11:59:48 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/19_election_258'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/19_election_258'

ИНТИХОБОТИ ПОРЛУМОНИИ АФҒОНИСТОН РАСМАН ПОЁН ЁФТ

Интихоботи порулмонии Афғонистон дар миёни авҷе аз нооромиҳо ва амалоти ҳамалоти гурӯҳҳои шӯришӣ соати чаҳори аср ба вақти маҳаллӣ ба поён расид. Ин раъйгирӣ бо ҳузури беш аз ду ҳазору панҷсад номзад барои интихоби 249 узви Маҷлиси Намояндагон таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор гардид. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯйи кумиссиюни интихоботи Афғонистон дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ гуфт, ки раъйгирӣ дар саросари кишвар раъси соъати чаҳори аср расман ба поён расид.

 

Ӯ аммо афзуд, ки танҳо ба таври истисноӣ афроде, ки дар суфуфи раъйдиҳандагон дар марокизи раъйгирӣ мунтазири рехтани орои худ дар сандуқҳо ҳастанд, фурсати раъй дода шудааст. Фазл Аҳмад Маънавӣ, раиси Кумиссиюни интихобот дар нишасти матбуъотӣ ба муносибати поёни раъйгирӣ эълом кард, ки 92 дарсад аз марокизи раъйгирӣ ба рӯйи раъйдиҳандагон боз будааст вале дар бораи ҳашт дарсад аз марокизи дигар иттилоъи дақиқе дар даст нест.

 

Қарор буд беш аз панҷ ҳазору 800 маркази раъйгирӣ дар саросари Афғонистон боз бошад. 1019 маркази раъйгирӣ пеш аз ин ба далели ноамнӣ масдуд эълом шуда буд. Ҳанӯз дар мавриди мизони мушорикати раъйдиҳандагон омори расмӣ вуҷуд надорад, аммо гуфта мешавад, ки дар шуморе аз вилоятҳои ноамни Афғонистон мизони мушорикат чандон боло набудааст. Шуморе аз манотиқи ҷануб ва шарқ ва ҳамчунон вилояти Майдон-Вардак дар марказ шомили ин манотиқ аст.

 

Дар бархе аз вилоятҳо, монанди Кобул, Ҳирот, Балх ва Бомиён мизони мушорикати раъйдиҳандагон нисбатан боло будааст. Дар ин вилоятҳо аз ҳузури густардаи занон дар марокизи раъйгирӣ ҳам гузориш шудааст. Ҳудуди дувоздаҳ милюн раъйдиҳанда барои ширкат дар раъйгирӣ сабти ном карда буданд, аммо Созмони Милал эълом кардааст, ки агар панҷ то ҳафт милюн раъйдиҳанда дар интихобот ширкат кунанд, муваффақият маҳсуб мешавад.

 

Бурузи ноамнӣ, ки боъиси кушта шудани дастикам чаҳордаҳ тан ва захмӣ шудани чандин нафари дигар шуд, аз мушкилоти умда бар сари роҳи баргузории ин интихобот буд. Чандин маркази раъйгирӣ дар вилоятҳои шимолӣ, аз ҷумла Бағлон, Қундуз ва Балх ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор гирифт ва дастикам аз 18 ҳодисаи хушунатомез дар Қандаҳор ҳам гузориш шуд. Нангарҳор дар шарқ ва Кобул, пойтахт ҳам шоҳиди ҳамалоти мушакии Толибон будааст.

 

Ҳарчанд пеш аз сесад ҳазор маъмури амниятӣ дар саросари кишвар барои таъмини интихобот ба ҳолати омодабош даромаданд, аммо шӯришиён дар мавориде тавонистанд, ки ба бархе аҳдоф ҳамла кунанд. Гурӯҳи Толибон муддаъӣ шудааст, ки ҳудуди 150 мавриди ҳамла дар саросари кишварро созмон додаанд.

 

Таъхир дар гушоиши шуморе аз марокизи раъйгирӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон боъиси интиқодҳои густардае шуд. Аз ҷумла дар вулусволии Қарабоғ дар Ғазнӣ гуфта шуда, ки то наздикии зуҳр маводди интихоботӣ ба марокизи раъйгирӣ нарасида буданд.Дар бархе марокизи раъйгирӣ дар Ғазнӣ ва шумсоре аз вилоятҳои дигар, аз ҷумла, Самангон камбуди баргаҳои раъй маҳсус будааст. Шуморе аз номзадҳо ва нозирон онро ба "суимудирияти" мудирони кумисссиюни интихобот нисбат додаанд.

 

Дар мавориде аз забти баргаҳои "ҷаълии" раъй низ гузориш шуда ва Аҳмад Зиё Рафъат, сухангӯйи кумиссиюни шикояти интихоботӣ таъйид карда, ки шикоятҳое дар ин замина ба ин кумиссиюн расидааст. Мақомҳои кумиссиюни шикояти интихоботӣ таъйид кардаанд, ки даҳҳо шикояти интихоботиро аз саросари кишвар дар иртибот бо масоили марбут ба интихобот дарёфт карда ва онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

 

Дар ҳамин ҳол, масъулони кумиссиюни интихобот гуфтаанд, ки мавзеъи худро дар хусуси ин шикоятҳо ва интиқодҳо дар нишасти матбуъотӣ дар дақоиқе пас аз поёни комили раъйгирӣ эълом хоҳанд кард. Натоиҷи аввалияи интихобот ду ҳафтаи дигар эълом хоҳад шуд ва натоиҷи ниҳоии он пас аз баррасии шикоятҳои эҳтимолии интихоботӣ, як то яку ним моҳ баъд эълом хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3151-2010-09-19-06-12-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854