08:17:31 29-уми Апрели 2025 сол

МАККЕЙН: РУСИЯ МУМКИН АСТ САРНАВИШТИ ЛИБИЯРО ТАҶРИБА КУНАД

Ҷон Маккейн, номзади собиқи раёсатҷумҳури Амрико мӯътақид аст, ки баъд аз Миср ва Либия навбат ба Сурия ва ҳатто мумкин аст, Чину Русия бирасад ва ҳеҷ диктаторе дар амон нест.

/images/stories/2011/08/25_jon-mkkeyn_25.8.2011.jpgТибқи хабаргузории «Форс» ба нақл аз пойгоҳи хабарии интернетии «Россбалт», Ҷон Маккейн номзади собиқи раёсатҷумҳури Амрико мӯътақид аст, ки ҳаводиси ахир дар Либия бояд барои раҳбарони Сурия ба унвони як ҳушдори сиёсӣ шуда бошад.

Ин сенатори ҳизби ҷумҳурихоҳ аз иёлоти Аризонаи Амрико, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони «FoxNews» гуфтааст, ки: «Дар пайи Муаммар Қаззофӣ, Башор Асад ҳам сарнагун хоҳад шуд, баъд аз он ҳатто мумкин аст, навбат ба Чин ва Русия бирасад, дар ин кишварҳо ҳам авзоъ ноором аст. Мардум хоҳони озодӣ ҳастанд ва мо акнун шоҳиди озодии мардуми Либия ҳастем».

Маккейн мӯътақид аст, ки ҳар диктаторе дар ҳоли ҳозир бояд худро дар маърази хатар эҳсос кунад.

Вай даъвогар шуд: «Ҳатто алорағми ин ки дар кишварҳои арабӣ рехта шудани хуни мардуми ғайринизомӣ ҳамчунон идома дорад, замоне ин ҳаводис ба поён мерасад ва ояндаи беҳтаре дар интизори ҳамаи шаҳрвандони ин кишварҳо хоҳад буд, дар ғайри ин сурат онҳо имкони ошно шудан ба инро надоштанд, ки демократия ва озодӣ чист».

Ин сенатори амрикоӣ пеш аз ин ҳам гуфта буд, ки сарнавишти Ҳусни Муборак дар Миср бояд барои Владимир Путин, нахуствазири Русия дарси ибрат бошад.

Маккейн дар мусоҳиба бо шакабаи телевизиони «С.Б.С.»-и Амрико гуфта буд: «Ман фикр намекунам, ки ин инқилобҳо, маҳдуд ба минтақаи Ховари Миёна шавад. Ин бод ба масири худ ҳамчунон идома хоҳад дод ва агар ман ҷойи Владимир Путин будам, камтар то ин андоза эътимод ба нафс доштам».

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ