20:09:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЗОҲУРОТ ДАР ТЕҲРОН ВА ЧАНД ШАҲРИ ДИГАР

Теҳрон рӯзи панҷшанбе ҳамзамон бо чиҳилуми шуморе аз қурбониёни хушунатҳои пас аз интихобот, шоҳиди як таҷаммуъи бузург дар "Биҳишти Заҳро" ва ҳамзамон эътирозоти пароканда, аммо густарда дар сатҳи шаҳр будааст. Бархе гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аз баргузории таҷаммуъоти эътирозомез дар бархе дигар аз шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла Исфаҳон ва Рашт аст.

Дар Теҳрон ба ғайр аз "Биҳишти Заҳро", ки шоҳиди таҷаммуъи ҳадди ақал чандин ҳазор нафар бар мазори Нидо Оқосултон, аз қурбониёни хушунатҳо буд, муътаризон дар нуқоти мухталифи бахшҳои марказӣ ва шимолии шаҳр дар дастаҳои кучактар ба сар додани шиъор пардохтанд. Бисёре аз муътаризон қасд доштанд дар мусалои бузурги Теҳрон дар бузургроҳи Рисолат барои куштаҳо азодорӣ кунанд, аммо бо бархурди нерӯи зиддишӯриш рӯбарӯ шуданд ва ба ҳамин далел эътирозоти пароканда ба хиёбонҳои атроф ё ҳатто нуқоти дуртар чун майдони Валиаср кашида шуд.

Пулиси зиддишӯриш асри панҷшанбе дар гӯристони "Биҳишти Заҳро" ва ҳамчунин дар хиёбонҳои марказии Теҳрон бо муътаризон даргир шуд ва барои пароканда кардани онҳо аз ботум ва гози ашковар истифода кард.

Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ барои бузургдошти ёди кушташудагони ҳаводиси ахири Теҳрон ҳудуди соъати чаҳори баъд аз зуҳр дар "Биҳишти Заҳро" ҳузур ёфтанд, аммо маъмурони пулис барои онҳо маҳдудият эҷод карданд ва бо азодорон даргир шуданд.

Ба илова модар ва бародари Суҳроби Аъробӣ, аз дигар қурбониёни хушунатҳои пас аз интихобот, бар сари мазори Нидо Оқосултон ҳозир шуданд ва дар боби "мазлумият"-и куштаҳо сухан гуфтанд. Ҳазорон тан аз муътаризон ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки қасд доштанд дар мусалои Теҳрон гирди ҳам оянд, бо бархурди садҳо нерӯи пулиси зиддишӯриш рӯбарӯ шуданд, ки бо истифода аз ботум ва гози ашковар ба пароканда кардани ҷамъият пардохтанд. 

Пас аз ин бархурд муътаризон дар навоҳии атроф пароканда шуданд ва видиюҳое, ки дар ин рӯз тавассути шаҳрвандон хусусӣ гирифта ва мунташир шуда, нишон медиҳад, ки ба далели ҳамин парокандагӣ, муътаризон дар бисёре маворид аз газанди нерӯҳои амниятӣ дар амон мондаанд.

Гузоришҳое аз вуқӯъи таҷаммуъҳои эътирозӣ дар майдони Ванак, хиёбони Биҳиштӣ, хиёбони Ҳофизи Шимолӣ, хиёбони Валиаср, хиёбони Зартушт ва хиёбони Фотимӣ мунташир шудааст.

Видиюҳое, ки дар тӯли панҷшанбешаб батадриҷ дар вебсойти "Ютуб" қарор дода шуд, ҳокӣ аз шиъорҳои тунди бархе аз тазоҳуркунандагон алайҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва писари ӯ Муҷтабо Хоманаӣ буд. Дар ин видиюҳо шиъорҳои "Марг бар Хоманаӣ", "Хоманаӣ қотил аст, вилояташ ботил аст" ва "Муҷтабо бимирӣ, раҳбариро набинӣ" шунида мешавад.

Аммо шиъори "Марг бар диктотур" ва "Ғазо ғазост имрӯз, эронии боғайрат соҳибғазост имрӯз" беш аз ҳар шиъори дигаре дар таҷаммуъоти ин рӯз шунида шуд. "Истиқлоли озодӣ, ҷумҳурии эронӣ" шиъори дигаре буд, ки барои аввалин бор дар ҷараёни эътирозоти пас аз интихобот шунида шуд.

Муътаризон дар веблогҳо ва ҳамчунин бо истифода аз имейлҳои умумии мавсум ба "туитр" аз роҳпаймоӣ ва таҷаммуъоти эътирозӣ дар бархе аз шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Аҳвоз, Рашт, Исфаҳон ва Шероз хабар медиҳанд. Видиюҳои мутаъаддиде аз роҳпаймоии эътирозии мардум дар Рашт, Аҳвоз ва Исфаҳон мунташир шудааст.

Шоҳидони айнӣ дар гуфтугӯ бо маҷаллаи омрикоии "Тойм" роҳпаймоӣ дар ин се шаҳрро таъйид кардаанд. Як шоҳиди айнӣ дар Теҳрон ба хабаргузории Руйтерз гуфт: "Пулиси зиддишӯришро дидам, ки баъзе аз тазоҳуркунандагон дар хиёбони Аббосободро дастгир кард. Онҳо ҳамчунин шишаи мошинҳоеро, ки ронандагони онҳо ба нишонаи ҳимоят аз Мусавӣ буқ мезаданд, шикастанд. Дар бархе хиёбонҳо утумубилҳо роҳро банд оварда ва мусофирон бо пиёда шудан аз утумубил шиъорҳое эътироозӣ сар медоданд.

Пештар шоҳидони айнӣ, ки дар "Биҳишти Заҳро" ҳозир буданд, гуфтанд, ки оқои Мусавӣ кӯшид, ки бар сари мазори Нидо Оқосултон, духтари ҷавоне, ки дар ҷараёни эътирозоти рӯзи 30 хурдоди Теҳрон кушта шуд, ҳузур ёбад, аммо маъмурони пулиси зиддишӯриш оқои Мусавиро иҳота карданд ва дар ҳоле ки садҳо тан аз азодорон шиъори "Ё Ҳусейн, Мирҳусейн" сар медоданд, ӯро ба утумубил бозгардонданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, гурӯҳе аз азодорон утумубили оқои Мусавиро иҳота карданд ва кӯшиданд монеъ аз рафтани оқои Мусавӣ шаванд, аммо маъмурони пулис базӯр роҳро боз карданд, то утумубил аз маҳал дур шавад.

Осушиейтед пресс ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш медиҳад, ки пас аз он ки Мусавӣ маҷбур ба тарки маҳалл шуд, ҷамъият дар атрофи мазори Нидо Оқосултон ба чандин ҳазор нафар афзоиш ёфт. Бино ба ин гузориш, ҳамлаи пулис ба ҷамъият замоне шурӯъ шуд, ки Меҳдии Каррубӣ саъй кард бар сари мазори Нидо суханронӣ кунад. Оқои Каррубӣ дар пайи ҳамла маҷбур ба тарки маҳал шуд ва ба навиштаи вебсойтҳои ҳаводорони мухолифон, чандин нафар аз ёрони ӯ кутак хурданд.

Ба гузориши Осушиейтед пресс, ҳатто пас аз ин даргирӣ ҳазорон нафар аз азодорон ҳамчунон ба сӯйи мазори Нидо Оқосултон сарозер шуданд. Шоҳидони айнӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтаанд, ки иддае аз азодорон ба сӯйи гурӯҳе аз маъмурони пулис, ки Меҳдии Каррубиро муҳосира карда буданд, санг партоб карданд.

Саҳом нюз, вебсойти расмии Ҳизби Эътимоди Миллӣ (ҳизби оқои Каррубӣ) таъйид кардааст, ки ҳам оқои Каррубӣ ва ҳам оқои Мусавӣ тавонистаанд лаҳазоте бар сари мазори Нидо Оқосултон таваққуф кунанд ва фотеҳа бихонанд.

Дар видиюе, ки аз маросим дар сойти Ютуб мунташир шуда, шиъорҳое ҳамчун "Натарсед, натарсед, мо ҳама бо ҳам ҳастем" ва "Марг бар диктотур" шунида мешавад. Хабаргузории Фаронса ба нақл аз шоҳидони айнӣ навиштааст, ки пулис бо ботум ва камарбанд бо азодорон бархурд кардааст.

Ба гузориши "Кампайни байналмилалии ҳуқуқи башар дар Эрон" Ҳоҷар Рустамии Мутлақ, модари Нидо Оқосултон, ки қаблан қасди худ барои рафтан ба мазори духтараш дар рӯзи чиҳилуми ӯро эълом карда буд, чаҳоршанбешаб ба далоили номушаххас гуфт, ки ӯ ва хонаводааш барномаи худ барои рафтан ба "Биҳишти Заҳро"-ро лағв кардаанд. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз фишор бар хонаводаи Оқосултон барои худдорӣ аз баргузории ин маросим дар "Биҳишти Заҳро" будааст. Ба гуфтаи "Кампайни байналмилали ҳуқуқи башар" модари Нидо, ки ҳар панҷшанбе дар маҳалли қатли ӯ шамъ рӯшан мекунад, ин рӯзро дар порке дар наздикии манзилашон шамъ рӯшан кард ва ба азо нишаст. Пештар вакили Маҳноз Муҳаммадӣ, мустанадсози эронӣ аз боздошти ӯ, Ҷаъфари Паноҳӣ ва Рухсора Қоиммақомӣ дар "Биҳишти Заҳро"-и Теҳрон хабар дода буд.

Хонум Муҳаммадӣ, оқои Паноҳӣ ва хонум Қоиммақомӣ субҳи панҷшанбе ба ҳамроҳи теъдоди дигаре аз филмсозон ва мустанадсозони эронӣ барои гузоштан гул бар мазори гузаштагони ҳаводиси ахир ба "Биҳишти Заҳро" рафта буданд.

Маросими рӯзи панҷшанбе дар "Биҳишти Заҳро" ба муносибати чиҳилумин рӯзи даргузашти касоне баргузор шуд, ки дар эътирозоти рӯзи 30 хурдод дар Теҳрон кушта шуданд.

Рӯзи 30 хурдод, як рӯз пас аз он ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар намози ҷумъа хостори поён ёфтани эътирозоти хиёбонӣ шуд, теъдод зиёде аз муътаризон ба натиҷаи даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар асари бархурди нерӯҳои низомӣ, интизом ва басиҷ кушта, маҷрӯҳ ё боздошт шуданд.

Мақомоти Эрон теъдоди кушташудагони ҳаводиси он рӯзҳои Теҳронро ҳудуди 30 нафар эълом карданд, аммо мухолифони давлат мегӯянд, теъдоди кушташудагон беш аз инҳо аст. Бархе аз масъулони низомӣ ва интизомии Эрон кушта шудани ин афродро ба "иғтишошгарон"нисбат додаанд, аммо мухолифон мегӯянд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯйи муътаризон тирандозӣ мекарданд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi