ИНТИХОБОТИ ҚИРҒИЗИСТОН: УМЕД ВА НИГАРОНИҲО
Манзур аз интихоботи Қиризистон оғози марҳалаи ҷадид барои ин кишвар аст, аммо таҳавулоти ахир рӯи он соя афгандааст. Раъйдиҳандагон ба пойи сандуқҳои раъй мераванд то порлумони қудратмандеро интихоб кунанд, ки ҷойгузин ва поёндиҳандаи низоми ҳукумати худкома бошад. Аммо онҳо ин корро танҳо пас аз чаҳор моҳи хушунатҳои қавмӣ анҷом медиҳанд, ки ба ин кишвари фақир ва дорои суботи осебпазири Осиёи Миёна садама ворид кард.
Беш аз 400 нафар дар ин хушунатҳо кушта шуд ва болиғ бар 2000 хона тахриб шуд. Даҳҳо ҳазор нафар ба сурати муваққат хонаҳои худро тарк карданд ва эҳтимолан ҳанӯз бархе ба хонаҳои худ барнагаштаанд. Бадтар аз он хушунат миёни аксарияти қавмии қирғиз ва ақаллияти қавмии ӯзбак фазои беэътимодӣ ва бимро ба мерос гузоштааст.
Ва чунин вазъ саволеро матраҳ мекунад, ки агар бисёре аз мардум тамоюл барои раъй додан надошта бошанд, то кадом андоза порлумони нав аз мардум намояндагӣ хоҳад кард. Муҳаммадҷон, яке аз ӯзбактаборони сокини шаҳри Ӯш, ки ин шаҳр зарбаи асосии хушунатҳоро дидааст, мегӯяд майл надорад дар интихобот ширкат кунад.
Ӯ афзуд: "Хонаи ман тахриб шудааст, ман мушкилоти дигаре дорам, ки бояд ҳал кунам. Ӯзбакҳо эҳсосоти мутафовите доранд. Онҳо аз интихоботи порлумонӣ чизе тоза ё мусбатро интизор нестанд."
Эрика Марат, коршиноси донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Иёлоти Муттаҳида ки худ аз шаҳри Ӯш аст омадааст, мегӯяд, чунин эҳсосот дар миёни ҳамаи ӯзбакҳо вуҷуд дорад: "Шумори зиёде аз ҷамъияти аққалияти ӯзбак шояд аслан раъй надиҳанд, зеро онҳо ҳеҷ ҳизберо намебинанд, ки аз манофеъашон намояндагӣ кунад."
Хонуми Марат меафзояд: "Бо назардошти мушкилоти ҷанбии раванди демукротик раъй надодани ин афрод имконпазир аст."
Хушунатҳои моҳи июн рӯи корзори интихоботӣ низ асар гузошт; дар ин корзор эҳсосоти миллатгароёна намоён шуд. Баъзе аз аҳзоб шиъори "аввал барои қирғизҳо" - ро матраҳ карданд ва ин бимро ба вуҷуд оварданд, ки эҳтимолан як порлумони шадидан миллатгаро рӯи кор хоҳад омад ва талошҳо барои барқарории эътимод миёни ақвоми мухталифро тазъиф хоҳад кард.
Учқун, як сокини қирғизтабори Ӯш пас аз он ки нооромиҳо фаъолиятҳои тиҷоратии ӯро ба ҳам зад, ба Бишкек омадааст. Ӯ мегӯяд: "Ман фикр намекунам, ки миллатгароён бояд ба қудрат бирасанд. Ман ҳанӯз ҳам дар миёни ӯзбакҳо дӯстони зиёд дорам, Мо панҷ хонаводаи ӯзбакро дар рӯзҳои хушунат дар ҳавлии худамон пинҳон кардем. Ман фикр намекунам, ки мо бо ӯзбакҳо бояд душманӣ дошта дошем, мо ҳамеша бо ҳам зиндагӣ кардаем."
Саволи матраҳ ин аст, ки оё интихобот метавонад нуқтаи оғози баргашт ба зиндагии мусолиматомез бошад. Пол Марфи, намояндаи созмони Ҷаҳони амн, як созмони ғайридавлатии фаъол барои ҷилавгирӣ аз низоъ аст, ки дар Осиёи Миёна фаъолият мекунад. Ӯ мегӯяд ин раъйгирӣ метавонад гоми муҳим дар ҷиҳати баргашт ба зиндагии мусолиматомез бошад.
Ӯ мегӯяд: "Қирғизистон дар ҳоли таҳаммули садамоте аст, ки хостгоҳи онҳо бофти мутафовити иҷтимоъии ин кишвар аст. Қирғизистон кишваре аст бо ҷамъияти чандҳуввиятӣ, сарфи назар аз ин ки афрод аз ҷануб ё шимол ҳастанд, шаҳрнишин ё рустоӣ ҳастанд, аз гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ ё қабилаӣ ҳастанд. Ба назари ман дар ин марҳала ҳамаи ин ҳуввиятҳои мухталиф бояд ҷузъе аз роҳи ҳалл бошанд, ки ин интихобот ва порлумони ҷадид бояд дар ҳалли ин ихтилоф нақши муҳим анҷом диҳанд."
Интихоботи Қирғизистон ҳамчунин талоше аст барои дурӣ ҷустан аз гузаштае бо ҳукумати худкома. Пас аз тағйири қонуни асосӣ дар моҳи июн акнун интизор меравад порлумони қавӣ ва бо шумори бештаре аз намояндагон интихоб шавад. Интихоботи порлумонии Қирғизистон барои Осиёи Миёна, ки дар он ҷо идораи президентҳои худкома амри маъмул аст, навъе озмоиши сиёсӣ аст.
Аммо ин бори нахуст нест, ки дар Қирғизистон алайҳи худкомагии раиси ҷумҳур бармехезанд. Панҷ соли пеш низ дар Қирғизистон раиси ҷумҳурро дар эътирозоти хушунатомез барканор карданд. аммо дар пайи он Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури худкомаи дигар қудратро дар дасти худ қабза кард.
Ӯ дар эътирозоти бештар аз пеш хушунатбор дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз қудрат барканор шуд ва ҳамакнун бисёре аз соҳибназарон дар мавриди ин ки ин талоши тоза барои интиқоли қудрат аз як низом ба низоми дигар муассир хоҳад буд, тардид доранд.
Син Робертс, пурфесури масоили тавсеъаи байналмиллалӣ дар донишгоҳи Ҷурҷ Вошангтун мегӯяд, қонуни асосии ҷадиди Қирғизистон имкони тамаркузи қудрат дар дасти як ҳизб дар порлумонро маҳдуд месозад ва аҳзоби мухолифро тақвият мекунад. аммо ҳамаи ин бояд дар амал мавриди озмоиш қарор бигирад.
Ӯ меафзояд: "Дар теӯрӣ ин низом порлумонро ба андозаи қобили мулоҳиза қудратманд месозад. Ин низоме аст, ки манзураш эҷоди иҷмоъ (консенсус) дар порлумон аст. Албатта хатари асосӣ ин аст, ки агар иҷмоъ ҳосил нашавад, бунбасти сиёсӣ ба вуҷуд меояд."
Аммо саволи дигар ин аст, ки оё аҳзобе, ки дар интихобот раъй набурдаанд, шикасти худро қабул хоҳанд кард, ё дар пайи эҷоди ҳарҷу марҷ хоҳанд шуд. Пруфесур Робертс мӯътақид аст, ки пешинаи панҷ соли пеш нишон медиҳад, афроди шикастхурда ба хиёбонҳо рехтаанд то садояшон шунида шавад.
Ӯ меафзояд: "Ҳатто агар раъйдиҳӣ камтар ё бештар озод ва мунсифона бошад, ин бадон маънӣ нахоҳад буд, ки бархе аз аҳзоб, ки натавонистаанд дар полумон садояшон шунида шавад, ба хиёбон нахоҳанд омад. Ин фишорсанҷи асосие хоҳад буд барои ташхиси ин ки Қирғизистон дар оянда ба кадом су ҳаракат мекунад."
Ҳамсоягони Қирғизистон ва қудратҳои асосии дорои манофеъи истротежик дар ин кишвар, аз қабили Русия ва Омрико вазъро таҳти назар доранд. Бими он меравад, ки ҳукумати заъиф, эътирозоти тозаи хиёбонӣ ё бурузи баъдии хушунатҳои қавмӣ метавонад тамомии минтақаро бесубот созад.
Минтақаи ноороми ҷануби Қирғизистон масири асосии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон аст. Ҳамчунин нигарониҳое ҳам вуҷуд дорад, ки агар халои сиёсӣ пур нашавад, пайкорҷӯёни исломӣ метавонанд аз ҳузури худ дар ин минтақа дарак бидиҳанд. Ҷон Маклеод, коршиноси пажуҳишгоҳи Ҷанг ва сулҳ мегӯяд чизе беш аз ҳама ҳамсоягони Қирғизистон мехоҳанд дар ин кишвар бошад, низоми собите аст, ки бишавад бо он кор кард.
Ӯ меафзояд имкони ин ки пайкорҷӯён аз бесуботӣ дар Қирғизистон истифода хоҳанд кард, як амри воқеъӣ аст: "Мутмаъинан ин хатар вуҷуд дорад, ки агар ҳараҷу мараҷ ҳукмфармо шавад, гурӯҳҳои нуҳуфтаи исломӣ дар минтақа ва яқинан бархе аз онҳо дар ҷануби Қирғизистон, дар водии Фарғонаи Ӯзбакистон ва манотиқи куҳистонии Тоҷикистон вуҷуд доранд, аз вазъ истифода хоҳанд кард ва бештар фаъол хоҳанд шуд."
Чунин вазъ эҳтимолан мояи нигаронии Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд, ки аз фурудгоҳе асосӣ дар ҳумаи Бишкек, пойтахт ба унвони маркази тронзити сарбозон ва тадорукоти мавриди зарурат барои амалиёт дар Афғонистон истифода мекунад.
Русия низ, ки дар ин кишвар пойгоҳи низомӣ дорад ва Осиёи Миёнаро бештар минтақаи нуфузи худ медонад, нисбат ба чунин вазъ бетафовут нахоҳад буд. Президент Медведев пештар дар бораи муассир будани низоми ҷадиди порлумонӣ дар Қирғизистон изҳори тардид карда буд. Ирина Звягелская, коршиноси Маркази мутолиъоти истротежик ва сиёсӣ дар Русия мегӯяд далели тардиди оқои Медведев чандпорча будани ҷомеъаи Қирғизистон ва адами вуҷуди низоми чандҳизбии муносиб дар ин кишвар аст.
Ӯ меафзояд: "Ин аҳзоб дар бисёре маворид ҳизби як раҳбар ҳастанд, онҳо барномаҳои воқеъӣ барои рушди кишвар надоранд, балки мунъакискунандаи манофеъи маҳалгароёна ё қабилаӣ ё манофеъи дигар ҳастанд, ки наметавонад манофеъи миллиро инъикос кунад. Ҳеҷ кас намедонад агар ҳамаи ин нерӯҳо ё бархе аз онҳо вориди порлумон шуданд, чӣ иттифоқ хоҳад уфтод."
Бадин тартиб шакку тардидҳои кофӣ дар мавриди талоши дигари Қирғизистон барои пероябандии ҷадиди худ вуҷуд дорад. Ва кори қонугузорони ҷадиди кишвар хоҳад буд, ки собит кунанд шубҳакунандагон ҳақбаҷониб набудаанд.
Ҷоҳаннес Делл, сардабири бахши Осиёи Миёнаи Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3319-2010-10-10-17-27-33.html