05:39:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАРДУМ БАР ЗИДДИ ҚАЗЗОФӢ БАРНАХОСТА БУД

Дар Париж китоби силоҳфурӯш ва муборизи фаъоли ҳуқуқҳои гомосексуалистҳо Бернар Левӣ бо номи "Ҷанги номарғуб" аз чоп баромад. Муаллиф мехоҳад бо ин асараш нақши худро дар роҳандозии куштори хунин дар Либия абадӣ гардонад. Вай дар ин ҷанг 100 миллион доллар кор кардааст ва мехоҳад бо ин китобаш ягон ду миллион доллари дигар кор кунад.

/images/stories/2011/12/20_gaddafi_liby_201211.jpgБернар Левӣ софдилона эътироф кардааст, ки соли 2010 чӣ хел дар Бенғози якчанд одами бадхоҳро пайдо намудааст ва ба онҳо пешниҳод кардааст, ки худро Шӯрои миллии давраи гузариш номанд. Баъд дарҳол ба Николя Саркозӣ занг зада, хоҳиш намудааст, ки бародаронро дар қасри Елисейи Париж қабул кунад. Ба "муборизони роҳи озодӣ" фавран силоҳ ва реклама лозим буд.

11-уми марти соли 2011 шогирдони ӯро дар Қасри Елисей қабул карданд ва "намояндагони қонунии халқи Либия" номиданд. Ва аллакай 19-уми май ҳавопаймоҳои Фаронса ба бомбаборонкунии фурудгоҳҳои ҳарбию системаҳои сипари зиддиҳавоии Либия шурӯъ намуданд. Баъди як моҳ Леви сарварони "шӯришгарон"-ро боз ба қасри Елисей овард ва онҳо ба ҳукуматдорони Фаронса рӯйхати яроқу аслиҳаи заруриро, ки бо маслиҳати Леви тартиб дода буданд, супориданд: сад мошини зиреҳпӯши ҳамаҷогард, пулемётҳо ва автоматҳои Калашников, системаҳои мухобира, мушакҳои "Milan".

Баъди роҳзанҳои Бенғозӣ Леви бо Париж дайдуҳои Мисратро овард ва онҳо ба Саркозӣ ваъда доданд, ки Триполиро бо як ҳуҷум ишғол хоҳанд кард. Дар ҳақиқат онҳо аз паси хадамоти махсуси хориҷӣ бебокона ба Триполи даромаданд ва дар он ҷой ҳазорҳо сокини осоиштаро таҷовуз карданд ва куштанд. Дар ин вақт тамоми ҷаҳон тавассути бисёр шабакаҳои телевизионӣ дар Триполи музаффарона пайдо шудани "исёнгарон"-ро диданд, ки дар Қатар наворбардорӣ шуда буд.

Леви бешармона зикр накардааст, ки раисҷумҳури Фаронса ба роҳзанҳо яроқу аслиҳаро бепул надодааст, балки ҳар дафъа миллионҳо долларро аз суратҳисобҳои дар бонкҳои Фаронса аз муомилот боздошташудаи давлати Либия кам мекард. Хуб мешуд, ки инро корпоратсияҳои мо ёд мегирифтанд, ки барои қиркунандаҳо ва мушакҳо танҳо равғани нахл мегиранду халос. Баъд онҳоро ба русиягиҳои бе пуштупаноҳ маҷбурӣ мефурӯшанд. Дар мамлакатҳои хориҷӣ аз ин наҷосат танҳо барои истеҳсоли собун истифода мебаранду халос.

Барои тасдиқи суханҳои Бейнар Леви телевизиони Сурия мусоҳибаи калонро бо публитсисти фаронсавӣ Тйерри Мейсан, президенти Маркази сиёсатшиносии "Ruseau Voltaire" намоиш дод.

-Ягон шӯрише муқобили Қаззофӣ набуд, -гуфт аз тариқи барномаи мустақим фаронсавӣ. -Шабакаи телевизионии Либияро амрикоиҳо аз моҳвора ҷудо карданд ва он наметавонист барномаҳои худро ба хориҷа намоиш диҳад. Дурӯғбофҳои шабакаҳои телевизионии кишварҳои НАТО бошанд, аврупоиҳоро бовар кунонданд, ки Қаззофӣ одамонро мекушт ва аз ин сабаб интервентсияи ҳарбӣ зидди Либия кори дуруст аст. Ғарб ҳамагӣ ба таҷрибаи мустамликадории хунин баргашта буду халос.

Зеро дар асл халқ аз Қаззофӣ ҷонибдорӣ мекард. Ҳатто бисёр мухолифин, вақте ки таҷовузи НАТО оғоз гардид, бо ӯ оштӣ карданд. Аз тарафи "исёнгарон" бошад, асосан зархаридҳои хориҷӣ ва боз фаъолони "Алқойида" ҷанг мекарданд. Онҳо, ки аз маводи мухаддир сархуш буданд, дар пеши назари одамон сари мардҳо ва синаи занҳоро мебуриданд, то тарсу ҳаросро ба вуҷуд оранд. Дар натиҷа аз шаш миллион аҳолии Либия ду миллионаш маҷбур шуд, ки тарки хонаву дар кунад.

Ҳол он ки моҳи январи соли 2011 СММ мехост Қаззофӣ ва Ҷамоҳирияи онро барои муваффақиятҳои калонаш дар ҳимояи ҳуқуқи инсон мукофотонад. Ин 4-уми январ дар Шӯрои Маҷмаи умуми СММ оид ба ҳуқуқи инсон фаъолона муҳокима шуд.

Қаззофӣ дар ҳақиқат яке паси дигар талабҳои Ғарбро дар мавриди либерализатсияи иқтисодиёт қабул мекард. Вале барои ИМА, ки дар бораи сохтани пойгоҳаш дар Либия ва аз тариқи он назорат кардани Африқои Шимолиро орзу дошт, ин лозим набуд. Обама наметавонист боз як ҷанги дигарро ошкоро оғоз намояд ва боз баъди гирифтани Ҷоизаи Сулҳи Нобел.

Вашингтон ба Фаронсаву Бритониё муоҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ин кори ифлосро бар дӯши худ гиранд. Фаронса ва Бритониё ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 дар бораи ташкили корпуси экспедитсионии муштарак созишнома ба имзо расониданд. Ба шартнома замимае ҳаст дар бораи машқҳои ҳарбии муштарак бо нишон додани ҳамаи қиссаҳо, ки дар онҳо иштирок мекунанд.

Тибқи сенарияи "машқи ҳарбӣ" нерӯҳои бритонӣ бояд ба Африқои Шимолӣ барои наҷоти аҳолии осоишта, ки "аз тарафи ҳокими мустабид мавриди репессия қарор гирифтааст", ҳуҷум кунанд. Дар ҳуҷчат омадааст, ки машқҳои ҳарбӣ 21-уми марти соли 2011 шурӯъ мешаванд. Пеш аз оғози "инқилоб" Либия аз журналистҳои хориҷӣ пур шуд.

Дар як гурӯҳи наворбардорони ВВС, CNN, France-24, France-TV баъзан номи то ҳафт нафар мавҷуд буд ва маълум буд, ки ин одамони мушакҳои дастонашон дамкарда журналист нестанд. Вақте ки разведкачиёни Либия почтаи электронии хабарнигорҳои хориҷиро ба даст дароварданд, маълум шуд, ки онҳо бо хадамоти махсуси кишварҳояшон сӯҳбат мекардаанд.

Ба журналистҳои шабакаи расмии телевизионии ҳукумати Фаронса "France-24" иҷозат буд, ки дар ҳама ҷой пайдо шаванд. Онҳо бо  мошинҳо ба ҷойи бомбабороншуда мерафтанд, аз қисматҳои гуногуни Триполи дидан мекарданд. Вақте ки онҳо дар ягон қисмати шаҳр, масалан, барои дидани ягон бинои ҳукуматӣ пайдо мешуданд, баъди 15 дақиқаи рафтани онҳо ин бино мавриди бомбаборон қарор мегирифт. Яъне "журналистҳо" ба ҳайси нишонгир хизмат мекарданд.

Яке аз низомиҳои баландпояи Либия ҷашни оилавӣ дошт ва ба он якчанд журналист даъват шуда буданд. Маълум не маҳз кӣ, вале яке аз онҳо дар хонаи хоби кӯдакон ҷомадон-GPS-ро гузоштааст. Шабона авиатсияи НАТО ин хонаро бомбаборон кард ва бомбаҳо айнан ба хонаҳои бачагон афтоданд. Ҳамаи кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Ҳоло НАТО мехоҳад чунин амалиётро дар Сурия доир намояд. Гурӯҳҳои размандагон дар ҳудуди мамлакат тағйири ҷой мекунанд, гоҳ дар ин ҷой ва гоҳ дар он ҷой ба ҳуҷум мегузаранд, лекин барои зарбаи ҷиддӣ қувваташон намерасад. Алалхусус Сурияро аз таҷовузи НАТО ветои Русия ва Чин дар Шӯрои Амнияти СММ муҳофизат мекунад. Вале ҳамаи ин муваққатист. Соли оянда ҳатман боз як "инқилоб" оғоз мешавад. Ва шубҳае нест, ки ҳокимияти нави Сурия истгоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии моро мебандад, пеш аз он ки Русияро тамоман аз минтақа ронанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi