ИБРОЗИ ХУРСАНДИИ НАТО АЗ РАВАНДИ АМАЛИЁТ
Мақомҳои НАТО бахши аввали амалиёти "Муштарак"- ро дар берун рондани Толибон аз ду бахши вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон муваффақиятомез донистаанд. Охирин гузоришҳо аз Ҳилманд ҳокӣ аст, ки ҳудуди бист шӯришӣ ва дастикам ду тан аз сарбозони НАТО ё Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ дар ин амалиёт кушта шудаанд. Яке аз ин қурбониён як сарбози бритониёӣ будааст. Ҷузъиёти сарбози дигари НАТО ҳанӯз мунташир нашудааст.
Мақомҳои афғон низ аз натиҷаи амалиёт ибрози ризоят карда ва мегӯянд ҳафтод дарсади минтақаи Морҷаро аз вуҷуди Толибон пок кардаанд. Дар ҳамин ҳол НАТО эълом кардааст, ки се сарбози омрикоии таҳти фармондеҳии ин созмон дар Афғонистон кушта шуда, аммо дар ин эъломия мушаххас нашудааст, ки ин сарбозон дар амалиёти Ҳилманд кушта шудаанд ё дар маҳалли дигаре. НАТО дар эъломия гуфта ин се сарбоз дар инфиҷори бумби канори ҷодаӣ кушта шудаанд аммо маҳалли дақиқи онро мушаххас накардааст.
Амалиёти Ҳилманд, ки аз он ба унвони "амалиёти муштарак" ёд мешавад бо ширкати 10 ҳазор сарбози байналмиллалӣ ва афғон бомдоди шанбеи 13 феврал дар маркази вилояти Ҳилманд оғоз шуд. Ин амалиёт аз ҳимояти густардаи нерӯи ҳавоии таҳти фармондеҳии НАТО бархурдор аст. Илова бар нерӯҳои афғон чаҳор ҳазор нерӯи омрикоӣ, чаҳор ҳазор нерӯи бритониёӣ ва теъдоде сарбози конодоӣ, донморкӣ ва эстуниёӣ низ дар ин амалиёт ширкат доранд.
Гордон Браун, нахуствазири Бритониё ин амалиётро сутуд ва онро гоми муҳиме барои ҷалби ҳимояти мардуми Афғонистон донист. Ӯ аз "нақши истисноии артиши Бритониё" дар ин амалиёт тамҷид кард. Як мақоми омрикоӣ дар Вошингтон ба Би-би-сӣ гуфт аҳдофи рӯзи аввали ин амалиёт бо ҳадди ақалли талафот ва хушунатҳо муҳаққақ шудааст.
Аммо хабаргузориҳо гузориш кардаанд даргириҳои парокандае дар нуқоти мухталифи Морҷа бо Толибон дар ҷараён аст. Довуди Аҳмадӣ, сухангӯи волии Ҳилманд ба Би-би-сӣ гуфт: "(Дар ин амалиёт) панҷ тан аз афроди душман то ҳол (11:30 субҳ ба вақти маҳаллӣ) кушта ва ҳашт тани дигар дастгир шудаанд."
Оқои Аҳмадӣ афзуд: "13 марказ дар марҳалаи аввали амалиёт (аз шӯришиён) бозпас гирифта шуд ва таҳти кунтрул аст. Амалиёт ба хубӣ ба пеш меравад." Сухангӯи волии Ҳилманд ҳамчунин гуфт, ки то ҳол ба нерӯҳои афғон ва байналмиллалӣ осебе нарасидааст.
Ин амалиёт бузургтарин амалиёти нерӯҳои НАТО аз соли 2001 мелодӣ то ҳол дар Афғонистон алайҳи шӯришиён хонда шудааст. Нерӯҳои НАТО ҳадаф аз ин амалиётро берун рондани шӯришиён аз минтақа ва густариши ҳокимияти давлат дар он ҷо хондаанд. Ин амалиёт аз минтақаи Морҷа дар маркази вилояти Ҳилманд оғоз шудааст ва гуфта шуда, ки то моҳҳо идома хоҳад ёфт.
Морҷа минтақае дар маркази вилояти Ҳилманд аст, ки аз муддатҳо пеш таҳти кунтрули Толибон будааст. Ин минтақа аз лиҳози низомӣ истротежик шумурда мешавад ва ҳамчунин яке аз бузургтарин марокизи тавлиди маврди мухаддир дар вилояти Ҳилманд аст.
Нерӯҳои НАТО гуфтаанд, ки маводи мухаддири тавлидшуда дар минтақаи Морҷа бахше аз даромади молии шӯришиёро таъмин мекунад. НАТО ҳамчунин дар эъломияе гуфтааст: "Шӯришиёне, ки пешниҳоди давлати Афғонистон барои пайвастан ба раванди сиёсиро намепазиранд, бо иқдомоти густардаи низомӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд."
Ахиран давлати Афғонистон тарҳи гуфтугӯ бо Толибонро дар нишасти Ландан (28 январ) матраҳ кард ва ҳимояти байналмиллалиро барои оғози ин тарҳ ба даст овард. Аммо Толибон то ҳол посухи мусбате мабнӣ ба ин тарҳ надодаанд.
Коршиносон мегӯянд оғози амалиёти Ҳилманд, ки артиш ва пулиси Афғонистон дар он нақши калидӣ доранд, то ҳудуди зиёде барои ин созмондиҳӣ шудааст, то ситезаҷӯёни Толибон ҳозир ба гуфтугӯ шаванд. Бар асоси як эъломияи НАТО "амалиёти муштарак" дар Морҷа бо ширкати сарбозони артиш ва пулиси Афғонистон, низомиёни омрикоӣ, бритониёӣ, донморкӣ, конодоӣ ва эстуниёӣ ба роҳ андохта шудааст.
Бархе аз сарони қавмӣ дар минтақа гуфтаанд, ки Толибон роҳҳоро мингузорӣ кардаанд то монеъи вуруди нерӯҳои афғон ва байналмиллалӣ ба минтақа шаванд. Аз суи дигар онҳо мегӯянд ин минҳо монеъи хуруҷи сокинони минтақа аз хонаҳояшон шудааст. Аммо нерӯҳои НАТО дар эъломияи худ таъкид кардаанд, ки тадобиреро рӯи даст гирифтаанд, то аз талафоти ғайринизомиён ҷилавгирӣ шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1749-2010-02-14-14-37-06.html