ПЕЧИДАГИҲОИ ҚАЗИЯИ РАИСИ ПЕШИНИ СБП
Қазияи иттиҳоми таҷовуз алайҳи Доменик Стросс-Кан, раиси пешини СБП акнун гардиши такондиҳандаеро дар пешорӯ дорад. Дар ҳоле, ки раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул (CБП) Доменик Стросс-Кан мехост бо васиқа аз зиндон озодаш кунанд, матбуот хабар дод, ки додситони қазияи то рафт эътимодро ба мустаҳкам будани иттиҳоми таҷовуз аз даст медиҳад.
ПЕЧИДАГИҲОИ ҚАЗИЯИ СТРОСС-КАН
Стросс-Кан, ки моҳи май ба таҷовуз алайҳи хизматгори як меҳмонхона дар Ню-Йорк муттаҳам аст, тайи ду ҳафтаи ахир ба додгоҳ даъват нашуд. Ҳузури рӯзи ҷумъаи Сросс-Кан дар додгоҳ ба хотири тақозои озодӣ бо васиқа аз зиндон буд. Ин дақиқан дар марҳилае ҷараён мегирад, ки гуфта мешавад бинобар шакку шубҳа ба дурустии иддаои ҷабрдида, қазияи таҷовуз алайҳи Стросс-Кан шояд суқут кунад.
Вакилони ӯ мехоҳанд, ки фарди зерҳимояи онҳо бо пешниҳоди замони берун нарафтан аз шаҳр аз ҳабси хонагӣ озод шавад. Қарори мусбати додгоҳ дар робита ба Доменик Страсс-Кан ба маъноест, ки шакку шубҳа дар мавриди эҳтимоли фирори ӯ бардошта ва назорати пулис аз рӯи ҳаракатҳои ӯ низ лағв мешаванд. Озодии Стросс-Кан аз ҳабси хонагӣ бар ивази замонатпулии 6 миллион доллар дарёфт мешавад.
Акнун ҳоло ҳама чиз ба қарори додгоҳ марбут шудааст. Қарори мусбати додгоҳ далели рӯшане хоҳад буд, ки додситонӣ ба воқеъияти қазияи таҷовуз ба номуси хизматгори меҳмонхона шубҳа доранд.
ШАККУ ГУМОНҲО ДАР БОРАИ ДАЪВОИ ҶОНИБАЙН
Бино ба навиштаи нашрияи Ню Йорк Таймс, додситонҳо ба дурустии даъвои таҷовузи хонуми 32-сола аз тарафи бонкдори 62-сола ба таври афзоянда машкук шудаанд. Мақомоти ҳифзи тартибот ба таври хусусӣ ба нашрия гуфтаанд, додситонҳо ошкор кардаанд, ки ин духтар дурӯғ мегӯяд ва акнун онҳо ба бахши умдаи суханони ӯ, чӣ дар бораи худаш ва чӣ дар бораи ҳодисаи ҳуҷум дар меҳмонхона бовар надоранд.
Ба гуфти манобеи "Ню Йорк Таймс", эҳтимолан духтари даъвогар бо афроди ҷиноятпеша, бо шумули нашъафурӯшон ва пулшӯйҳо робита дорад. Ин равобит ҳамчунин навори сӯҳбатеро дар бар мегирад, як рӯз баъд аз ҳуҷуми эҳтимолӣ дар меҳмонхона бо шахсе дар маҳбас анҷом шудааст ва дар сӯҳбат суде, ки пайгирии қазияи Стросс-Кан ба бор меорад, матраҳ будааст.
Мақомот ҳамчунин ба таври хусусӣ ба Ню Йорк Таймс гуфтаанд, як нуктаи дигар низ машкук аст, ки марди маҳбус дар байни афродест, ки дар ду соли ахир ҳудудан 100 ҳазор долларро ба ҳисоби бонкии ин зан рехтаанд.
Ҳарчанд ин гумонҳо парвандаи таҷовузро мустақиман хароб намекунанд, аммо аммо шаку тардиди ҷиддиеро ба бор овардааст, ки оё эътибори шоҳид то андозае ҳаст, ки битавонад ҳайъати мунсифаро ба дурустии сухани худ мутақоид созад. Тими вакилони банкдор гуфтаанд, ки дар хати ҳимояи Стросс-Кан масъалаи эътибори шоҳидро дар марказ қарор хоҳанд дод.
ОЯНДАИ НОРӮШАНӢ РАИСИ ПЕШИНИ СБП
Танҳо чизе, ки рӯшан боқӣ мемонад ин аст, ки навъе бархӯрди ҷинсӣ иттифоқ афтодааст. Дар ҳоле, ки қурбонии эҳтимолӣ мегӯяд ин равобити ҷинсии иҷборӣ буд, вакилони Стросс Кан мегӯянд, ҳеҷ далел вуҷуд надорад, ки ин равобит иҷборӣ буд ё бо розигии ду тараф.
Аммо ҳар қадар, ки парванда муғлақ мешавад, ба ҳамон андоза сарнавишти ояндаи Доменик Стросс-Кан, ки аз раҳбарии Сандуқи байналмилалии пул сабукдӯш шудааст, муғлақ ба назар мерасад. Муҳимтар аз ин, иштироки ӯ дар интихоботи президентии соли ояндаи Фаронса, ҳамчун номзади Ҳизби сотсиалист низ акнун номумкин шудааст.
Соҷидаи Мирзо, «Озодӣ»