01:36:23 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИДОМАИ ЭЪТИРОЗИ ШАБОНА БА НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ ЭРОН

 

Гузоришҳо аз Теҳрон ва бархе аз шаҳрҳои дигари Эрон ҳокист, ки муътаризон ба натиҷаи интихоботи ин кишвар, ҷумъашаб ба пушти бомҳо рафтаанд ва монанди шабҳои гузашта эътирози худро бо гуфтани "Оллоҳу акбар" эълом кардаанд. Ба гузориши ҷумаъшаби "Қалам нюз" сойти расмии ситоди Мирҳусейни Мусавӣ, "Оллоҳу акбарҳои ёрони Мирҳусейн, барои ҳафтумин шаби мутаволӣ ҳар маҳалла ва шаҳри Эронро фаро гирифтааст."

Ин сойт менависад аз онҷо ки намодҳои марбут ба Мирҳусейн Мусавӣ ин рӯзҳо тавассути дигарон ҳам ба кор гирифта мешаванд, ҳаводорони у " Барои он ки маънои Оллоҳу акбаршон қалб нашавад, миёни зикри Оллоҳ ва акбар шиъор медиҳанд: Ё Ҳусейн-Мирҳусейн."

Идомаи ин эътирозҳо дар ҳолест, ки Оятуллоҳ Алии Хоменаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ чанд соъат пештар дар намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, ки номзадҳои интихоботӣ ва ҳаводорони онҳо бояд эътирози худро аз тариқи Шурои нигаҳбон дунбол кунанд ва ба эътирозоти хиёбонӣ поён диҳанд. 

Аммо Оятуллоҳ Алии Хоменаӣ ишорае ба эътирози шабона аз пушти бомҳо накард. 
Бо ин ҳол интишори хабари идомаи эътирози ҳаводорони оқои Мусавӣ ба "Иҷҳофи ошкор дар ҳаққашон" дар сойти расмии ситоди оқои Мусавӣ, пас аз таъкиди Оятуллоҳ Хоменаӣ бар ин ки тақаллуби густарда дар интихобот мумкин набудааст, муҳим таллақӣ шудааст.

Дар ин ҳол маҷмаъи руҳониюни муборизи Теҳрон ҳам як рӯз пештар барои асри рӯзи шанбе дархости муҷаввизи раҳпаймоӣ аз майдони Инқилоби Теҳрон карда буд, ки ба гуфтаи устондори Теҳрон бо он мухолифат шудааст. 

Бо ин ҳол ҳануз хабаре аз лағви ин раҳпаймоӣ мунташир нашуда ва охирин матлабе ки бар руйи сойти расмии маҷмаъ қарор дорад, хабари марбут ба ҳамин дархост аст.

Маҳдудиятҳои иртиботии густарда, имкони дарёфти иттилоъоти мувассақ аз Эронро душвор кардааст.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi