09:51:50 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЙ АМРИКО, ЭРОН ХАТАРИ РАҚАМИ АВВАЛ НЕСТ!

Мэдисон Жрамм, "The Christian Science Monitor"

Ҳатто баъди сӯиқасди тахминшавандаи эрониҳо бо мақсади куштани сафири Арабистони Саудӣ дар ҳудуди Амрико Эрон барои ИМА он хатаре нест, ки аксарияти амрикоиҳо ва лидерҳои сиёсии онҳо тасаввур мекунанд. Тасаввурот перомуни Голиафси афсонавии эронӣ аз бисёр ҷиҳат иштибоҳӣ аст. Баъди хабари Кохи Сафед перомуни сӯиқасди эрониҳо бо мақсади куштани сафири Арабистони Саудӣ дар Иёлоти Муттаҳида баҳсу мунозира дар бораи он, ки хатари Эрон то чӣ андоза бузург аст, аз нав шурӯъ гардид.

/images/stories/2011/12/16_usa-iran_1612.jpgХеле пештар аз он, ки додситони кулл Холдер дар бораи кӯшиши хунсо шудан сӯиқасд хабар дод, ду назарпурсии охирини "Gallup" нишон доданд, ки амрикоиҳо Эронро душмани рақами як меҳисобанд. Дар ин бобат вай аз ду кишваре, ки дар онҳо Амрико ҷанг мекунад, аз Чин, ки ба он облигатсияҳои хазинахонаи амрикоӣ ба андозаи беш аз як триллион доллар тааллуқ дорад, аз Покистон, ки дар ҳудудҳои он Усобиа бен Лоданро ёфтанд, аз Яман ва Сомалӣ, ки як қатор иҷрокунандагони амалҳои террористии солҳои охир зодагони онҳоянд, аз Курияи Шимолӣ, ки то дандон мусаллаҳ аст, дар пеш мебошад.

Ҳодисаи сӯиқасд барои куштани сафири саудӣ хеле норавшан аст. ИМА дар сӯиқасд ду эронии муқими Амрико ва ҷузъу томи махсуси "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби Эронро муттаҳам кардааст. Маълум нест, ки ба ин раисҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ё пешвои олӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ даст доранд ё не.

Вале шурӯъ мекунем аз он, ки дар бораи хатари Эрон барои Иёлоти Муттаҳида ба мо чӣ маълум аст. Мумкин шумо ба ҳайрат афтед, баъди донистани он, ки вай он қадар бузург нест, чӣ хеле ки амрикоиҳо ва лидерҳои сиёсии онҳо мепиндоранд. Дар паёми худ ба Конгресс соли 2002 Ҷорҷ Буш Эронро ба рӯйхати "меҳвари бадӣ" ҳамроҳ кард. Рик Санторум зиёда аз як моҳ пештар ҳангоми як баҳсу мунозира байни ҷумҳурихоҳон дар Эймс изҳор кард: "Ҳар касе гумон мекунад, ки Эрон барои кишвари мо ё суботи Ховари Наздик хатаре надорад, яқинан иштибоҳ мекунад".

Дар гузориши маркази таҳлилии "Eurasia Group" таҳти унвони "хатарҳои калонтарин" Эрон дар категорияи "Хатарҳои хаёлӣ" (қалбакӣ, дурӯғ) ҷойгир шудааст. Ва ҳангомаи имрӯзаро дар атрофи Эрон ҳам метавон бемалол ба ин категория дохил кард. Албатта, Теҳрон инкор мекунад, ки аз ин сӯиқасди тахминшуда хабар дошт ва махсусан онро, ки ба ин ҳодиса рабте дорад ва ИМА ҳам то ҳол ба дастгиршудагон айбномаи расмӣ пешниҳод накардааст. Эҳтимол, ашхоси расмии ИМА, биноҳои ҳукуматӣ ва сокинони осоишта ҳадафҳои ин амалиёт набуданд, лекин ҳалокати имконпазири ашхоси мулкӣ ташкилкунандагони онро ба ташвиш намеовард.

Ба ҳар ҳолат чунин як сӯиқасд ба манфиатҳои базавии сиёсии Теҳрон мухолиф аст. Наход эрониҳо хоҳони мустаҳкам шудани муносибатҳои Амрикову Арабистони Саудӣ шуда бошанд. Як қатор коршиносон боз ба он ишора мекунанд, ки сӯиқасди тахминшуда ба модели ташаккулёфтаи рафтори Эрон мувофиқ нест. Намояндаи СРУ дар Ховари Наздик Роберт Бэр ҳатто гуфтааст, ки ин "барои онҳо тамоман хос нест".

Бо маънои васеаш ҳар як хатареро, ки аз Эрон бармеояд, ба се категория тақсим кардан мумкин аст -мустақим (ҳарбӣ/иқтисодӣ), стратегӣ (муқобилият ба манфиатҳои ИМА бо маънои васеаш) ва идеологӣ.

Эрон то имрӯз ҳам потенсиали ҳарбии худро баъди ҷанг бо Ироқ барқарор накардааст ва доир ба ҳаҷми хароҷоти ҳарбӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ ҷойи 61-умро ишғол мекунад. Агар сухан перомуни хатари иқтисодӣ равад, ин ҳам беасос аст. Зеро Эрон доир ба сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ дар ҷаҳон мақоми 104-умро ишғол мекунад ва дар гумон аст, ки вақтҳои наздик ба Амрико (ҷойи 11-ум) рақобат карда тавонад. Аз рӯи адолат аст гуфтани он, ки Эрон ба ИМА бо истифода аз яроқу аслиҳаи муқаррарӣ ҳамла намеорад ва ба Амрико зарари иқтисодӣ намерасонад, вале хатари муайяне ба манфиатҳои стратегии Вашингтон воқеан вуҷуд дорад.

Барномаи ҳастаии Эрон стратегист, на хатари мустақим. Новобаста ба талошҳое, ки ҳар сол Аҳмадинажод дар Маҷмаи Умумии СММ барпо мекунад, роҳбарияти Эрон дурандеш мебошад ва дар гумон аст, ки ягон вақт силоҳи ҳастиро истифода барад. Ин маънои аз рӯйи ҷаҳон нест шудани Эронро дорад ва лидерҳои теҳронӣ худкуш нестанд. Моҳи сентябр Аҳмадинажод пешниҳод кард, ки агар ба Эрон фурӯши сӯзишвории ҳастаӣ барои реактори пажӯҳиши тиббӣ кафолат дода шавад, кКишвараш ғанисозии уранро дар сатҳи 20 фоиз нигоҳ медорад (ғанисозии 90 фоиза барои сохтани силоҳи ҳастаӣ кофӣ ба ҳисоб меравад).

Бале, то он лаҳзае, ки Эрон барои дар муддати кӯтоҳ сохтани силоҳи ҳастаӣ соҳиби имкониятҳои техникӣ ва моддӣ мешавад, вақти кам мондааст. Лекин дар сурати ба ин дараҷа расидани Эрон ҳам вай ба гурӯҳи тақрибан 40 давлати потенсиалии ҳастаӣ дохил мешаваду халос. Агар эрониҳо соҳиби силоҳи ҳастаӣ шаванд, Вашингтонро лозим аст, ки ба намоиши нерӯҳояш омодагӣ бинад, на ба Армагеддон.

Ғайри ин Иёлоти Муттаҳидаро он далел ба ташвиш овардааст, ки Эрон баъди соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан ҷунбишҳои "Ҳизбуллоҳ", "ҲАМОС" ва созмонҳои дигари террористии минтақаро боз ҷасуронатар дастгирӣ мекунад. Лекин бартарияти Исроил дар яроқу аслиҳаи муқаррарӣ (вай доир ба хароҷоти ҳарбӣ дар ҷаҳон мақоми шашумро ишғол мекунад), потенсиали ҳастаии он ва дастгирии ҳамешагӣ аз тарафи Иёлоти Муттаҳида ҳар гуна ифротро дар ин ҷабҳа ба мувозина медарорад. Зиёда аз ин "ҲАМОС" ва "Ҳизбуллоҳ" бо роҳи интихобот ба сари ҳокимият омадаанд. Ба онҳо кӯмаки ҳарбӣ расонида, Эрон наметавонад шартҳои худро ба онҳо яктарафа илқо намояд.

Сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу ҳушдор дод, ки Эрон мусаллаҳшавии бошитобро таҳрик медиҳад, вале мусаллаҳшавии бошитоб дар Ховари Наздик солҳои 1960, вақте ки Исроил мусаллаҳ мешуд, оғоз ёфта буд. Шурӯъ аз ҳамон вақт даҳҳо кишвари Ховари Наздик ҳаракат карданд, ки соҳиби силоҳи ҳастаӣ шаванд, аммо ин танҳо ба Исроил муяссар гардид. Эрони дорои силоҳи ҳастаӣ комилан метавонад мусаллаҳшавии бошитобро суръат бахшад, лекин онро боздоштан мумкин аст.

Кишварҳои минтақаро моҳирона дастгирӣ карда ва ба давлатҳои Халиҷи Форс яроқу аслиҳаи муқаррарӣ фурӯхта, ИМА метавонад хоҳиши кишварҳои дигарро барои иштирок дар мусаллаҳшавии бошитоб аз байн бубарад.

Нигаронии дуюми стратегӣ ин аз нуфузи Эрон ба Ироқ бармеояд. Ироқ гурӯҳҳои ҳарбишудаи шиамазҳабҳоро мусаллаҳ мекунад, ки ин дар арафаи кишварро тарк намудани амрикоиҳо ташвишовар аст. Лекин Эрон бесуботии Ироқро намехоҳад. Барои Теҳрон муфид аст дар наздикии  худ доштани давлате, ки аз тарафи шиаҳои аксарияти аҳолиро ташкилдиҳанда идора мешавад ва ба нестӣ расонидани нуфузи Эрон дар Ироқ дар гумон аст, зеро Эрон амбитсияҳои минтақавӣ дорад, на глобалӣ.

Хатарҳои бевосита ва стратегии Эрон аз ҳад зиёд  муболиғаомез арзёбӣ шудаанд. Хатари идеологӣ боқӣ мемонад, ки он ҳам аз бисёр ҷиҳат хаёлӣ ва бофтаю сохта мебошад.

Умуман ва дар маҷмӯъ бисёрии амрикоиҳоро идеяи давлати теократӣ ва мушаххасан Ҷумҳурии исломӣ ба ғазаб овардааст. Вале аксарияти амрикоиҳоро дар идеологияи Эрон муносибати он бо Исроил- иттифоқчии ИМА ба ташвиш меорад. Аммо ин хатар айнан идеологӣ аст ва маънои амалҳои воқеиро надоранд. Эрон ва Исроил ҳеҷ вақт бевоиста бо ҳам ҷанг накардаанд.

Ҳарчанд Эрон ҷунбишҳои "Ҳизбуллоҳ" ва "ҲАМОС"-ро дастгирӣ мекунад, Теҳрон ба ин созмонҳо фармон дода наметавонад. Зиёда аз ин дар ҷанги байни Эрону Ироқ Исроил Эронро бо силоҳ таъмин мекард. Маҳкумшавии Исроил аз тарафи Теҳрон барои рафтораш бо фаластиниҳо ин пеш аз ҳама платформаи сиёсӣ барои нуфузи минтақавии Эрон аст. Эрон, вақте ки ин барояш манфиати бевосита дошт, кӯмаки Исроилро бо ҷону дил қабул кард.

Зиёда аз ин, дар маҷмӯъ Ховари Наздик ба намуди эронии ислом мароқ зоҳир намекунад. Эрон, ин давлати форсии шиамазҳаб, дар минтақа ақаллият ба шумор меравад, дар минтақае, ки аксарияти аҳолиаш арабҳои суннимазҳаб мебошанд. Вале сиёсатмадорони Вашингтон ба бадномсозии ин кишвари гапнодаро идома дода, аз пашша фил сохтаанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi