10:38:18 05-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҚИРҒИЗИСТОН - ӮЗБЕКИСТОН: ЯК ҚАДАМ ТО ЗАДУХӮРД

ПОЙГОҲИ НАВИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ҶАНУБИ ҚИРҒИЗИСТОН
 БОИСИ НИГАРОНӢ ВА БАҲСУ ТАЛОШҲО ШУДААСТ

Илова бар пойгоҳи ҳавоии воқеъ дар шаҳри Кант таъсис ёфтани боз як пойгоҳи дигари низомии Русия дар Қирғизистон боиси пешгӯиҳову арзёбиҳои таҳлилгарони Русияву Қирғизистон ва Ӯзбекистон Ғарб шудааст. Пойгоҳи мазкур, ки дар он на бештар аз як баталён ҷойгир хоҳад шуд, пеш аз ҳама боиси нигаронии Ӯзбекистони ҳамсоя гардидааст ва вазорати умури хориҷии он аллакай изҳороти хешро доир ба ин масъала интишор намудааст.

Бояд тазаккур, дод, ки нақшаҳои Русия дар бораи таъсиси пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Қирғизистон ва вокуниши манфии Ӯзбекистон ҳадди ақал як моҳ пеш маълум буд. Бо вуҷуди ин мавқеъгирии Ӯзбекистон дар ВАО резонанси калон пайдо кард ва бисёриҳо тахмин мекунанд, ки ин кишвар вақтҳои наздик аз ҳайати Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) хориҷ хоҳад шуд.

Ғояи дар ҷануби Қирғизистон ташкил кардани пойгоҳи низомиро Русия ҳанӯз аз соли 2005 баррасӣ мекард. Вале ин масъала ҳамагӣ чанд моҳ пеш рӯи об баромад. 7-уми июл Қирғизистон эълон дошт, ки пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи «Манас» боқӣ хоҳад монд ва он танҳо тағйири ном карда, ба маркази ҳамлу нақли транзитӣ табдил меёбад. Баъди ана ҳамин қарори Бишкек хабар перомуни ҷойгир кардани пойгоҳи нави низомии Русия дар Қирғизистон пайдо шуд.

Русия Қирғизистонро водор мекард, ки пойгоҳи низомии Амрикоро аз хоки худ берун кунад ва барои ин ба вай ду миллиард доллар қарз ҳам ваъда карда буд. Вале баъди хабари охирин як қисми таҳлилгарон ба хулоса омаданд, ки қарори Бишкек дар бораи нигоҳ доштани пойгоҳи низомии ИМА бо ризоияти Маскав қабул шудааст.

Баъди чанде муовини сарвазири Русия И. Сечин ва вазири дифои ФР А. Сердюков ба Бишкек ташриф оварданд ва ҳангоми мулоқот бо раисҷумҳури Қирғизистон Қ. Боқиев масъалаи дар ҷануби ҷумҳурӣ ҷойгир кардани пойгоҳи нави низомии Русияро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамон вақт, яъне 12-уми июл, Ӯзбекистон изҳор намуд, ки зидди ҷойгир шудани пойгоҳи нави низомӣ дар наздикии сарҳадҳои худ мебошад. Ҷалоби диққат аст, ки аксуламали ИМА комилан бетарафона буд ва он ҷойгир шудани пойгоҳи низомии Русияро дар хоки Қирғизистон «ҳуқуқи давлати соҳибистиқлол» номид.

29-уми июл ёвари раисҷумҳури ФР С. Приходко хабар дод, ки масъалаи ҷойгир кардани пойгоҳ бо роҳбарияти Қирғизистон мувофиқа шудааст.

1-уми август дар Иссиқкӯл ҳангоми саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои узви СПАД байни Русияву Қирғизистон меморандум ба имзо расид. Дар он ҷойгир кардани гурӯҳи иловагии низомиҳои Русия, ки шумораи умумиашон то як баталён аст, ҳамчунин ташкили Маркази таълимӣ қайд карда шудааст. Бо қавли вазири умури хориҷии ФР Сергей Лавров Маркази таълимии мазкур барои тамоми аъзои СПАД кушода мешавад ва он мумкин ба як ҷузъи нерӯҳои дастаҷамъии зудамал табдил ёбад, ки ташкили он дар доираи СПАД ба нақша гирифта шудааст.

Созишнома перомуни мақоми пойгоҳи мутаҳидаи низомии Русия дар Қирғизистон, аз ҷумла пойгоҳи ҳавоии Кант, узели алоқаи «Марево»-и флоти Русия дар вилояти Чуй ва ҳамчунин Маркази озмоишии техникаи ҳарбӣ-баҳрӣ дар Иссиқкӯл бояд то 1-уми ноябри соли равон ба имзо расад. Мӯҳлати амали ин санад 49 сол буда, мумкин аст ба таври автоматӣ 25-соли дигар тамдид шавад. Мақоми низомиҳои Русия ва аҳли оилаи онҳо ба мақоми персонали маъмурӣ-техникии сафорати Русия дар Қирғизистон баробар карда мешавад.

Меморандум дар бораи таъсиси пойгоҳи нави низомии Русия боиси баҳсу мунозираи ғоибона байни роҳбарият ва коршиносони Қирғизистону Ӯзбекистон гардид, ки мавқеъҳои онҳо доир ба ин масъала мухолифи ҳамдигаранд. Раисҷумҳури Қирғизистон Қ. Боқиев дар саммит перомуни зарурияти таъсиси пойгоҳ сухан ронда, ба вазъияти мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷумҳурӣ ишора кард, ки дар давоми чанд моҳи охир ду гурӯҳи размандагон несту нобуд шудаанд. 

Дар ҳамсоякишварҳои Қирғизистон-Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳам вазъияти мураккаб ва вуҷуд омадааст. Дар ин ҷойҳо моҳҳои май-июл якчанд задухӯрди мусаллаҳ байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва размандагони мухолифини собиқи тоҷик ва ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ва вуҷуд омад. 

Баробари ин 3-юми август вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон изҳор намуд, ки барои дар ҷануби Қирғизистон ташкил намудани пойгоҳи нави низомии Русия зарурате вуҷуд надорад ва он метавонад боиси таҳкими равандҳои милитаризатсия, бедоршавии муқовиматҳои гуногуни милатгароӣ, ҳамчунин баромадҳои нерӯҳои бунёдгарои экстремистӣ шавад ва ин метавонад вазъиятро дар як минтақаи васеъ муташанниҷ гардонад. Изҳороти ҷавобии вазорати умури хориҷии Русия дар бобати он, ки пойгоҳи нав дар Қирғизистон ба муқобили кишвари сеюм равона карда нашудааст, ба мухолифати Русияву Қирғизистон, аз як тараф ва Ӯзбекистон, аз тарафи дигар хотима набахшид.

Перомуни сабабҳои розӣ шудани Қирғизистон ба ҷойгир кардани пойгоҳи нави низомии Русия сухан ронда, бояд проблемаҳои демографӣ, зиддиятҳои байниқавмию байнимазҳабӣ, иқтисодӣ, дохилисиёсӣ ва байнидавлатиро ба назар гирифт, ки дар ҷануби мамлакат ва вуҷуд омадаанд. Таҳлили ин омилҳо имкон медиҳад, ки ба умқи сабабҳои сиёсати Бишкеку Тошканд сарфаҳм равем.

Минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Боткент қисмати аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ҷудоафтодаи мамлакат ба ҳисоб меравад ва онро бо шимоли кишвар ҳамагӣ як роҳи кӯҳӣ пайваст мекунаду халос. Ин минтақаҳо, ки дар гузашта камтар тараққӣ кардаанд, аз бисёрии аҳолии деҳот азият мекашанд. Маҳз ҳамин вилоятҳои ҷанубӣ манбаи асосии муҳоҷирони кории қирғиз ба Русия мебошанд.

Қисми зиди ӯзбекҳои Қирғизистон дар ҷануби мамлакат ҷамъ омадаанд ва шумораи онҳо дар оғози соли 2009 ба 766, 7 ҳазор расидааст ва ин аз се як ҳиссаи аҳолии 2,5 миллионаи Қирғизистони Ҷанубиро ташкил медиҳад. Бино ба баъзе маълумоти дигар, шумораи ӯзбекҳо дар ин минтақа боз ҳам бештар аст. Масалан, бино ба маълумоти М. Коперов, ӯзбекҳо дар вилояти Боткент 10%, дар вилояти Ҷалолобод 40% дар вилояти Ӯш 60%-и аҳолиро ташкил медиҳанд ва дар як қатор ноҳияҳои наздиксарҳадӣ ӯзбекҳо то 90%-и аҳолиро ташкил медиҳанд. 

Баробари ин ҳуқуқҳои сиёсӣ ва этнофарҳангии ӯзбекҳо маҳдуд карда шудааст ва онҳо дар идораҳои ҳокимияти вилоятӣ қариб намояндае надоранд, ҳамчунин барои истифода аз забони модариашон имконияти кофӣ надоранд, ки ин омилҳо ба тезутунд шудани вазъият мусоидат мекунанд. Соли 1990 байни қирғизҳову ӯзбекҳои вилояти Ӯш зиддияти калони мусаллаҳ ба вуҷуд омад ва дар натиҷаи он садҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Барои такрор нашудани он Тошканду Бишкек маҷбуранд, ки ин омилҳоро дар сиёсати хориҷии худ ба назар бигиранд.

Минтақаҳои ҷануб ҳудуди транзитие ба ҳисоб мераванд барои наркотрафики Афғонистон, ки аз тариқи Тоҷикистон меояд ва ҳамчунин маркази фаъолияти ҷунбишҳои бунёдгарои исломӣ, аз қабили «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошад. Мавқеи стратегии ин минтақа, ки дар байни сарҳадҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷойгир шудааст, гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро ба худ ҷалб мекунад. 

Солҳои 1999-2000-ум дастаҳои мусаллаҳи Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон маҳз ба вилояти Боткент таҷовуз кардаанд ва ҷанг бо онҳо дар масофаи 70 км аз Тошканд сурат гирифта буд. Ҳодисаҳои Боткент намоиш доданд, ки ин ҷумҳурӣ дар назди хатарҳои беруна хеле заиф аст. Баробари ин қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ки мисли Қазоқистон Ӯзбекистону Туркманистон захираи хуби молиявӣ ва ҳамчунин мисли Тоҷикистон таҷрибаи иштироки тӯлонӣ дар ҷанги дохилиро надорад, ба ақидаи таҳлилгарони низомӣ дар минтақа аз ҳама заифтар аст.

Проблемаҳои марзии Қирғизистону Ӯзбекистон то ба ҳол пурра танзим нашудаанд. То имрӯз 80%-и хати сарҳади давлатӣ, ки релйефи мураккаби кӯҳӣ дорад, мувофиқа шудаасту халос. Вале зиддиятҳо ҳатто дар китъаҳои делимитатсияшудаи сарҳад низ ба вуҷуд меоянд. Моҳи апрели соли равон дар деҳаи наздисарҳадии Чек, ки байни Ӯзбекистону Қирғизистон тақсим шудааст, зиддият ба амал омад. 

Намояндагони сохторҳои қудратии Ӯзбекистон шаҳрвандҳои Қирғизистонро, ки дар ҳудуди онҳо зиндагӣ мекунанду асосан ӯзбектаборанд, ба мусоҳира гирифта, хонаву ҳуҷҷатҳояшонро сахт тафтиш карданд. Дар натиҷаи мубодилаи нотаҳои вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар зиддият ҳалли худро пайдо накарда ва танзими онро ба ихтиёри ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳавола карданд. 

Баъди задухӯрди мусаллаҳ бо размандагони Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон дар вилояти Андиҷон, ки моҳи май ба вуқӯъ омад, Ӯзбекистон дар сарҳадаш бо Қирғизистон ба сохтмони деворҳои бетонӣ ва кандани хандақҳо оғоз намуд, ҳарчанд мувофиқи аҳднома дар ҳудудҳои баҳсталаб сохтумони ҳар гуна иншоот манъ аст.

Ӯзбекистон ҳамчунин аз нақшаҳои Қирғизистон дар бобати сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар рӯди Норин (силсиланерӯгоҳҳои Қамбарато) сахт ба ташвиш афтодааст. Зеро вобастагии ӯзбекҳо аз захираҳои оби Қирғизистон мумкин боз ҳам бештар гардад.

Дар соҳаи кишоварзии Ӯзбекистон, ки сахт аз об вобастагӣ дорад, зида аз нисфи аҳолии мамлакат кор мекунанд ва маҳсулоти асосии содиротии онҳо пахта ба шумор меравад. Барои обёрии ин ва дигар зироатҳо Ӯзбекистон мехоҳад, ки оби Сирдарё бештар тобистон ҷорӣ шавад, вале Қирғизистон, ки аз камбуди нерӯи барқ азият мекашад, бештар манфиатдори дар зимистон сар додани обҳои обанбораш барои тавлиди нерӯи барқ мебошад.

Ӯзбекистон, ки дорои захираи калони газ мебошад, онро ҳамчун як омили фишороварӣ ба Қирғизистон истифода мебарад, Қирғизистон, ки захираҳои нафту газ надорад, мехоҳад барои таъмини истиқлолияти энергетикии худ нерӯгоҳҳои нави барқии обӣ бисозад. Вазъияти бӯҳронӣ дар муносибатҳои Қирғизистону Ӯзбекистон таҳлилгаронро водор месозад, ки вариантҳои навмедонаи инкишофи ҳодисаҳо, аз ҷумла сенарияи ҷангро пешгӯӣ намоянд.

Коршиносҳои қирғиз эҳтимоли аз ҷониби Ӯзбекистон забт шудани обонбори асосии ҷумҳурӣ-Тӯхтагулро ба таври ҷиддӣ муҳокима мекунанд. Ба қавли сиёсатшиноси қирғиз Руслан Акматбек: «Имрӯз дар ҳар ду тарафи сарҳад аллакай фарзияҳои гуногуни инкишофи ҳодисаҳо муҳокима мешаванд, шурӯъ аз фуруд омадани десанти ӯзбек дар обанбори Тӯхтагул то ба таҷовузи артиши Ӯзбекистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон». Чунин сенарияро таҳлилгарони Русия ҳам аз эҳтимол дур намедонанд. 

Ба қавли мудири шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қирғизистони пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин «Ҳангоми амалиётҳои террористии моҳи май дар Хонободи Ӯзбекистон…марзбонҳои ду кишвар дар остонаи тирпарронӣ ба ҳамдигар қарор доштанд» ва танҳо бо дахолати раҳбарони идораҳои марзбонӣ ва роҳбарони идораҳои марзбонӣ ва роҳбарияти олии сиёсии Қирғизистон ҳодисаи нохуш пешгирӣ карда шуд. «Агар ҳодиса ранги дигар сурат мегирифт, Ӯзбекистон, ки аз ҷиҳати ҳарбӣ нисбат ба ҳамсояҳояш пурзӯртар аст, мумкин буд барои таъқиби террористҳо ба хоки кишвари дигар медаромад». 

Бояд қайд кард, ки Ӯзбекистон таҷрибаи амалиёти ҳарбӣ дар кишварҳои дигарро дорад. Артиши ӯзбек солҳои 1992-1997 дар хоки Тоҷикистон аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ ба муқобили ҷузъу томҳои мухолифини тоҷик ҷангидааст.

Аз ин рӯ фаҳмост, ки чаро Қирғизистон ба ҷойгиршавии пойгоҳи нави низомии Русия дар ҷониби кишвараш бо майли том розӣ шудаасту дар СПАД фаъолона ширкат меварзад. Бар хилофи Ӯзбекистон Қирғизистон ҳамаи созишномаҳоро оид ба таъсиси нерӯи дастаҷамъии зудамал, ки яке аз қисматҳои асосии СПАД хоҳад шуд, имзо кардааст. Аз ин рӯ ҷойгиршавии пойгоҳи низомии нави Русия дар ҷануби ҷумҳурӣ, ҳатто дар ҳайати як баталён, барои Қирғизистон яке аз омилҳои назарраси суботу оромӣ маҳсуб мешавад.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi