21:30:12 02-уми Июни 2025 сол

ШАМОЛИ АМРИКО ВА НАХЛИ БЕНҒОЗӢ

«Дар хуни ҳукуматҳои мамолики худкомаи араб диктатура бо нефт ворид шудааст.То вақте, ки нафт ҳаст, ҳокимияти як шахс ва диктотур ҳукмрон хоҳад буд. Зеро араби дар кушки барҳавои кондисионердор ва дар пеш хони пур аз анвои ғизо ба инқилоб ҳавас надорад».

 

libiya_protestИн суханони яке аз муфассирони собиқ телевизиони Қоҳира-Мурсал Ҳаддод 5 сол пеш гуфта шуда бошанд ҳам, имрӯз воқеияту моҳияти навро пайдо кардаанд. Албатта нафт «мавод»-и муҳими таркиби девори диктатура аст. Имрӯз Уго Чавес ва 6 нафар яккашоҳони мамлакатҳои араб курсии ҳукмрониро бо нафт нигоҳ медоранд. Президенти ИМА Борак Обама алҳол шабу рӯз даст бар набзи вазъи сиёсии мамлакатҳои араб дорад.Вай дирӯз дар Ийолоти Калифорния вазъи мамолики исёнгари арабро «шамоли озодӣ» номид.

 

Ва пешгӯӣ кард, ки наслҳои баъдӣ аз ин ҷунбиш баҳраи бештаре мебардоранд. Бояд тазаккур дод, ки ИМА дигар ба куштору ваҳшиёнати Муаммар Қаззофӣ тоқат карда наметавонанд. ИМА аз хуқуки «ҳомии демократияи ҷаҳонӣ доштаашон истифода намуда,ба Либия ворид кардани нерӯҳои низомиро роҳи ягонаи наҷоти мардуми Либия медонанд. Алҳол қариб якуним миллион нафар аҳолӣ дар ҳолати наздик ба вартаи фалокати башарӣ қарор доранд.Сиёсатшиноси маъруф Давлати Усмон дар як нишаст хеле хуб арз кард, ки Либия бе дахолати дигар давлатҳо инқилобашро ба пирӯзӣ мерасонад. Зеро барои ин Муаммар Қаззофӣ шароит муҳайё кардааст.

 

Бояд тазаккур дод, ки воқеаҳои Тунис, Миср, Баҳрайн ва Либия шӯҳратзинаи Борак Обамро боло бардошт. Ӯ нисбат Ба Роналд Рейган, Ҷорҷ Бушҳо нисбат ба ҳукуматҳои дарозумр эҳтиёткорона бархӯрд намуда, кӯшиш мекунад, ки таназзулу шикасташон аз дохили ин кишварҳо сар занад. Файласуфе хуб фармудааст: «Ҳукумат мисли зани зебост, ки бо мурури вақт дилкашию зебогиашро аз даст медиҳад». Имрӯз бе дахолати Амрико ва НАТО дар диктатураи давлатҳои Куба, Венесуэла, Баҳрайн, Туркия, Куриёи шимолӣ «кирми курсихӯр» ҷо гирифтааст.

 

Бе «шамоли озодӣ» нахли демократияи араб намеҷунбад. Муҳимаш шамол дар баробари курсии режимҳо арзишҳои бузурги инсониро руфта набарад. Баъзан чунин шамолҳо риштаи умри садҳо инсонҳоро низ мекананд. Аз ин рӯ президенти ИМА дар мавриди Миср хеле фаҳмо ва оянданазар гуфт, ки бо Миср алоқаҳоро кандан лозим нест. Муҳимаш дар силсилаинқилобҳо манфиати геополитикии абарқудратҳо аз мадди назар дур нашавад.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4599-shamoli-amriko-va-nakhli-benghozi.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854