23:57:30 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲКУМИЯТИ ҶАҲОНИИ ҚАТЛИ 92 ТАН ДАР СУРИЯ

Мавҷи маҳкумияти қатли 92 ғайринизомӣ дар шаҳри Ҳулои Сурия, аз сӯи кишварҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ боло гирифтааст. Бар Ки Мун, дабири кулли СММ ва Кофӣ Аннон намояндаи вижаи СММ дар умури Сурия аз давлати Башор Асад хостаанд, ки истифода аз аслиҳаи сангин дар манотиқи аҳолинишинро хотима диҳад.

/images/stories/2012/05/27_kushtashudagon-27512.jpgҲилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи шанбе куштори бераҳмона дар шаҳри Ҳулоро маҳкум кард ва хостори поёни хунрезиҳо дар Сурия шуд. Хонум Клинтон дар поёни баёнияи худ, ки аз сӯи сухангӯи вай хонда шуд, гуфт, ИМА ҳамроҳ бо ҷомеаи байналмилалӣ фишорҳо бар Башор Асадро афзоиш хоҳад дод.

Ҳамчунон Фаронса ин рӯйдодро маҳкум кард. Кувайт хостори нишасти изтирории Иттиҳодияи Араб дар ин бора шуд ва вазири умури хориҷии Бритониё ҳам хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амният шудааст

Раиси нозирони СММ дар Сурия таъйид кард, ки рӯзи шанбе дар шаҳри Ҳуло 92 нафар кушта шудаанд. Генерал Роберт Моод асри рӯзи шанбе дар Димишқ гуфт, дар миёни кушташудагон 32 кӯдаки бегуноҳ ва шумори зиёди занон ҳастанд: «Ин иқдом аз сӯи ҳар кас ки оғоз шуда ё ҳар касе, ки масъулияти онро бар ӯҳда дорад, ё ҳар касе ки дар вуқӯи он ҳамкорӣ кардааст, ҳамлаест ғайри қобили қабул, ки алайҳи оянда ва ормонҳои мардуми Сурия анҷом шудааст."

Раиси нозирони СММ афзуд, ки масъулони ин ҷиноят бояд муҷозот шаванд. Мухолифони Башор Асад мегӯянд, тонкҳои артиши Сурия рӯзи ҷумъа мардумро дар маркази шаҳри Ҳуло тирборон карданд. Давлати Сурия "гурӯҳҳои террористӣ"-ро масъули ин ҷиноят муаррифӣ кардааст.

СММ мегӯяд, аз оғози ошӯбҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия беш аз 10 000 нафар ҳалок шудаанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳам дар гузориши наваш гуфтааст, бо вуҷуди оташбас ва эъзоми 270 нозир, ҳар рӯз дар Сурия “мизони ғайриқобилиқабули хушунат ва табъизҳо” дида шуда, “вазъи умумӣ шадидан ҷиддӣ боқӣ мемонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi