06:41:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ӮЗБАКИСТОН: КӮДАКФУРӮШӢ РУШД МЕКУНАД

"Uznews.net"

Дар зоишгоҳҳои Ӯзбакистон харидани кӯдак мушкилие надорад. Баробари ин онро дубора фурӯхтан хеле осон аст ва вазорати тандурустиву мақомоти адлия ба ин чашм мепӯшанд, зеро дар ҳолати акс онҳоро лозим меояд, ки тамоми системаро дигар кунанд.

/images/stories/2011/12/22_deti_dengi_2212.jpg"Баҳори соли равон дар додгоҳи ноҳиявии Шайхантохури Тошканд оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ман аз додгоҳ баргузор намудани мурофиаи кушодаро хоҳиш кардам, зеро даъвои баррасишаванда бо асрори фарзандхондкунии кӯдак дахл дошт, лекин ба ман ҷавоби рад доданд. Аз ҳамин сабаб акнун ман худро барои ба таваҷҷӯҳи омма расонидани ин ҳодиса ҳуқуқдор меҳисобам", -мегӯяд Пӯлодова.

Навзодҳоро чӣ хел мехаранд?

Таърихи хариди кӯдак, ки боиси ба ҳолати ногувор афтодани Пӯлодова шудааст, чунин будааст. Шаҳрванди давлатманди Ӯзбакистон, Ира Кеннеди, миллаташ куриёӣ, хост духтари навзодеро фарзандхонд кунад, ки куриёӣ бошад. Барои ин бо воситаи шиносҳо ба врач-гинекологи маркази "Саломатӣ барои ҳама" Лола Аҳмадова муроҷиат кард. Вай ваъда дод, ки ин хоҳишро иҷро менамояд ва барои хизматаш 5100 доллари ИМА талаб кард. Ба зудӣ дар зоишгоҳи Маркази аккушерӣ ва гинекологӣ модари мувофиқ -донишҷӯйдухтари бешавҳар бистарӣ шуд.

"Баъд ҳамааш аз рӯи нақшаи пешакӣ тайёршуда идома ёфт: духтурҳо рӯзи аввал ба модар гуфтанд, ки кӯдакаш саломат таваллуд шудааст, вале рӯзи дигар иброз доштанд, ки хато кардаанд ва кӯдак бо нуқсҳо ба дунё омадаасту парастории он мушкил хоҳад шуд", -нақл мекунад Пӯлодова. Дар натиҷа донишҷӯйдухтар, ки ба ӯ ҳатто фарзандашро нишон надодаанд, дар бораи даст кашидан аз кӯдакаш ариза навишт. Аҳмадова дарҳол ин хушхабарро ба Кеннеди расонд, вале чӣ хеле ки баъдтар маълум гардид, саросема шудааст. Кӯдак аз зоишгоҳ баногоҳ ғайб зад.

Ҷустуҷӯйи тифли ғайбзада

Пӯлодова, ки аз вай Кеннеди барои муайян кардани сабаби ғайбзании кӯдак кӯмак хост, тафтиши ҳақиқӣ баргузор кард. "Аввал ба ман дар Маркази аккушерӣ ва гинекологӣ гуфтанд, ки кӯдакро ба шифохонаи бачагонаи шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд фиристодаанд", -идома медиҳад Пӯлодова.

Ба қавли ӯ вай ҳамроҳи Кеннеди ба ин шифохона рафтааст, лекин маълум шудааст, ки ин беморхона аз сабаби тармим фаъолият надорад ва танҳо беморҳои таъҷилиро қабул мекунад. Баробари ин дар дафтари қабули беморон қайде ошкор шуд, ки мувофиқи он кӯдаке, ки параметрҳояш ба духтари ғайбзада мутобиқат мекунад, ба шифохона ҳамчун тифли аз кӯча ёфтшуда оварда шудааст.

"Духтурҳо гуфтанд, ки кӯдак тамоман сиҳат аст, лекин барои чӣ ӯро мувофиқи қонун ба "Хонаи кӯдакон" нею, ба шифохонаи бачагонаи Қибрай (Қибрай -шаҳраке дар назди Тошканд, -қайди идора) овардаанд, номаълум аст", -мегӯяд Пӯлодова.

Чӣ хеле ки ҳуқуқшинос фаҳмонд, духтурҳои ин шифохона аз чӣ сабаб бошад, ки духтаракро як моҳи том нигоҳ доштаанд ва хароҷоти ӯро аз кисаи худ пардохтаанд. Баъд кӯдак бидуни тартиб додани ҳуҷҷатҳо ба "Хонаи кӯдакон"-и Янгиюл меафтад (Янгиюл- шаҳрест дар вилояти Тошканд, -қайди идора).

"Вақте ки мо исрор кардем, кадом як духтареро нишон доданд, ки нишонаҳояш ба нишонаҳои духтари ғайбзада тамоман монанд набуд", -мегӯяд Пӯлодова.

ӯдакро мафияи арманӣ харидааст"

Вақте ки тафтиш ҷиддӣ шуд, дар Маркази аккушерӣ ва гинекологӣ ба Пӯлодова хабар доданд, ки онҳо хато кардаанд -кӯдакро ба шифохонаи бачагонаи шаҳри Чирчиқ не, балки ба ноҳияи Чирчиқи Миёна фиристодаанд. Ҳуқуқшинос дарҳол ба ин шифохона рафт, вале дар он ҷой ба ӯ гуфтанд, ки духтар сахт бемор буд ва вафот кард. Лекин шаҳодатнома дар бораи вафот танҳо баъди як моҳи шикоятҳои ҳуқуқшинос ба вазорати тандурустӣ пайдо шуд. Аммо ҷойи дафни духтари вафоткарда номаълум боқӣ мондааст.

Пӯлодова дар ихтиёри худ сабти аудиоӣ дорад, ки Кеннедӣ ба лента навиштааст. Дар он фурӯшандаи бадбахти кӯдакон Аҳмадова хабар медиҳад, ки дар зоишгоҳ кӯдакро "мафияи арманӣ харидааст".

Ҳуқуқшинос дар бораи мураккабиҳои ин кор ба вазорати тандурустӣ хаттӣ хабар дод, доир ба ин комиссия ташкил шуд, вале он натиҷаҳои тафтишро пешниҳод накард.

Кӯдаконро кӣ мехарад?

Ба ақидаи Пӯлодова, онҳое, ки кӯдаконро мехаранд, аз онҳое, ки кӯдаконро мефурӯшанд, бадахлоқтаранд. Кеннеди бо рафиқи худ -соҳибкори ҳинд Сукхприт Сингҳ-духтур Аҳмадоваро маҷбур кард, то ваъда диҳад, ки 5100 доллари барои фарзандхондкунӣ гирифтаашро се маротиба зиёд карда бармегардонад.

"Ғайри ин онҳо аз Аҳмадова боз пули гӯё барои хизмати ман сарф кардаашонро гирифтаанд, ҳол он ки барои даводавиҳоям онҳо ба ман пули пучаке ҳам надодаанд, -мегӯяд Пӯлодова. -Аҳмадова ба тамаъҷӯйҳо 6300 доллар медиҳад ва аз додани пули дигар саркашӣ мекунад".

Баробари ин, ба қавли Пӯлодова, Аҳмадова ваъдаи худро иҷро кард -дар Фарғона духтари мувофиқро пайдо намуд, ки онро баъдтар Кеннеди фарзандхонд кард. Бо вуҷуди ин моҳи феврали соли равон Кеннедӣ ба додгоҳи ноҳиявии Шайхантохур оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ зидди Аҳмадова шикоят бурд ва талаб кард, ки мавсуф 9 ҳазор доллари боқимондаро диҳад.

"Ман ба додгоҳ ҳозир шудам ва баёноти шоҳидӣ додам, ки пул ба духтур на ҳамчун қарз, балки барои харидани кӯдаки навзод дода шудааст ва сабти аудиоиеро пешниҳод кардам, ки гуфтаҳои моро тасдиқ менамоянд", -мегӯяд Пӯлодова.

Лекин қозӣ (судя) Абдуботир Абдуллоев, ки мурофиаро роҳбарӣ мекард, ба ин сабти аудиоӣ мароқ зоҳир накард. Вай Пӯлодоваро манъ кард, ки ҳамчун шоҳид баёноти пурра диҳад ва ҳукм намуд, ки аз Аҳмадова ба фоидаи Кеннеди 9 ҳазор доллар рӯёнда шавад.

18-уми ноябри соли равон бошад, ба ҷаласаи коллегияи додгоҳии мақоми апелятсионии додгоҳии шаҳри Тошканд Пӯлодоваро роҳ додан ва баёноти шоҳидии ӯро гӯш кардан нахостанд.

Киллер раҳмдил будааст

"Баъди мурофиаи додгоҳии якум дар моҳи феврал Кеннеди ва Сингҳ қарор карданд, ки маро аз байн баранд ва барои ин киллерро равон карданд", -иброз медорад Пӯлодова. Ба қавли ӯ ҷавони армание, ки моҳи июл ба назди ӯ омадааст, хабар додааст, ки ӯро ҳамчун киллер Кеннеди киро кардааст, лекин вай пеш аз куштани ҳуқуқшинос мехоҳад донад, ки вай чӣ гуна одам аст.

Пӯлодова мегӯяд, ки киллер дар ҳузури ҳамсояҳои ӯ аз телефони худ ба Кеннеди занг зада гуфтааст: "Турсуной одами хуб аст, лекин, Ира, ту барин одамҳоро куштан лозим аст". Баъд вай садои телефонро баланд кард ва ҳамаи ҳозирин доду фарёд ва таҳдидҳои ҷавобии Кеннедиро шуниданд.

"Моҳи июли соли равон ба Хадамоти амнияти давлатӣ муроҷиат кардам ва хоҳиш намудам, ки нисбати Кеннедию Сингҳ барои таҳдиди куштани ман парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Онҳо аризаи маро ба додситонӣ равон карданд, вале дар ин ҷой ба он ва шикоятҳои минбаъдаи ман хунукназарона муносибат намуданд ва тафтиши парвандаро ба таъхир андоха, ниҳоят қатъ намуданд", -мегӯяд Пӯлодова.

"Фаҳмиданаш хеле осон аст"

"Фаҳмидани чунин рафтори қозиҳо хеле осон аст: агар баёнотҳои шоҳидии маро ба назари эътибор мегирифтанд, даъвои Кеннедӣ ба Аҳмадова мисли хоначаи аз гӯгирд сохташуда, ки меъмораш қозӣ Абдуллоев мебошад, фурӯ мерехт", -боварӣ дорад Пӯлодова.

Ҳуқуқшинос ҳамчунин ба сабабҳои он, ки чаро ба изҳороти ӯ доир ба ин ҳодисаҳо дар Раёсати ҳифзи модару кӯдаки вазорати тандурустии ҷумҳурӣ эътино накарданд, шубҳа надорад.

"Мавқеи амалдорони вазорати тандурустӣ ҳам фаҳмост: агар ҳақиқат рӯи об барояд, натиҷааш боз шудани парвандаи ҷиноӣ мешавад ва шумораи зиёди духтурони зоишгоҳҳо, ҳуқуқшиносҳо, бозрасҳои шӯъбаҳои васоят ва парасторӣ ва доираи дигари ашхос, ки ба проблемаи харидуфурӯши кӯдакон даст доранд, бояд паси панҷара раванд", -меҳисобад Пӯлодова.

Ба қавли ӯ хариду фурӯши кӯдакон имрӯз ҳам дар ҷумҳурӣ хеле актуалӣ аст. Масалан, соли гузашта гурӯҳи ҷинояткоре ошкор шуд, ки аз рӯи нақшаи аҷоиб бо хариду фурӯши кӯдакон машғул буд ва ин мавзӯи баррасии васеъ дар вазорати тандурустӣ гардид.

"Гумон мекунам, ки дар ҷумҳурӣ чунин гурӯҳҳо ҳоло ҳам ҳастанд ва онҳо воситаҳои нави бизнеси бачафурӯширо ихтироъ мекунанд", -мегӯяд Пӯлодова.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi