12:04:01 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/10_'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/10_'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/10_'

БАРНОМАИ СӮЗОНДАНИ ҚУРЪОН БА ҲОЛАТИ “ТАЪЛИҚ” ДАРОМАД

Терӣ Ҷунз кашиши калисои кучаке дар иёлати Флуридо, ки хостори сӯзондани Қуръон дар нуҳумин солгарди ҳамалоти 11 сентябр шуда буд, ин барномаро ба ҳолати таълиқ даровардааст. Ин дар ҳолест, ки пештар дар як конфронси хабарии муштарак дар шаҳри Кинзуел дар канори яке аз руҳониёни иёлати Флуридо ба номи Имом Муҳаммади Мисрӣ эълом карда буд, ки аз тасмимаш сарфи назар кардааст.

 

Оқои Ҷунз дар тавзеҳи далели тағйир дар мавзеъи худ гуфта буд, ки имоми маркази исломии Ню-Йурк мувофиқат кардааст, ки маркази фарҳангӣ ва масҷиди мавриди назари худро дар наздикии маҳалли ҳамалоти 11 сентябр эҳдос накунад. Аммо Файз Абдурауф, имом масҷиди Ню-Йурк соъате пас аз интишори ин хабар онро рад кард ва гуфт, ки дар бораи мавзӯъҳои динӣ ҳозир ба мубодила нест. Вай ҳамчунин гуфт, ки бо вай дар ин бора суҳбате нашуда ва хабари мувофиқаташ бо мулоқоти кашиш Ҷунз дар рӯзи шанбе дар Ню-йуркро таъйид накард.

 

Дар пайи ин изҳорот, кашиш Ҷунз бори дигар дар баробари хабарнигорон зоҳир шуд ва эълом кард, ки Имом Муҳаммади Мисрӣ ба ӯ дурӯғ гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ “мо дар ҳолати билотаклифӣ қарор дорем ва бояд мавзеъи худро мавриди бознигарӣ қарор диҳем.”

 

Имом Муҳаммади Мисрӣ, раиси ҷомеъаи исломии Флуридои Марказӣ ба хабаргузории “Ассошиейтед пресс” гуфтааст ҳанӯз ҳеҷ тавофуқе ҳосил нашуда ва ӯ фақат пешниҳод карда буд, ки нишасте бо ҳузури Терӣ Ҷунз ва имоми маркази исломии Ню-Йурк баргузор кунад. Тери Ҷунз зимни радди ин назар гуфтааст, ки қарор буда маҳалли эҳдоси масҷиди Ню-йурк тағйир кунад.

 

Вай ҳамчунин гуфт, ки эҳтимолан рӯзи шанбе ба Ню-Йурк меравад ва бо имоми маркази исломии Ню-Йурк мулоқот мекунад. Тарҳи қуръонсӯзии Терӣ Ҷунз бо маҳкумияти васеъе дар саросари ҷаҳон рӯбарӯ шуд. Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, бо маҳкум кардани ин барнома ҳушдор дод заминасози пайвастани афроди зиёде ба шабакаҳои теруристӣ хоҳад шуд.

 

Женерол Девид Петриус , фармондеҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон, низ нисбат ба табаъоти сӯзондани Қуръон ҳушдор дод. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Омрико, рӯзи панҷшанбе бо Терӣ Ҷунз тамос гирифт ва хостори таҷдиди назари ӯ шуд. Илова бар ин бархе масъулини пулиси федерол низ бо вай дидор карданд.

 

Дунолд Тромп, молики яке аз бузургтарин ширкатҳои сохтмонсозии Омрико пешниҳод дода барои хотимаи ин моҷаро маҳалли ин маркази исломиро бо 25 дарсад болои қимат харидорӣ кунад. Вай гуфта дар муқобили ҷомеъаи исломии Ню-Йурк бояд қавл диҳад Маркази исломии худро аз наздикии маҳалли бурҷҳои дуқулу мунтақил кунад ва ҳадди ақал панҷ хиёбон дуртар биравад.

 

Маҳалли кунунии ин марказ ду хиёбон бо маҳалли ҳаводиси 11 сентябр фосила дорад. Мухолифон мегӯянд бинои ин марказ дар наздикии бурҷҳои дуқулу “иҳонат” ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса аст, ки нуҳ сол пеш рух дод.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ