21:08:07 01-уми Июли 2025 сол

ТАЗОҲУРОТИ ГУСТАРДА ДАР МАСКАВ ВА ШАҲРҲОИ ДИГАРИ РУСИЯ

Тазоҳуроти густардае дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия дар эътироз ба натоиҷи интихоботи порлумонии ҳафтаи гузашта барпо шудааст. Тибқи гузоришҳо, шумори муътаризоне, ки дар майдони Болотнойи Маскав гирдиҳам омадаанд, аз 30 ҳазор фаротар рафта ва мардуми зиёде ҳамчунон ба сӯйи ин маҳал ҳаракат мекунанд.

/images/stories/2011/12/10_protest_moscow_101211.jpgБисёре аз муътаризон гулҳои сафед ё пуфакҳои сафед дар даст доранд. Муътаризон шиъорҳоеро монанди "Мо бо тақаллуботи интихоботӣ мухолифем!" ё "Раъйи моро дуздиданд"-ро низ ҳамл мекунанд. Мақомоти амниятии Маскав ҳушдор додаанд, ки тарокуми муътаризон бар болои пули Лужков дар канори майдони Болотной мумкин аст ба харобии он мунҷар шавад.

Бар фарози сари тазоҳуркунандагон дар майдони Болотной чархболи пулис дар гардиш аст. Дар бархе аз шаҳрҳои Русия маъмурони пулис теъдоде аз тазоҳуркунандагонро боздошт кардаанд. Тибқи иттилоъи манобеъи пулис, шумори боздоштшудагон дар шаҳрҳои мухталифи Русия камтар аз 50 нафар аст, ҳарчанд гуфта мешавад ҳудуди 40 нафар танҳо дар шаҳри Хабаровск дастгир шудаанд.

Гузоришҳое аз боздошти шумори зиёде аз муътаризон дар Сан-Питерзбург низ расидааст. Чанд нафар дар шаҳрҳои Чита, Иркутск ва Благовешенск низ боздошт шудаанд. Як сокини шаҳри Комсомолски Амур мегӯяд, ки маъмурони пулис теъдоди 50 нафарро ба идораи пулис бурдаанд ва худи ӯ низ аз ҷумлаи ин афрод будааст.

Мақомоти Русия тадобири амниятии шадидеро дар пойтахт ва шаҳрҳои дигар ба роҳ андохтаанд ва гуфта мешавад беш аз 50 ҳазор нерӯи пулис аз субҳи рӯзи шанбе дар Маскав ба ҳолати омодабош даромадаанд.

Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ дар Сан-Питерзбург, беш аз 1000 нафар аз муътаризон дар хиёбони Невскойи ин шаҳр роҳпаймоӣ мекунанд. Дар майдони "Пирӯзӣ"-и шаҳри Калининград низ тазоҳуроте барпо шуда, ки дар он ғолибан ҷавонон ширкат доранд. Мухолифони давлати Русия мегӯянд ин бузургтарин тазоҳурот тайи 20 соли ахир аст.

Дар интихоботи ҳафтаи гузашта ҳизби ҳокими "Русияи муттаҳид" ба раҳбарии Владимир Путин, нахуствазир, бо аксарияти ночизе тавонист пирӯз шавад. Дар ҷараёни эътирозоте, ки ҳафтаи гузашта дар мухолифат бо Владимир Путин сурат гирифт, садҳо нафар дастгир шуданд. Маҳалли ин эътирозҳо умдатан Маскав ва Сан-Питерзбург буд.

Мухолифон қаблан гуфта буданд, ки умедворанд 30 ҳазор нафар дар тазоҳуроти рӯзи шанбеи Маскав ширкат кунанд. Дониел Сонфурд, хабарнигори Би-би-сӣ дар ин шаҳр, мегӯяд агар ҷамъияте наздик ба ин рақам дар Маскав тазоҳурот кунад, султаи сиёсии дувоздаҳсолаи оқои Путин ба ларза хоҳад уфтод.

Натоиҷи расмии интихоботи порлумони (Думо)-и Русия ҳокӣ аз он буд, ки ҳизби "Русияи муттаҳид" ҳизби ҳоким, 49 дарсади орои умумиро ба даст оварда ва ҳизби кумунист бо 19 дарсад дувум шудааст. Ҳизби ҳокими "Русияи муттаҳид" дар ин интихобот ҳудуди ду севуми курсиҳои порлумонии худро аз даст дод, аммо ҳамчунон аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад.

Як шӯрои ҳуқуқи башар, ки барои мушовара додан ба Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, эҷод шуда, гуфтааст агар иттиҳомоти марбут ба анҷоми тақаллуби густарда дар интихоботи ҳафтаи гузашта собит шавад, бояд дубора интихобот баргузор кард.

Ин шӯро ихтиёри судури дастури баргузории муҷаддади интихоботро надорад, аммо гуфтааст, ки гузоришҳои мубтанӣ бар тақаллуб дар интихобот нигаронкунанда аст ва касоне, ки муртакиби чунин тақаллубе шудаанд, бояд мавриди пайгарди қонунӣ қарор бигиранд.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд хелеҳо муътақиданд, ки интихоботи ҳафтаи гузашта дуруст баргузор нашуда ва оқои Путин барои пирӯзӣ даст ба тақаллуб задааст. Ин эътиқод бо тасовири таҳияшуда бо телефунҳои ҳамроҳ ва низ ёддоштҳое, ки бар рӯйи шабакаҳои иҷтимоъӣ дар интернет қарор гирифт, пурранг шудааст.

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе Амрикоро муттаҳам кард, ки омили бурузи нооромиҳо ва эътирозоти пас аз интихоботи порлумонии ахир дар Русия будааст. Оқои Путин гуфт Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Амрико, бо ҷаввсозӣ баъзе аз фаъъолони мухолифро ба эътироз роҳнамоӣ кардааст. Нахуствазири Русия афзуд, ки Ҳилорӣ Клинтун бо интиқод аз интихоботи ахир дар Русия мухолифони Кремлинро ба эътироз ташвиқ кардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ