15:22:31 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

«БАҲОРИ АРАБӢ». КӢ ҒОЛИБ АСТУ КӢ МАҒЛУБ?

Грэм Фуллер, Садои Русия

Дар Ховари Наздике, ки дигаргуниҳои тезутунд ва фоҷиавӣ фарояш гирифтаанд, кӣ ғолиб омаду кӣ мағлуб гардид? Барои шаҳрвандони олами араб роҳ ба сӯи оянда боз метавонад пасту баланд ва пешгӯинашаванда бошад, лекин ин ҳодисаҳо яқинан ба фоидаи онҳост, зеро ин гувоҳи ҷудоӣ аз низоми кӯҳнаи яхбаставу бесару ситамкунанда мебошад. Вале дар натиҷаи фурӯпошии системаи пешинаи Ховари Наздик дар сатҳи байналмилалӣ кӣ ғолиб омаду кӣ мағлуб шуд?

/images/stories/2011/12/17_bahori-arabi_1712.jpgМағлуби асосӣ, бидуни қайду шарт Исроил мебошад. Бисёр диктаторҳои пешин, ки бо пулу дастгирии сиёсии ИМА метавонистанд контроли минтақаро зери дасти худ нигоҳ доранд, ҳокимиятро аз даст медиҳанд ва аз паси онҳо бо дигарҳо ҳам чунин хоҳад шуд -яқинан дар Баҳрайн, Ӯрдун ва ҳатто дар Арабистони Саудӣ. Исроил дигар наметавонад ба карт-бланш барои баргузории сиёсати ишғолгарӣ умед бандад, агар Башар Асад сарнагун нагардад.

Амалан, пайдо шудани нерӯҳои мардумӣ дар ҳар як давлати арабӣ сиёсати нисбатан сахтро нисбати Исроил, ки барои статус-квои Фаластин кӯшиш дорад ва ошкоротарин рамзи беадолатӣ дар назари тамоми мусулмонҳост, кафолат медиҳад.

Ин тамоман маънои онро надорад, ки тадриҷан барқарор шудани режимҳои демократӣ наметавонад дар ояндаи дур барои Исроил манфиатбахш бошад. Вале он метавонад танҳо ба он Исроиле манфиатбахш бошад, ки қотеъона аз сиёсати бениҳоят ошкорои апартеидии худ даст кашад ва ба ҷониби низоми сиёсати кушод ва иҷтимоӣ ҳаракат кунад, ки боиси озодии фаластиниҳо мегардад. Айни замон дар доираи сиёсии Исроил ба ин ягон ишорае ҳам ба мушоҳида намерасад.

Байни мағлубон Иёлоти Муттаҳида дар ҷойи дуюм аст. Сабабҳояш оддист: барои Вашингтон таъсир расонидан ба ҷараёни ҳодисаҳо торафт душвортар мегардад ва илова бар ин аҳолии кишварҳои арабӣ имконияти интихоби лидерҳои худро пайдо мекунанд. Айни замон рӯҳияи халқ қаҳру ғазаби тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо ҷамъшударо ба ҳукмронии мустамликадории Ғарб инъикос мекунад, ки даҳ сол инҷониб дар заминҳои мусулмонҳо ҷанг мекунад ва мехоҳад проблемаи терроризми зидди ғарбиро бо роҳи ҳарбӣ ҳал намояд.

Вақтҳои наздик арабҳо барояшон лидерҳои амрикоигароро интихоб намекунанд, баръакс, дигаргуниҳо ба фоидаи исломиҳо ва миллиагроҳо хоҳанд шуд. Ғайри ин ҳоло Амрико ҳамчун давлате шинохта мешавад, ки таназзулро аз сар мегузаронад ва контроли ҳодисаҳо барояш ҳарчӣ бештар душвортар мегардад. Ба мисли Исроил навигариҳои марбут ба олами тағйирёбандаи араб барои Вашингтон ҳамон вақт хуб мешаванд, ки агар ИМА аз кӯшишҳои беохири дахолат бо мақсади таъсир ба ҳодисаҳо дар минтақа ва сиёсати маҳаллии зидди иродаи аксарияти сокинони Ховари Наздик даст кашад.

Мағлуби сеюм Эрон аст. Инқилоби соли 1979-и Эрон аз тарафи аҳолии Ховари Наздик (албатта, на аз тарафи диктаторҳои амрикогарои кишварҳои арабӣ) ҳамчун ҳодисаи ҳайратангез, эъломияи истиқлолияти минтақа аз ҳукмронии Амрико, ки таҷассумгараш шоҳи Эрон буд, пазируфта шуд. Ҷумҳурии исломӣ фаластиниҳоро дастгирӣ мекард, дар ҳоле ки диктаторҳои амрикогаро ба ин ҷуръат надоштанд. Эрон ба инқилоби мардумӣ даъват мекард, ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳ (ҲАМОС) ва ҷунбиҳои муқовимат ба истилои Исроил ("Ҳизбуллоҳ")-ро, ки аҳолии кишварҳои арабии рӯҳафтодаро ба ваҷд меоварданд, дастгирӣ менамуд.

Дуруст аст солҳои охир режими Эрон бисёр аз он арзишҳоеро, ки дар хориҷа ҳимояташон мекард, масалан, озодии халқро, фаромӯш сохт. Ва "баҳори арабӣ" дигар ба Эрон имконият намедиҳад, ки тамоюлҳои зиддиистибдодиро монополия кунад ва дар бораи лидерӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Зиёда аз ин дар минтақа агар ягон моделе вуҷуд дошта бошад, ин Туркия аст, ки дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гаштааст ва тайёр аст нисбатан аз рӯйи виҷдон ва бо масъулият дар бораи нокомиҳои Исроил ва Вашингтон сухан ронад.

Вале дар ниҳояти кор Эрон мағлуби мутлақ нест, зеро он истиқлолият ва ғурури миллатро дифоъ мекунад, системаи сиёсии он бо вуҷуди ноҳамворию камбудиҳояш дар муқоиса бо аксарияти давлатҳои муосири Ховари Наздик демократитар аст. Дар Эрон интихоботҳо доир мегарданд, ки аҳамияти воқеӣ доранд.

Ғолибон кистанд? Бидуни шубҳа халқҳои кишварҳои арабӣ, ҳарчанд неъматҳои низоми сиёсӣ баробар тақсим намешаванд ва роҳ ба сӯи оянда метавонад бисёр ноҳамвор бошад -онҳо бори аввал дар таърихи худ амалисозии идоракунии мустақилро меомӯзанд. Вале онҳо ин корро бояд барои худ бикунанд: охирин чизе, ки барои онҳо лозим нест, ин режимҳои наве мебошанд, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ таҳмил шудаанд ва манфиатҳои бегонаро ба ҳаёт татбиқ мекунанд.

Гурӯҳи дуюми ғолибон ин бозингарони калидӣ, давлатҳое ба мисли Чин, Русия, Ҳиндустон, Бразилия, Туркия, Канада ва аъзои дигари "бистгонаи калон" мебошанд. Дар ҷаҳони бисёрқутба ба онҳо имконият пайдо шуд, ки ба мувозинати нерӯҳои байналмилалӣ нозукона таъсир расонанд. Ҳарчанд ИМА дар ин ҷой дар бобати аз даст додани нерӯи мутлақи гегемонистӣ соф мағлубшуда аст, мавҷудияти таҳаммулу боздорӣ ва мувозина дар саҳнаи байналмилалӣ дар муқоиса бо сиёсати дохилӣ камтар матлуб нест.

Ҳамчунин Аврупо метавонад дар ин низоми нави глобалӣ барои худ нақши ҷиддӣ ва масъулиятнок пайдо кунад, лекин танҳо дар ҳолате, ки ба НАТО ҳамчун ба воситаи бор кардани лоиҳаҳои Ғарб бар дӯши Ховари Наздик назар наандозад.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi