ТИҶОРАТИ АСЛИҲА. ФУРӮШАНДА КИСТУ ХАРИДОР КӢ?
Ҳинд айни ҳол аз харидорони аслии силоҳ ва Амрикову Русия ду фурӯшандаи умда дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм дар Шветсия дар як гузориши наве гуфтааст, аз соли 2007 то соли 2011 тақрибан даҳ сади тамоми воридоти силоҳи ҷаҳон ба Ҳинд рост омадааст ва ин кишвар аксаран аз Русияву Бритониё ва Исроил аслиҳа ворид кардааст.
Пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм, як ниҳоди мустақилест, ки масоили назорати силоҳ ва сулҳ дар ҷаҳонро таҳқиқ мекунад. Ба гуфтаи пажӯҳишгоҳ, дар ин давра зоҳиран иштиҳои кишварҳои ҷаҳон ба силоҳ бештар шудааст, ки фурӯши силоҳ назар ба солҳои 2002 то соли 2006 бистучаҳор дарсад афзудааст.
Ба гуфтаи созмон, дигар харидорони аслии силоҳ низ аз Осиё аз ҷумла Куриёи Ҷанубӣ, Покистон, Чин ва Сингапур будаанд ва дар маҷмӯъ сеяки воридоти силоҳ дар ҷаҳон ба онҳо рост меояд. Нуздаҳ дар сади тамоми силоҳҳои фурӯшӣ дар ҷаҳонро кишварҳои аврупоӣ харидаанд, 17 дар садро кишварҳои Ховари Миёна, 11 дарсад ба кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ рафтааст ва танҳо 9 дарсад ба Африқо.
Пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм мегӯяд, агар Ҳинд бузургтарин воридкунандаи силоҳ дар ҷаҳон шуда бошад, рақиби он Покистон дар мақоми саввум аст ва аз ҳаҷми тамоми силоҳҳои фурӯхташуда дар ҷаҳон 5 дарсадашро Покистон харидааст. Аз ҷумла аз Чин теъдоди зиёди ҳавопаймоҳои ҷангӣ харида ва мисли Ҳинд ҳамчунон теъдоди зиёди тонк ҳам дархост кардааст. Чин ки аз солҳои 206 то соли 207 муштарии бузургтарини силоҳ дар ҷаҳон будааст, ҳоло дар мақоми чаҳорум аст. Аммо аз назари фурӯши силоҳ дар мақоми панҷум аст ва баъди Амрико, Русия, Олмон, Фаронса ва Бритониё ҷой гирифтааст.
Ба гуфтаи пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм, аз соли 2007 то соли 2011 сӣ дарсади аслиҳаи фурӯшии ҷаҳон моли Амрико будааст ва 80 кишвар ҳам аз Иёлоти Муттаҳида аслиҳа харидаанд. Русия ҳамчунон 24 дарсади аслиҳаи фурӯширо дар ҷаҳон тавлид карда ва асосан ба Чин ворид кардааст. Дигар аз муштариёни силоҳи русӣ, Сурия будааст
Бар тибқи ин гузориш, дар ин муддат Русия ба Сурия системаи дифоъи зиддимушакӣ ва мушакҳои зидди киштӣ харидааст. Ба гуфтаи пажӯҳишгоҳ, агарчӣ ин силоҳҳо дар ҷанги феълӣ дар Сурия истифода намешаванд, аммо қудрати артиши Сурия дар ҳимоят аз ҳамлаи хориҷиро боло бурдааст.
Тоҳири Сафар, «Озодӣ»