашрияи муштарак таъсис дода ва он дар миёни мардуми ду кишвар тавзеъ шавад. Ҳарчанд бисёре аз фарҳангиёну рӯзноманигорони тоҷик аз ин хабар истиқбол хоҳанд кард, вале ба гуфтаи соҳибназарон, дар ин замина мушкиле вуҷуд дорад. Мардуми Эрон ва Тоҷикистон, ҳарчанд ҳамзабон маҳсуб мешаванд, вале аз хаттҳои мухталифе истифода мекунанд.
Дар ҳоле ки хатти форсӣ тайи қарнҳои дароз дар Эрон мутадовил аст, Тоҷикистон дар ҳудуди сад соли ахир аз ин хат даст кашида бештари мардуми ин кишвар хатти форсиро балад нестанд. Баҳсҳо бар сари "бозгашт ба хатти ниёкон" дар ин кишвар дар ду даҳаи ахир ба ҷое нарасидааст.
Ҳамакнун ин суол матраҳ аст, ки чунин як нашрияи муштарак байни Эрону Тоҷикистон ба кадом хат мунташир хоҳад шуд? Зимнан, дар гузашта бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон саҳафотеро ба хатти форсӣ низ мунташир кардаанд ва ин таҷруба дар ин ҷо мавҷуд будааст.
Дар ҳамин ҳол, барои бори нахуст нест, ки мақомоти Тоҷикистон ва Эрон аз иҷрои барномаҳои муштараки фарҳангӣ хабар медиҳанд. Вале баъзе аз ин тарҳҳо ба далоили мухталиф ба иҷро нарасидаанд. Масалан, дар соли 2006 дар дидори руасои ҷумҳурии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон эълом шуда буд, ки ин се кишвар телевизиюни муштараке таъсис хоҳанд дод. Дар дидори вузарои хориҷаи ин се кишвар дар шаҳри Душанбе дар авохири моҳи марти соли 2008 дар ин замина тавофуқи ниҳоӣ низ ҳосил шуд, вале ин тарҳ то кунун иҷро нашудааст.
Ду сол қабл мақомоти Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон эълом карда буданд, ки пахши барномаҳои консертию рақсӣ, пӯшиши муҷриҳо ва наҳваи сармоягузорӣ дар шабакаи ҷадид, аз мавзӯъоти мавриди баҳси тарафҳо дар заминаи иҷрои ин тарҳи муштарак аст. Вале Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар тобистони соли гузашта гуфта буд, ки ойинномаи ин телевизиюни муштарак аз муддатҳо қабл таҳия ва барои баррасӣ ба давлатҳои ин се кишвар ироа шудааст, вале сарнавишти ин тарҳ то кунун норӯшан аст.
Чанд рӯз қабл оқои Шеърдӯст эълом кард, ки Наврӯзи кишварҳои форсизабон дар соли ҷорӣ дар шаҳри Шероз баргузор хоҳад шуд ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ин ҷашн ба Эрон даъват шудааст. Ба ин хотир дар ҷараёни дидори рӯзи чаҳоршанбеи муъовини раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Эрон бо вазири фарҳанги Тоҷикистон, тасмим шудааст, ки барномаҳои ҷашни Наврӯз дар Шероз аз тариқи телевизиюни давлатии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1669-qnime-az-ironiyon-dar-borai-tojikiston-ittilo-dorandq.html