19:54:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"НЕТАНЯҲУ ГУФТУГӮҲОИ МАХФӢ ДАР РУСИЯ ДОШТААСТ"

Гузоришҳо аз Исроил ҳокист, ки Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар рӯзи душанбе, 7 август барои гуфтугӯ дар бораи муъомилоти таслиҳотии давлати Русия бо Эрон махфиёна ба Русия рафтааст. Дафтари оқои Нетаняҳу ҳозир нашудааст ин хабарро таъйид ё инкор кунад ва вазорати умури хориҷаи Русия низ дар ин бора изҳори назар накардааст. 

Дафтари нахуствазири Исроил таъкид дорад, ки ӯ авоили ҳафтаи ҷорӣ аз "як таъсисоти амниятӣ" дидан кардааст. Ин гузоришҳо чанд рӯз баъд аз он мунташир шудааст, ки расонаҳои ғарбӣ ва Русия иддаъо кардаанд маъмурони созмони иттилоъот ва амнияти Исроил дар мутаваққиф шудани як киштии Русия ба номи Arctic Sea (Уқёнуси Мунҷамиди Шимолӣ) даст доштаанд.

Ин киштӣ боре дар ҷараёни сафараш аз Финлонд ба Алҷазоир барои муддате нопадид шуд ва ба гуфтаи Тим Франкс, гузоришгари Би-би-сӣ дар Байтулмуқаддас бархе маҳофили расонаии Исроил бар ин боваранд, ки нопадид шудани муваққати он бо сафаре, ки тасаввур мешавад оқои Нетаняҳу ба Русия анҷом додааст, иртибот дошта бошад.

Давлати Русия баъдан эълом кард, ки ин киштӣ ҳомили алвори чӯб буда ва далели нопадидии он рабуда шуданаш буда, ки пас аз радёбӣ тавассути нерӯи дарёии Русия хадамааш наҷот ёфтаанд. Акнун яке аз мақомҳои аршади наздик ба созмони ҷосусии Исроил ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки киштии мазкур системи дифоъи зидди ҳамалоти ҳавоии пешрафтаи Русияро ба самти Эрон мебурдааст.

Ин мақоми Исроилӣ гуфт Исроил ба Русия ҳушдор дода буд, ки аз бори ин киштӣ мутталеъ аст ва ба андозаи кофӣ ба Русия фурсат дод то пеш аз ифшогарии аланӣ ва обрӯрезӣ онро мутаваққиф кунад. Мақомҳои Русия гузоришҳоеро, ки гуфтаанд ин кишвар тавассути ин киштӣ барои Эрон мушак ҳамл мекарда, инкор кардааст.

Гуфта шудааст, ки Исроил ба Русия мадорикеро нишон дода, дол бар ин ки таслиҳоте, ки ба Эрон фурӯхта дар ихтиёри ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор гирифтааст. Матбуъоти Исроил овардаанд, ки оқои Нетаняҳу ҳамчунин дар пайи он будааст, ки Русия ба Эрон мушакҳои пешрафтаи замин ба ҳаво нафурӯшад. Аз ин мушакҳо метавон барои дифоъ аз таъсисоти ҳастаӣ истифода кард.

Ба гуфтаи гузоришгари Би-би-сӣ Исроил нигаронии хосе дар бораи таҷҳизоти зидди ҳамалоти ҳавоии Эрон дорад, чун агар тасмим бигирад , ки дар ростои муқобила бо баландпарвозиҳои ҳастаии Эрон даст ба ҳамалоти ҳавоӣ бизанад, ин гузинаро аз даст медиҳад.

Имрӯз намояндаи Омрико дар Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ гуфт, ки Эрон акнун урониюми лозим барои сохти силоҳи ҳастаӣ дорад ё ба зудӣ хоҳад дошт. Эрон таъкид дорад, ки барномаи ҳастаии ин кишвар ба таври комил барои масрафҳои ғайринизомӣ аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi