14:41:19 16-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ПАНЕТТА: "АГАР ТАҲРИМ НАШУД, ЧОРАИ НИЗОМӢ МЕАНДЕШЕМ"

Вазири дифои Амрико гуфтааст, ин кишвар ба Эрон иҷозаи дастёбӣ ба ҷангафзорҳои ҳастаиро нахоҳад дод. Леон Панетта , вазири дифои Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, гузинаҳои низомӣ алайҳи Эрон на танҳо комилан дастрас аст, балки омода ҳам ҳаст ва барномарезиҳои лозим барои он анҷом шудааст.

/images/stories/2012/05/29_panetta-29512.jpgҶаноби Панетта рӯзи якшанбе (27-уми май) дар сӯҳбат бо шабакаи хабарии ABC таъкид кардааст: "Асоси кор ин аст, ки на Амрико ва на ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор нест ба Эрон иҷозаи сохти силоҳи ҳастаӣ бидиҳанд."

Вазири дифои Амрико дар идомаи ин мусоҳиба афзудааст: "Беҳтар аст, ин қазия аз роҳи дипломатӣ ва аз тариқи эъмоли фишор ҳал шавад, то аз  роҳи низомӣ. Аммо маънияш ин нест, ки он гузина комилан дар дастрас нест. На танҳо дар дастрас аст, балки омода ҳам ҳаст. Барои итминон аз омода будани ин гузина, барномаҳои лозим анҷом шудааст."

Амрико, Исроил ва муттаҳидони онҳо хостори анҷоми боздид аз пойгоҳҳои "машкук"-и ҳастаии Эрон, ба вижа Порчин дар наздикии Теҳрон ҳастанд ва аз барномаи ҳастаии Эрон ибрози нигаронӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Эрон ин нигарониҳоро беасос медонад.

«Озодӣ»


 

 




Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi