ИЗҲОРОТИ ҶАНҶОЛИИ АҲМАДИНАЖОД ДАР СММ
Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфта "аксарияти мардуми Амрико ва миллатҳову сиёсатмадорон бар ин боваранд", ки ҳамалоти 11 сентябр "тавассути бахшҳое аз давлати Амрико" анҷом шудааст. Вай қисмате аз суханронии рӯзи панҷшанбеи худ дар мақарри ин созмон дар Ню-Йуркро ба "колбадшикофии" ҳамалоти 11 сентябри 2001 дар Амрико ихтисос дод. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт се назария дар бораи чигунагии вуқуъи ҳамалоте, ки ҳудуди се ҳазор кушта бар ҷой гузошт ва Амрико шабакаи Алқоъидаро масъули он медонад, вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт, ки бар асоси як назария он ҳамалот "тавассути бахшҳое аз давлати Амрико ва барои эҷоди тағйир дар раванди нузули иқтисоди Амрико ва баргумоштаи ӯ бар Ховари Миёна ва ҳамчунин наҷоти режими саҳюнистӣ анҷом шудааст. Аксарияти мардуми Амрико ва миллатҳо ва сиёсатмадорон бар ин боваранд."
Диплумотҳои Амрико ва шумори дигаре аз диплумотҳои кишварҳои ғарбӣ ба нишонаи эътироз ба ин иттиҳом, солуни суханрониро тарк карданд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар идома пешниҳод кард, "Созмони Милал дар бораи 11 сентябр як гурӯҳи ҳақиқатёби мустақил таъйин намояд то баъдҳо иддае изҳори назар дар бораи онро мамнуъ накунанд."
Сино Алинажод, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Ню-Йурк мегӯяд, ки зуҳри панҷшанбе теъдоде аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Эрон дар порки муқобили мақарри Созмони Милали Муттаҳид ҷамъ шуда ва алайҳи сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ню-Йурк эътироз карданд.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, пурҷамъияттарин гурӯҳи муътаризони гурӯҳи Созмони Муҷоҳидони Халқ буд ва теъдоде аз чеҳраҳои саршинос, аз ҷумла Рудӣ Ҷулиёнӣ, шаҳрдрори собиқи Ню-Йурк ва Ҷон Бултун, сафири пешини Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ба даъвати муҷоҳидин дар таҷаммуъи онҳо ҳозир ва дар интиқод аз ҳукумати Эрон суханронӣ карданд.
Раиси ҷумҳури Эрон дар нутқи худ ҳамчунон эъломи омодагӣ кард, ки Эрон соли оянда мизбони конфронсе дар бораи баррасии шинохти теруризм ва роҳҳои муқобила бо он бошад. Ин дар ҳолест, ки давлати Амрико Эронро яке аз бузургтарин давлатҳои ҳомии теруризм медонад. Мақомҳои Эрон борҳо чунин иттиҳомеро беасос донистаанд.
Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин аз мавзеъи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дифоъ кард. Ӯ гуфт Эрон ҳамвора омодаи гуфтугӯи атомӣ бо қудратҳои бузург бар асоси "эҳтиром ва адолат" буда ва таъкид кард: "Равишҳои мубтанӣ бар беэҳтиромӣ ба миллатҳо, муддатҳост, ки коромадии худро аз даст додааст."
Вай авзуд: "Ба онон ки дар баробари мантиқи рӯшани миллати Эрон аз таҳдид ва таҳрим истифода карданд дарвоқеъ боқимондаи ҳайсияти Шӯрои Амният ва эътимоди миллатҳо ба ин ниҳоди муҳимро қурбонӣ ва ноодилона будани он шӯроро як бори дигар исбот карданд."
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид то кунун чаҳор қатъномаи таҳримӣ алайҳи барномаи атомии Эрон вазъ карда, ки дар онҳо хоҳони таълиқи барномаи ғанисозии Эрон шудааст.
Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин тавофуқи атомии Теҳрон, ки дар моҳи июн бо миёнҷигарии Бразил ва Туркия ба даст омад ва Ғарб онро рад кард, муътабар донист. Ӯ гуфт ин тарҳ табодули сӯхти атомӣ "гарчи бо бадахлоқи ва қатънома ғайриқонунӣ мувоҷеҳ шуд, лекин ҳамчунон муътабар аст."
Дар ҳамин робита, Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Амрико, панҷшанбе дар нутқи худ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бар омодагии кишвараш барои музокираи чандҷониба бо Эрон таъкид кард. Ӯ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеъаи байналмилалӣ дар пайи ҳаллу фасли ихтилофот бо Эрон аст ва агар Эрон тамоюл дошта бошад, дари диплумосӣ ҳамчунон ба рӯйи Эрон боз аст.
Борок Убомо таъкид кард, ки роҳи ҳалли диплумотик машрут ба ин аст, ки Эрон таъаҳҳуди "равшану муътабари" худ нисбат ба сулҳомез будани мақосиди ҳастаии худро собит кунад. Эрон ин итиҳомро, ки дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст, беасос медонад.
Раиси ҷумҳурии Эрон дар суханронии худ бахусус аз сохтори назми ҷаҳонӣ интиқод кард ва иллати "нотавонии" Созмони Милали Муттаҳидро "сохтори ноодилонаи" он донист. Вай монанди гузашта аз рафтори Исроил бо фаластиниҳо интиқод кард ва гуфт: "Ба далели адами таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи мардуми Фаластин ҳамаи роҳҳо ба шикаст меанҷомад."
Ҳузури оқои Аҳмадинажод дар Ню-Йурк бо эътирози эрониёне мувоҷеҳ шудааст, ки ӯро ба тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии хурдоди соли 1388 ва нақзи густардаи ҳуқуқи башар муттаҳам кардаанд. Вай ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд дар ҷараёни вақоеъи соли гузашта бо иғтишошгарон бархурди қонунӣ шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3202-2010-09-24-11-09-52.html