18:23:31 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АБДУЛЛОҲ СОЛЕҲ ДУБОРА БА ВАТАНАШ ҲАМЧУН РАИСИ ҶУМҲУР БАРНАХОҲАД ГАШТ?

Яманиҳо бо шунидани кӯчи иҷбории Абдуллоҳ Солиҳ- раиси ҷумҳури кишварашон-ба Арабистони Саъудӣ, ба хиёбонҳои шаҳрҳо рехтанд ва аввалин «натиҷа»-и тазоҳуроти беш аз чаҳормоҳаи ҷавонони кишварашонро бо рақсу суруд ва хушҳолиҳои идона ҷашн гирифтанд.

ali-abdullah-salehИн мардум чоруми июнро ҳамчун рӯзи пирӯзии инқилобгарон дар хотираҳои худ, чун нақш бар рӯи санг, сабт карданд. Яманиҳо баъд аз мардуми Тунису Миср саввумин президенти худкомаи кишварҳои арабиро аз тахти худ бурун кашиданд ва дирӯз пас аз эълом хурӯҷи Абдуллоҳ Солеҳ ва фирори ӯ ба Арабистон, ҳазорон  яманӣ бо рехтан ба хиёбонҳо ва изҳори шодмонӣ, шиъори озодӣ сар доданд.

Яманиҳо дар шиъорҳои худ таъкид карданд, ки Абдуллоҳ Солеҳ сарнагун шудааст. Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, Кумитаи созмондиҳии инқилоби ҷавонони мардумии Яман ба ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ, миллии ва қабилавии ин кишвар пешниҳод кардааст то ҳангоми баргузории интихобот, давлати интиқолӣ дар ин кишвар ташкил шавад.

Ин Кумита рӯзи гузашта дар майдони «Ат-тағйир»-и Санъо бо судури баёнияе таъкид кард: «Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки Абдуллоҳ Солеҳ- раисҷумҳур дар кишвар нест, бояд шӯрои муваққати риёсати ҷумҳурӣ ташкил шавад ва масъулияти идораи давраи интиқолӣ ба давлати босалоҳият ва тавоное вогузор шавад».

Ин Кумита ҳамчунин ташкили кумитаи миллӣ-интиқолии муташаккил аз ҷавонону намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, гурӯҳҳои миллӣ ва талош барои тадвини қонуни асосии навинеро хостор шуд. Дар ин баёния омадааст: «Қонуни асосии нави кишвар бояд хосторҳои расидан ба озодӣ, ҳифзи каромати инсонӣ ва зиндагии боиззатро барои мардум фароҳам кунад».

Ҳамзамон, Марвон Ал-Уд, сиёсатмадори яманӣ дар гуфтугӯ бо «Ал-Олам» гуфт: «Инқолоби Яман дар ҳассостарин мароҳили худ ба сар мебарад, аз ин рӯ мардум бояд ҳамчунон пойдорӣ кунанд ва то пирӯзии комил дар майдонҳо ҳузур дошта бошанд».

Ин сиёсатмадори яманӣ изҳор дошт: «Ҳанӯз барои шодмонӣ дар бораи пирӯзии инқилоб зуд аст, балки бояд мунтазир монд то пирӯзии комили инқилоб бирасад ва мардум ба ҳама хостаҳои худ даст ёбанд».

Вай хотирнишон кард: «Агар чӣ Абдуллоҳ Солеҳ акнун дар Арабистон аст, аммо режими ӯ ҳамчунон побарҷост».

Ба гузориш Форс, як манбаи пизишкии Саъудӣ ба хабаргузории Олмон эълом кард, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки ба Арабистони Саъудӣ фирор кард, рӯзи гузашта таҳти ду амали ҷарроҳӣ қарор гирифт. Кохи раёсат ҷумҳури Яман рӯзи ҷумъа дар иқдоми машкук (ки бархе онро  намоише аз тарафи давлати Солеҳ донистанд) ҳадафи исобати ракет-мушак қарор гирифт ва Солеҳ ба ҳамроҳи  шуморе дигар аз масъулони худ захмӣ шуд.

Солеҳ шанбешаб ба баҳонаи табобату дармон аз Яман фирор кард ва ба Арабистони Саъудӣ-панаҳгоҳи диктаторҳои фирорӣ рафт. Январи гузашта, Зайнулобиддин бен Алӣ, диктатори Тунис низ бо фирор аз кишвари худ ба домани мақомоти Саъудӣ паноҳанда шуда буд.

Бинобар эъломи ин манбаъ, аз он ҷо, ки Абдуллоҳ Солеҳ аз ноҳияи сина ва сурат-рӯяш- маҷрӯх шудааст, ҳамчунин таҳти ҷарроҳиҳои дигар аз ҷумла ҷарроҳии рӯяш (зебоӣ) низ қарор мегирад то осори ҷароҳат дар рӯй ва гарданаш пок шаванд.

Хабаргузории Олмон афзуд, ки манобеи огоҳ эълом карданд, ки Солеҳ акнун дар сохтмони мақомоти баландпоя дар бемористони низомии шаҳри ар-Риёз аст ва гузориши пизишки вай нишон  медиҳад, ки ӯ бо исобати таркиш дар синааш ҷароҳат бардоштааст ва дучори сӯхтагиҳое низ шудааст.

Манобеъи ин расона иддао кардаанд, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз беҳбудӣ, дар ҳудуди ду ҳафтаи дигар ба Санъо, пойтахти  Яман боз мегардад. Ҳамчунин хабаргузории Яман «САБА» ба нақл аз як мақоми масъул дар Яман эълом кард, ки хонаводаи Солеҳ ҳанӯз Яманро тарк накардааст ва фақат шуморе аз масъулон, Солеҳро ҳамроҳи кардаанд.

Аммо, пойгоҳии интернетии  шабакаи «Алҷазира», ба нақл аз манобеи худ, эълом кард: «Баъд аз хурӯҷӣ  Солеҳ бо ҳамроҳии чанд нафар аз аъзои ҳукуматаш, аз ҷумла Раиси парлумон ва чанд вазири дигар, як тайёра 24 нафар аз оилаи Солеҳро ба Саъудӣ расонид ва кӯчи иҷбории Солеҳ аъзои ҳукумат ва оилааш ба Арабистон нишоне аз завол ёфтани қурдати Солеҳро дар Яман унвон кард. Ин хабаргузорӣ манбаъ ба нақл аз манобеи огоҳи худ таъкид кард, Солеҳ  дубора ба ватанаш ҳамчун раисҷумҳур барнахоҳад гашт.

Дар пайи ҳадафи тир қарор гирифтани мақари риёсати ҷумҳурӣ дар Санъо, пойтахти Яман, нахуствазир, раиси порлумон ва чандин вазири давлати Яман захмӣ ва  чанде дигар аз наздикони Солеҳ бар асари ин ҳодиса кушта шуданд.

Аз сӯи дигар, афроди қабилаи Ҳошид ба раёсати Содиқ ал-Аҳмар, ки тайи рӯзҳои ахир даргириҳои шадиде бо нерӯҳои Абдуллоҳ Солеҳ дар Санъо-пойтахти Яман-доштанд, бо оташбаси як рӯза ва хурӯҷ аз сохтмонҳои умумӣ мувофиқат карданд.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi