10:12:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ПОКИСТОН: ҶАНГИ БЕГОНА БО ТЕРРОР

-солҳои 1998-99 дабири кулли вилояти Панҷоби Покистон Шаҳбоз Шариф якчанд маротиба ҳукумати толибҳои Афғонистонро дар дастгирии террористҳо, аз ҷумла чунин шахсияти манфур Риёз Басра, ки дар Панҷоб амалҳои террористӣ анҷом додааст, муттаҳам кард. Ин айбдоркуниҳо дар асоси маълумотҳои разведка асоснок карда шудаанд. Маҳз солҳои 1990 зӯроварӣ дар заминаи динӣ дар Покистон ба авҷи олии худ расид.

Масоҷид ба иншоотҳои дигари шиаҳо мавриди ҳуҷум қарор гирифтанд. Терроризми имрӯзаи динӣ дар Покистон, аз ҷумла дар ин минтақа паҳн шудани сӯиқасдҳои террористҳои шаҳодатталаб кори дасти ҷунбиши суннимазҳабҳои "Дуобандӣ" мебошад, ки ба шиаҳои покистонӣ марг эълон кардааст. "Толибонизатсия"-и Покистон хеле пештар аз истилои Афғонистон аз тарафи НАТО оғоз шудааст ва ба покистониҳо маъқул аст ё не, ин маҳсулоти ватании онҳо мебошад.

Одилона мебуд агар гӯем, ки дар ин кор амрикоиҳо бегуноҳ нестанд. Вақте ки аввалҳои солҳои 90-ум толибҳо дар Афғонистон пайдо шуданд, баъзе консернҳои нафти амрикоӣ кӯшиданд ин кишварро бо кӯмаки онҳо ба субот дароранд. Баъди аз Афғонистон рафтани нерӯҳои шӯравӣ дар он ҷой ҷанги ҳақиқӣ байни гурӯҳҳои мусаллаҳи ба ҳам душман оғоз гардид.

Лекин нақши асосӣ дар мустаҳкамшавии нуфузи толибҳо дар ин кишвар ба ҳар ҳол ба худи Покистон тааллуқ дорад. Вай бо ҳамин роҳ хост нуфузи Ҳиндустонро дар Афғонистон коҳиш диҳад. Ҳиндустон бошад, Иттиҳоди Шимолро, ки ба толибҳо муқобилият мекард, маблағгузорӣ менамуд, толибҳоро бошад дар навбати худ Арабистони Саудӣ маблағгузорӣ мекард, то бо ҳамин роҳ нуфузи Эронро дар минтақа коҳиш диҳад.

Аҳмадшоҳи Масъуд ва Абдулрашид Дӯстум, ки аз тарафи ИМА дастгирӣ мешуданд, толиб набуданд ва ҳамчунин Гулбиддини Ҳикматёру Исмоилхон ҳам. Маълум, ки амрикоиҳо кӯшиш мекарданд, то бо гурӯҳҳои гуногуни афғонӣ ҳамкорӣ намоянд ва мехостанд онҳоро ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ шӯронанд (ва бемуваффақият ҳам не). Покистон бошад мекӯшид самараи "ғалабаҳо"-и бегонаро истифода барад ва Афғонистонро ба давлати думрави худ табдил диҳад. Зиё ул-Ҳақ ҳатто Афғонистонро иёлоти панҷуми Покистон номидааст.

Дар ҷанги соли 1971 байни Покистону Ҳиндустон Иттиҳоди Шӯравӣ ошкоро Ҳиндустонро тарафдорӣ кард ва аз ҳамин сабаб иштироки Покистон дар муқоивмати зиддишӯравии толибҳо як нав қасосгирӣ ҳам буд. Бунёдгароҳо, ки имрӯз ИМА-ро "шайтони калон" меноманд, ҳамон вақт Иттиҳоди Шӯравиро низ айнан ҳамин хел меномиданд. Захми шифонаёфтаи ҷанги соли 1971 ба Покистон иҷозат намедод, ки ба пайдо шудани ҳукумати лӯхтакмонанд дар Афғонистон роҳ диҳад, ки аз Маскав идора мешавад. Исломобод намехост байни ду оташ -аз як тараф Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз тарафи дигар Ҳиндустон бимонад. Маҳз ҳамин чиз Покистонро маҷбур кард, ки баъди инқилоби сари соли 1978 бо Афғонистон дар муқовимат қарор гирад. Маҳз ҳамон вақт Покистон ба дастгирии молиявӣ ва ҳарбии пинҳонкорони террористии исломӣ дар Афғонистон оғоз кард.

Ҳанӯз соли 1976 Бурҳониддин Раббонӣ ва Гулбиддин Ҳикматёр, ки дар Афғонистон ба танг омада буданд, дар Покистон паноҳгоҳ ёфтанд ва ҳатто мақоми расмии гурезаро гирифтанд. Моҳи июли соли 1979 ИМА барои дастгирии муҷоҳидон маблағи ночиз- ним миллион доллар ҷудо кард, ки онро раисҷумҳури ҳамонвақтаи Покистон Зиё ул-Ҳақ шӯхӣ номида буд. Танҳо миёнаҳои солҳои 80-ум ба Зиё ул-Ҳақ муяссар шуд маъмурияти Рейганро ба иштироки воқеӣ дар ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ва муттаҳидини афғонии он мӯътақид созад.

Ҳамин тариқ, ҳамон вақт ИМА Покистонро ба дастгирии бунёдгароҳои исломӣ ҷалб накардааст, балки баръакс Покистон амрикоиҳоро ҷалб намудааст. Ҳарчанд ҳамон вақт муҷоҳидини афғонистониро ғайр аз ИМА Чин, кишварҳои арабӣ ва Эрон ҳам дастгирӣ мекарданд, имрӯз аз иттифоқчии стратегии худ ранҷида, покистониҳо дар тамоми бадбахтиҳои худ, ки ба носуботии кишвар дар заминаи ҷангҳои динӣ алоқаманд аст, амрикоиҳоро гунаҳкор медонанд.

Ифротгароҳои диниро Покистон аз замонҳои хеле пеш барои ҳалли вазифаҳои сиёсии худ истифода мебарад. Ҳанӯз соли 1984 истиблишменти артиши Покистон созмони террористии "Лашкари тоиба"-ро ташкил дод, ки ба муҷоҳидони афғонистонӣ дар муборизаашон зидди Иттиҳоди Шӯравӣ кӯмак мекард. Замони зиддияти мусаллаҳи соли 1999 бо Ҳиндустон намояндагони қабилаҳои паштун ба ҳайъати қувваҳои мусаллаҳ дохил карда шуданд ва ин таҷриба соли 1971, замони ҷанг дар Бангладеш ҳам вуҷуд дошт.

Ҳанӯз замони ҷиҳоди Кашмир фармондеҳии ҳарбии Покистон контроли ин "ихтиёриҳо"-ро аз даст дода буд. Ҳарчанд вазифаашон қир кардани пайравони динҳои дигар буд, онҳо он қадар "худию бегона"-ро фарқ накарда, мусулмонҳоро ҳам бо майлу рағбат ғорат мекарданд ва мекуштанд. Имрӯз ҷунбиши "Толибон" ҳам айнан ҳамин хел аст. Ин ҷунбиш, ки аз тарафи артиш ва хадамоти махсуси Покистон созмон дода шудааст, аз таҳти контроли ташкилкунандагони худ баромад ва ҳоло мустақилона амал мекунад.

Имрӯз Покистон ИМА-ро бар он муттаҳам мекунад, ки маҳз вай кишварашонро ба бесарусомониҳои баъди аз Афғонситон рафтани шӯравӣ бавуҷудомада ҷалб кардааст. Умуман муносибатҳои байни Амрикову Покистон замони на он қадар хубро аз сар мегузаронанд. Покистон Амрикоро дар як вақт ҳам ба он гунаҳкор мекунад, ки нерӯҳояшро бармаҳал аз Афғонистон хориҷ карданист ва ҳамчунин бар он, ки ҳузури амрикоиҳо дар минтақа вазъиятро мураккаб мегардонад.

Нуқтаи назари Исломобод аз он иборат аст, ки баробари аз Афғонистон хориҷ шудани янкиҳо проблемаи терроризм худ аз худ ҳал мешавад. Вале ин нуқтаи назар ба мавқеи лидери созмони террористии дар боло номбаршудаи TNSM Сӯфӣ Муҳаммад он қадар мувофиқат намекунад. Вай бидуни истиҳола изҳор менамояд, ки мақсадаш дар Покистон барқарор кардани шариат бо кӯмаки нерӯи ҳарбӣ мебошад.

Покистониҳои "носипос", ки бо кӯмаки молиявию ҳарбии амрикоиҳо зиндагӣ мекунанд, таъкид доранд, ки онҳо ба манфиати ИМА бо террор мубориза мебаранд. Дар асл бошад, онҳо хеле моҳирона имкониятҳои амрикоиҳоро дар ҷанги худашон истифода мебаранд, дар ҷанг ба муқобили бунёдгароҳои исломии аз таҳти контролашон баромада, ки даспарвардаи худашон мебошанд. Аждаҳое, ки аз тарафи артиш ва разведкаи Покистон барои истифода дар ҷанг бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳиндустон офарида шудааст, ба хӯрдани ихтироъкунандаи худ шурӯъ намудааст. Покистонро мумкин аст ҳаволаи тақдири худаш кард ва ба ҳолаш гузошт, лекин ба ин се омили хеле муҳим халал мерасонад:

1. Созмонҳои ҷиҳодӣ дар Покистон аз озодии пурра ва дастгирӣ бархурдоранд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо дар ҳар як гӯшаи ҷаҳон амалҳои террористӣ доир намоянд ва ё дар ташкили он кӯмак расонанд.

2. Покистон давлати дорои силоҳи ҳастаӣ аст. Ғасб шудани силоҳи ҳастаии Покистон аз тарафи ягон дастаи муҷоҳидон метавонад на танҳо барои ин қисмати ҷаҳон фалокатбор бошад.

3. Афғонистон ва Покистон баъди хориҷ шудани нерӯҳои НАТО амалан ба ҳудуди воҳид табдил меёбанд. Алҳол, ки ҳамаи иштирокдорони ин ҳодисаҳои чигил меҳисобанд, ки ин ҷанги онҳо нест, варами саратони экстремизми исломӣ на танҳо Покистонро обу адо мекунад. Ин беморӣ васеътар реша медавонад. Имрӯз Покистон ошкоро сарпарастҳои нав мекобад. Иёлоти Муттаҳида барои ҳама хуб буд, вале бар ивази кӯмакҳои молиявӣ иҷрои ӯҳдадориҳои иттифоқчигиро талаб мекард. Акнун Исломобод умед дорад, ки Чин он қадар сахтгир нахоҳад шуд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi