10:40:34 01-уми Июли 2025 сол

ТОЛИБОН ГАРАВГОНҲОИ ФАРОНСАВИРО "МУБОДИЛА" КАРДАНД

Яке аз гаравгонҳои фаронсавӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе тавассути Толибон дар Афғонистон озод шуда, мегӯяд бовар дорад, ки раҳоии ӯ дар муқобили пул ва мубодилаи асирон будааст. Эрве Гесквер, ки як гузоришгари телевизиюнӣ аст, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳеҷ мадраке барои исботи ин иддаъои худ надорад.

 french_journalists_54545.jpg

Толибон гуфтаанд чанд нафар аз аъзояшон аз зиндон озод шудаанд. Аммо давлати Афғонистон ҳар навъ мубодилаи зиндониёнро бо Толибон рад кардааст. Давлати Фаронса низ гуфтааст барои озодии шаҳрвандонаш пуле надодааст. Оқои Гесквер ва филмбардори ӯ Истефон Тапуния, ҳамроҳ бо мутарҷимашон, Ризодин, дар декабри 2009 дар манотиқи кӯҳистонии шимол-шарқи Афғонистон рабуда шудаанд.

Мақомҳои фаронсавӣ то кунун дар бораи иллати озодии ин гаравгонҳо пас аз 18 моҳ сукут кардаанд, аммо оқои Гесквер мегӯяд, ки ба Толибон қавли "пул ва озодии ҳадди ақал ду зиндонӣ дода шуда буд." Вай ба Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ гуфт: "Ман ҳеҷ мадраке барои исбот надорам. Расман ҳеҷ боҷе дар кор набудааст. Аммо албатта дар муқобили шукулот ҳам набудааст"

Ӯ афзуд гаравгонгирҳо ҳаргиз далели рабудани онҳоро нагуфтанд, аммо "аз ибтидо рӯшан буд", ки ба дунболи мубодила буданд. Оқои Гесквер гуфт, ки зинда будани онҳо нишон медиҳад, ки сервиси махфии Фаронса музокироти бисёр тӯлонӣ ва муваффақиятомезе бо Толибон доштааст.

Вай афзуд, ки пас аз 15 июн дигар дар як хона маҳбус набуданд ва Толибон онҳоро ба амокини мухталифе мунтақил карда ва бо ибрози хушбинӣ мегуфтанд, ки иттифоқоте барои озодии онҳо дар ҷараён аст.

Дар ҳамин робита имейле аз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, аз сухангӯёни Толибон, ба расонаҳо ирсол шуда, ки дар он Толибон мегӯянд, ки дар қиболи озодии ин ду рӯзноманигори фаронсавӣ "асирони Толибон озод шудаанд... ва ба хости худо муҷоҳидини дар банд ба хона бозмегарданд."

Ҳавопаймои ҳомили Эрме Гесквер ва Истефон Топуния рӯзи панҷшанбе дар як пойгоҳи нерӯи ҳавоии Фаронса дар наздикии Порис ба замин нишаст ва онҳо мавриди истиқболи Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳурӣ, қарор гирифтанд.

Дар апрели 2010 Толибон бо нашри як клипи видиюӣ аз ин ду рӯзноманигори фаронсавӣ, эълом карданд, ки онҳҳо феҳристе аз зиндониёни Толибонро ба мақомоти фаронсавӣ дода ва мехоҳанд, ки онҳо дар қиболи ин ду рӯзноманигор озод шаванд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ