07:55:26 23-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

ҶАНГИ ҶАҲОНИИ СЕЮМ КАЙҲО ШУРӮЪ ШУДААСТ

Виктор Орёл, ru-an.info

Ҷанги сионизм бо тамоми ҷаҳон ҳеҷ вақт қатъ нашудааст, балки доимо миқёсан афзоиш ёфтааст. Ин ҷанг ҳазор сол боз идома дорад. Онҳо ҳоло кӯшиш доранд, ки тамоми сайёраро тарконанд. Бале, худи онҳо ҳам ҳалок мешаванд, вале онҳо зомбиянд ва аз мақсадашон даст кашида наметавонанд.

Либия мурд, оянда навбати кист?

/images/stories/2011/12/05_libya_kaddafi_51211.jpgДавоми бештар аз нӯҳ моҳ боз матбуоти ҷаҳонӣ ҷанги Либияро, ки шаби аз 16-ум ба 17-уми феврали соли 2011 оғоз шуду бо бераҳмони кушта шудани Қаззофӣ хотима ёфт (ҳарчанд он хотима наёфтааст ва нерӯҳои вафодор ба Қаззофии марҳум пайваста ба муваффақиятҳо ноил мешаванд), бо тарзу услубҳои гуногун муҳокима мекунад.

Онҳое, ки вусъати ин ҷиддиятро бо диққат мушоҳида мекарданд, медиданд, ки дар аксарияти ҳолатҳо проблемаҳои як кишвари том ба як шахсият -пешвои Либия Муаммар Қаззофӣ нисбат дода мешуд ва ӯро ба таври мухталиф муҳокима мекарданд. Ва албатта, тамоми ифлосиҳо чун ҳарвақта аз шакабаҳои телевизионии Амрико шурӯъ шуд.

Нигаред ба гузориши кӯтоҳи "АВС News":"Муаммар Қаззофӣ, ки фармони тир паррондан ба халқи худро додааст, мехоҳад дар филми экссентримӣ худро ҳамчун ситораи кино нишон диҳад. Дар назди камера бо чатр нишаста, вай гуфт, ки барои сӯҳбат бо эътирозгарон баромадааст, вале борон борида истодааст. Писари бодиянишини оддӣ имрӯз дар ҷаҳон яке аз одамони ғалатӣ ба ҳисоб меравад. Замоне вай ҷавон ва капитани олиҷаноби артиш буд, лекин имрӯз…".

Тибқӣ одат дар бораи одамони марҳум ё сухани хуб мегӯянд ва ё ҳеҷ чиз. Ҳатто кас намехоҳад сафсатаҳои журналистҳои фурӯхташуда ва беқавлу беэътиқоди амрикоиро тарҷума кунад, ки пешвои Либияро ҳамчун одами ақлгумкарда ва барои ҷамъият хатарнок ба қалам додаанд. Албатта, дар муқоиса бо ҳодисаи Ироқ ВАО-и амрикоӣ дар Либия баҳонае ёфта наметавонистанд ва аз ҳамин сабаб ба бадном кардани пешвои он пардохтанд. Охир сокинони Амрикоро ба он тайёр кардан лозим аст, ки бомбаборонкунии Либия беҳуда нест. Зеро "саги девона ва  васвосӣ"-ро бомбаборон мекунанд, ки ҳуқуқҳои инсонро поймол менамояд.

Қаззофӣ сиёсатмадори доно ва ҷасур, иқтисоддон ва роҳбари давлатии олиҷаноб буд. 20-уми октябр вай бо ҳаёт падруд гуфт ва дарҳол вориди таърих шуд, ҳамчун шахсе, ки метавонист лоиҳаи беназиреро таҳия ва ба ҳаёт татбиқ намояд, ки сокинони Либия ва ҳамчунин як қатор кишварҳои африқоиро ҳақиқатан озод ва мустақил мекард- новобаста ва мустақил аз доллар ва системаи молиявии ҷаҳонӣ.

Вале мо аз ин танҳо баъди марги Муаммар Қаззофӣ хабардор мешавем. Имрӯз мо бо моҳияти ин лоиҳа шинос мегардем. Ҳамчунин дар ин мақола сухан перомуни он меравад, ки лоиҳаро на исёнгарони аз тарафи СРУ харидашудаи Либия, балки "паханҳо"-и молиявии ҷаҳонӣ боздоштаанд ва онҳо ба ин мақсад хадамоти махсуси кишварҳои Ғарб ва НАТО-ро муқобили ин кишвар барангехтанд.

Барои пинҳон кардани сабабҳои аслии мудохилаи ҳарбӣ ба умури Либия ду фарзияи дурӯғин пешниҳод шудааст: фарзияи расмӣ-"Ҳимояи ҳуқуқи инсон", фарзияи ғайрирасмӣ -"кӯшиши кашида гирифтани нафт аз Қаззофӣ" Ҳар ду фарзия ҳам ба ҳақиқат рост намеоянд. Дар асл Муаммар Қаззофӣ хост кӯшиши генерал де Голлро такрор кунад- берун омадан аз минтақаи пули коғазӣ ва  баргашт ба пули тилло. Вай ба арзиши асосии ҷаҳони муосир -системаи бонкӣ қасд карда буд.

Давоми чанд сол Қаззофӣ барои ташкили давлати ягонаи африқоӣ бо аҳолии арабу зангӣ ва ташкили асъори ягонаи тилло -динори тилло кӯшиш ба харҷ медод. Албатта, сионистҳо барои ин кораш ӯро бахшида наметавонистанд… Муаммар Қаззофӣ ба механизми асосии ғуломдории ҷаҳонӣ -пулҳои коғазӣ қасд карда буд. Ва барои ана ҳамин Ротшилдҳо, Рокфеллерҳо, Морганҳо Либияро бомбаборон мекунанд.

Бӯҳрони охирини ҷаҳонии иқтисодӣ як қатор давлатҳоро маҷбур кард, ки масъалаи ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркунии байнидавлатиро бо тилло ба миён гузоранд. Чин сикказании юани тиллоро эълон кард, перомуни пули тилло дар Ховари Наздик ҳам изҳори андеша карданд. Ташаббускори асосии даст кашидан аз ҳисоббаробаркунӣ бо доллару евро пешвои Либия Муаммар Қаззофӣ буд. Вай аз олами арабу африқоӣ даъват ба амал овард, ки ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори ягона- динори тилло гузаранд. Полковник Қаззофӣ пешниҳод кард, ки дар ин базаи молиявӣ давлати ягонаи африқоӣ бо аҳолии 200 миллионаи арабу зангӣ ташкил шавад.

Идеяи ташкили асъори ягонаи тилло ва муттаҳид намудани кишварҳои Африқо ба ин давлати тавонои федеративӣ солҳои охир аз тарафи як қатор давлатҳои арабӣ ва қариб тамоми давлатҳои Африқо дастгирӣ ёфт. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва роҳбарияти Лигаи давлатҳои араб ба ин идея муқобил баромаданд.

Чунин ташаббусҳои Либия дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо хеле манфӣ арзёбӣ шуданд. Ба қавли раисҷумҳури Фаронса Саркозӣ "либиягиҳо ба амнияти молиявии башарият қасд карданд". Саркозии хоин кадом башариятро дар назар дошт? Албатта ҳамон 1 % элитаи ҷаҳониро, ки онҳоро аз аҳли башар, яъне одам ҳам гуфтан мумкин нест, зеро дар онҳо аз одамият танҳо пайкар боқӣ мондааст, ки онҳоро зоҳиран ба одам монанд мекунад.

Ин кадрҳоро аз омори расмӣ тамошо кунед ва худатон фикр намоед, ки дар ҳақиқат ба либиягиҳо инқилоб лозим буд?

Либия, ки ҳамагӣ чанде пеш кишвари хеле рушдкарда буд, бо музофоти нимвайронаву партов табдил меёбад. Наход ягон кас бовар кунад, ки халқи Либия ҳаминро мехост?

Имрӯз, вақте ки ҳодисаҳои характеран ба ҳам монанд дар як ҳалқа саф кашидаанд, бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳанӯз аз мудохилаи дуюми ҳарбии ғайриқонунӣ ба Ироқ шурӯъ шудааст. Вале аксарияти сиёсатмадорони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ин мудохилаи ҳарбиро чунин арзёбӣ намекарданд. Бисёриҳо бовар надоштанд, ки баъди чунин бадномии шармандаовар ИМА ба иқдоми навбатӣ даст мезанад. Охир корпоратсияҳои амрикоӣ сарватманд шуданд ва муддате ором мегиранд. Ҳеҷ кас интизор набуд, ки корҳо дар Афғонистону Ироқ ба итмом нарасида, идома ин қадар зуд оғоз мешавад. Лекин каме истед ва фикр кунед: марҳилаи якуми Ҷанги ҷаҳонии сеюм аллакай оғоз шудааст!

Гузориши "АВС News": "Миллат ҳоло ҳам бо Ироқу Афғонистон дар ҳолати ҷанг қарор дорад. ИМА ҷабҳаи сеюмро ифтитоҳ намуд ва боз як кишвари дигари мусулмонӣ -Либияро мушакборон мекунад. Эътилоф дар ҳайъати 21 кишвар кӯшиш доранд. Муаммар Қаззофиро, ки ба муқобили халқи худ ҷанг оғоз кардааст, боздоранд. Пеш аз ҳуҷум, алҳол маълум нест, ки ҳавопаймои Либияро кӣ зада афтондааст".

/images/stories/2011/12/05_libya_kaddafi_51211_2.jpgИнак, порае аз гузориши "FoxNews": "Нерӯҳои Қаззофӣ нерӯҳои исёнгаронро то ба мубориза ҳамроҳ шудани нерӯҳои байналмиллалӣ фурӯ нишонданд. Алҳол нерӯҳои оппозитсионӣ истодагарӣ мекунанд. Ҳавопаймои Либияро, ки бино ба изҳороти намояндагони нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса казармаҳои ҳарбии исёнгаронро дар Бенғозӣ бомбаборон кардан мехост, зада афтонданд. ИМА ба зарбаи мушакӣ зидди мавқеъҳои сипари зиддиҳавоии Либия омодагӣ мебинад".

Ҷанги ҷаҳонии сеюм оғоз шудааст ва вусъат пайдо мекунад. Маҳз чунин аст ақидаи "Взгляд". Баъзе сиёсатмадорон низ онро маъқул мешуморанд. Биёед ба ақидаи Жириновский гӯш медиҳем. Агар баъзе иштибоҳҳояшро ба ҳисоб нагирем, Жириновский дар маҷмӯъ хато намекунад. "Ҷанг аллакай идома дорад, вале алҳол тирборони кишварҳои Аврупои Шарқӣ бо усулҳои дигар роҳандозӣ шудааст: ғизоӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ ва иқлимӣ".

Тибқи пешгӯиҳои сиёсатшиносон ва низомиҳои ҳирфавии Русия, Украина, Белоруссия то ҷанги ИМА бо Русия на бештар аз чаҳор сол боқӣ мондааст. Лекин ман ақидаи онҳоро бо пуррагӣ қабул карда наметавонам. Зеро онҳо иқтисоддон нестанд. Агар доллар баъди ним сол фурӯ  резад, Амрико ба анҷом расидани лоиҳаҳоро дар Лаҳистон, Чехия ё ягон ҷойи дигар интизор намешавад. Зиреҳпӯшҳои сулҳофари СММ бо пиёдагардҳои баҳрии амрикоӣ дарҳол кӯчаҳои шаҳрҳои Украинаро пур мекунанд. Мумкин баъзе аз шумо русҳо, белорусҳо, баъзеи дигар украинҳо, чехҳо, булғорҳо ва ё намояндагони миллатҳои дигарро, ки дар ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд, дӯст надоранд. Аммо онҳое, ки дар ИМА зиндагӣ кардаанд ва зиндагӣ мекунанд, медонанд, ки барои амрикоиҳо ҳамаи мо рус ҳастем ва онҳо моро бад мебинанд. Тибқи нақшаҳои НАТО мо бояд пеш аз ҳама қир шавем.

Таърихро ба хотир меорем. Соли 1941, вақте ки Олмони фашистӣ қисми калони Аврупоро ишғол кард ва ба сарҳадҳои Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шуд, Сталин ҳатто фикр кардан ҳам намехост, ки душман метавонад ба хоки Шӯравӣ ҳамла орад. Худи Олмони фашистӣ ҳам барои ҳуҷум ба ИҶШС аз лиҳози шумораи техника тайёр набуд, вале ҳуҷум кард.

Танҳо баъди он, ки ҷаҳон аз марги Қаззофӣ хабардор шуд, сиёсатмадорон ҳушёр шуданд ва ба дарки сабабҳои аслии инқилоби Либия аниқтараш диверсияи навбатии ҳарбии НАТО дар Либия шурӯъ намуданд. Қаззофӣ, ки худро ба қурбонӣ дод, ҷаҳонро аз хатар ба башарият огоҳ кард, ки дар "Ваҳй" омадааст.

Агар Путин дар назар дошта бошад, ки бояд дар ҳаққи рӯҳи харобкунандагони ҷаҳон дуо хонанд ва онро ёд кунанд, эшон ин корро намекунанд. Онҳоро давоми ним аср барои он сангдил кардаанд, ки чӣ будани ин чизро фаромӯш кунанд. Сиёсатмадорони моро бошад, танҳо дуо хондану ибодат кардан боқӣ мондааст, агар дар дилашон қатрае эътиқод боқӣ монда бошад. Артишҳои Украина ва Русия дар ҳолати ҳузнангезтар аз артиши Либия қарор доранд. Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ қариб тамоман несту нобуд ва фурӯхта шудааст. Ба яроқу аслиҳаҳои навтарин, аз ҷумла нурҳои микромавҷӣ, псилотронӣ, силоҳи иқлимии ХААРП бо автомат муқобилият кардан мумкин нест ва ҳатто хандаовар мебошад.

Силоҳ ҳам лозим нест. Барои Ғарб кофист, ки фурӯши  маҳсулоти кишоварзиро ба Украина қатъ кунад ва мо барои буридаи нон ба ҷанги байни ҳамдигар шурӯъ менамоем.

Усулҳои муборизаи сиёсӣ дигар мешаванд. Азму ҷазми сӯиқасдчиёни ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ошкоротар мешавад. Барои чунин дигаргуниҳо усулҳои муборизаи идеологӣ, усулҳои журналистика тағйир меёбанд. Журналистҳои Ғарб ва аз ҳама бештар амрикоӣ доимо ба худ иҷозат медиҳанд, ки усулҳои анъанавии иъикоси одамон ва ҳодисаҳоро вайрон мекунанд. Аз ҳамин сабаб мехоҳам суол кунам: ба ВАО-и Ғарб кӣ иҷозат додааст, ки шахсиятҳо, нажодҳо, кишварҳо ва миллатҳоро таҳқир намоянд ва ин чӣ рафтор аст?

Наход тамоми ВАО-ро харида ва аз ҷумла тавассути пора ВАО-и кишварҳои Шарқро сӯиқасдчиёни ҷаҳонӣ гумон мекунанд, ки олам аз ҳақиқат бехабар мемонад? Мо, журналистҳои кишварҳои Аврупои Шарқӣ доир ба ташкили сипар зидди дурӯғу бӯҳтон ва далелҳои беасосу тасдиқнашуда ва таблиғоти фаҳши Ғарб қадамҳои нрахустин мегузорем.

Қаззофӣ -одаме, ки бисёр сиёсатмадорон-ҳамтоҳояш барҳақ шери биёбон меномиданд, ҳалок шуд. Вай патриоти кишвари худ буд, то охири ҳаёт мубориза бурд ва чун қаҳрамон ҷон дод. ВАО-и амрикоӣ хостанд ӯро хандахариш кунанд, лекин маълум шуд, ки фаъолияти ӯ ба хоҳишу ниёзҳои халқҳои арабу африқоӣ мувофиқ будааст. Назар кунед ба гузоришҳои ҳамкасбҳои руси мо, ки онҳоро дар ИМА, Англия ва ё Фаронса нишон доданашон дар гумон аст.

Маълум мешавад, ки як гурӯҳ ватанфурӯши аз тарафи хадамоти махсуси Ғарб тайёршуда ин бесарусомониро барои сарватғундорӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ташкил кардаанд. Исёнгарони аз режими Қаззофӣ норозиро бошад, бо нархи хеле арзон хариданд. Барои онҳо кофӣ буд додани "бозичаҳо"-и бепул, ба мисли "АКМ" ва ҳамчунин додани иҷозат ба қатлу ғорат, яғмогарӣ, таҷовуз ва айшу ишрат, ҳар тарзе, ки хоҳанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi