15:41:21 01-уми Июли 2025 сол

САДОИ ШИКАСТИ АМРИКО ДАР АФҒОНИСТОН

Ҳар рӯз хабари ҳузнангез аз Афғонистони ҳамсоя мерасад. Боз тайёрае бомб партов кардааст ва инсонҳои бегуноҳ ҷоми шаҳодат нӯшидаанд. Боз мошине дар пурҷамъияттарин ҷои Кобул ё кадом як шаҳри дигари ин кишвар инфиҷор ёфтааст ва теъдоди қурбониён болотар аз асноди расмист. Боз амрикоиён болои мавзъеи Толибон ҳамла бурдаанд ва на толиб, балки хонаи бечорае оташ гирифтааст. Ва боз иттилои дигар ба ин монанд.

 

Ин кишвар пеш аз 30 сол аст, ки ором надорад, беш аз сӣ сол аст, ки хуни ноҳақ мерезад. Қудратҳо ба хотири касби тасалут онро яке паси дигар ишғол мекунанд. шӯравӣ 10 сол хокашро бехт ва ҳоло ин корро ба даҳшатноктарин шева ИМА анҷом медиҳад. Бовар надоред? Пас лутфан ин матлабро бихонед.

 

Оё ин иштибоҳ буд?

 

Дар ин рӯзҳое, ки Афғонистон дар интизории натиҷаи интихоботи райиси ҷумҳур ба сар мебарад, ҳарбиёни амрикоӣ ба иштибоҳи дигари марговар роҳ медиҳанд, ки бар асари он бештар аз 90 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ва ин на аввалин ва на охирин иштибоҳи низомиёни артиши ишғолгар аст.

 

Ин бор ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба Паймони Атлантики Шимолӣ, ки аз ҷониби халабонҳои амрикоӣ идора мешуд, дар ҷараёни бомбборони қатори мошинҳои бензин, ки гурӯҳи Толибон онро аз худашон рабуда буд, деҳаеро низ ҳадафи ҳамла қарор доданд. Садҳо тан бо шӯру валвала хонаву кошонаи худро тарк карданд.

 

Ин як ҳамлаи ғофилгирона ва ғайриинтизор ба ин деҳаи орому сокити кӯҳистонӣ буд. Танҳо дар рӯзи аввал аз кушта шудани беш аз 90 нафар иттилоъ дода мешуд ва дар хабари маркази пулис омада, ки теъдоди қурбониён рӯ ба афзоиш дорад. Беомористонҳои атроф лаболаб аз захмиён шуд. Доруворӣ намерасад, кӯмакҳои аввалия нокифояанд. Чунин аст сурати ҳол.

 

Мушкил андар мушкил, хориҷиён иддиои таъмини амният мекунанд, аммо худ пайваста ва хоставу нохоста даст ба қатли касоне мезананд, ки ҷурме дар ин гирудорҳо надоранд. Ва баҳона ҳамон якест: душманонро дунболгирӣ мекарданд ва иштибоҳ сурат гирифтааст. Ва ин иштибоҳ ба таври ҳамешагӣ рух медиҳад, аз оғоз то ба ин дам.

 

Ва тӯли ин муддат садҳо тан бегуноҳон аз иштибоҳи сарбози артиши ишғолгар куштаву захмӣ ва даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву дар мондаанд. Касе гӯши шунидани сухани эътирозӣ надорад. Амрикоиҳо дар ҳеҷ замоне ин иштибоҳотро тафтишу таҳқиқ накардаанд ва гунаҳгоронро ба ҷазо накашидаанд. Ин аст, ки иштибоҳот паси ҳам рух медиҳанд, одамон куштаву захмӣ мешаванд, хонаҳо валангор мегарданд.

 

Дар ҳодисаи рӯзи шанбеи гузашта рухдода нерӯҳои НАТО корвони мошинҳоеро дунболагирӣ мекарданд, ки Толибон аз онҳо рабуда буданд. Ин мошинҳо бензин мекашиданд. Фармондеҳии нерӯҳои хориҷӣ мегӯяд, тасмими нобудсозии мошинҳо аз он гирифта шуд, ки Толибон метавонистанд онҳоро дар амалҳои террористӣ истифода баранд.

 

Зеро вақтҳои охир инфиҷори мошинҳо дар маҳалҳои серҷамъият ва шаҳракҳои низомӣ дар Афғонистон басо зиёд рух медиҳад, ки бар асари он даҳҳо тан ҷони худро ба Холиқ таслим мекунанд. Дар ҳамин ҳол аз ҷануби кишвар дар бораи ҷангҳои шадид ва харобиовар иттилои зиддинақиз мерасад. Амрикоиҳо ҳарчанд ҳамлаҳои мухолифини давлати Кобулро зада пас мегардонанд, вале талафот медиҳанд. Ва боз ин дар ҳолест, ки талафоти онҳо сангинтар аз солҳои қабл аст.

 

Амрикоиҳо акнун бовар ҳосил кардаанд, ки аз сарбози афғоние, ки муддати дурудароз омӯзиш додаанд, манфиате ба онҳо намерасад. Ба афғон боварӣ нашояд, ӯ ҳозир нест ҳамватани худро ба хотири бегонагон қатл кунад ва ё зиддаш тир андозад. Як капрали артиши ИМА бо исми Брэкстон Рассел гуфтааст, ки «Ҷониби мо ҳамеша аз норинҷакандоз ва пулемёт тир холӣ мекунанд. Дуруст аст, ки мо ба ин ҳамлаҳо посух медиҳем. Сарбозони афғонро назорат кардан басо мушкил аст. Ташаккур ба онҳо, ки ақаллан ҷониби мо тирандозӣ намекунанд».

 

Амрико бо вуҷуди талафот ва мавҷудияти мушкилоти зиёд алҳол тасмим надорад аз ин кишвар хориҷ шавад. Сарвари Пентагон Роберт Гейтс дар сӯҳбате изҳор доштааст, ки кишвараш ният надорад аз Афғонистон берун равад. «Дар ин ҷанг воситаҳои зиёд сарф шуданд. Дар оғоз ин воситаҳо камтар истифода шуданд, баъдан басо зиёд. Аз ин рӯ вазъ ба вахомат гароид. Президент Обама ҳоло тасмим гирифтааст, бо афзудани сафи артиш вазъро дигаргун созад».

 

Пентагон пайваста буҷаи низомии вобаста ба Афғонистонро зиёд мекунад. Ҳадаф ҷилавгирӣ аз шикасти шармандавор аст. Дар оғози фаъолияти худ дар Кохи Сафед президент Барак Обама аз Конгресси кишвараш хоста буд, то нақшаи 83,4 миллиард доллари ҷудошуда барои идомаи ҷанг дар Афғонистон ва Ироқро тасдиқ намояд. «Суботи амният аз масъулияти ҳукумат вобастагӣ дорад. Ин дархост воситаҳоеро дар бар гирифтааст, ки барои ба вуҷуд овардани суботи сиёсиву иқтисодӣ дар манотиқи пасазҷангӣ, ба хотири дифоъ аз инфраструктураи Афғонистон ва Ироқ зарур аст», - гуфта мешуд дар номаи президент ба Конгресс.

 

Воситаҳои иловагӣ, менавишт президент, бояд ба фармондеҳии низомӣ имкон фароҳам оварда, ки мушкилоти гуманитариро ҳаллу фасл намуда, харобаҳои ҷангро барқарор созад. Мо ин маблағҳоро барои таъмини бехатарии дипломатҳо ва пӯшонидани хароҷот барои фаъол гардонидани корҳои дипломатӣ дар Афғонистон, Ироқ ва Покистон масраф хоҳем, кард. Мо бояд ҳар навъи таъсир-иқтисод, дипломатия ва артишро истифода барем, то ин ки ба таҳдидҳои бехатарии кишвар муқовимат карда тавонем»

 

Ҳамроҳон майдони ҷангро тарк мекунанд

 

Ҳафтаи гузашта воситаҳои ахбори омма дар бораи он навишта, ки Канада тасмим гирифтааст ва аввалинҳо шуда нерӯҳои низомиашро аз Афғонистон хориҷ созад. Ин давлат дигар майл надорад баъди соли 2011 мӯҳлати будубоши нерӯҳои низомии худро дар Афғонистон тамдид кунад.

 

Тибқи иттилои «Франспресс», вазири дифои ин кишвар Питер Маккей зимни як суханронӣ бо эълони он, ки сарбозони Канада баъди соли 2011 дар Афғонистон дигар нахоҳанд ҷангид, гуфтааст, ки «ба муттаҳидон аз Паймони Атлантики Шимолӣ пайваста талқин мешавад, ки дар таъмини амнияти Афғонистон тавваҷҷӯҳи бештар дошта бошанд.

 

Аммо биср кишварҳое ҳастанд, ки ин даъватҳо қабл аз ҳар чизи дигар бо онҳо бояд нигаронида шавад». Вазири дифоъ мушаххасан нагуфтааст, ки мухотабаш кист, танҳо сареҳан гӯшзад кардааст, ки ИМА набояд умед бандад, ки Канада баъди соли 2011 низ дар Афғонистон боқӣ мемонад.

 

Канада сеюмин кишваре баъди ИМА ва Британияи Кабир аст, ки ба Афғонистон нерӯҳои зиёд эъзом кардааст. Дар баробари ин талафоташ низ гаронтар аз дигарон аст. Сомонаи мустақили «icasualties.org» теъдоди талафоти амрикоиёнро дар муддати бештар аз шаш моҳи охир 172 нафар эълон кардааст.

 

Дар 7 моҳи соли гузашта бошад, нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон 155 нафарро талаф дода буданд. Талафоти умумии ИМА дар Афғонистон аз замони вуруд то ба ин дам 802 нафаро ташкил додааст. Британия бошад аз талафоти 207 сарбоз ва Канада 127 нафар хабар додаанд. Рӯзномаи «Вашингтон пост» бо овардани ин маълумот навиштааст, ки албатта, ин рақамҳо ба теъдоди талафоти шӯравиҳо дар Афғонистон муқоисанашаванда аст, вале норозигии бештари мардумро ба бор овардааст.

 

Тибқи пурсише, ки ин рӯзнома доир кардааст, бештар аз ниме аз амрикоиҳо бар ин назаранд, ки ҷанг дар Афғонистон набояд идома дода шавад. Аз се як ҳиссаи пурсидашудагон бошанд, бовар доранд, ки ИМА аз ин ҷанг бо шикаст берун меояд.

 

НОРОЗИЁН НА ТАНҲО МУТТАҲИДОНАНД

 

Норозигӣ аз сиёсати сарвари Кохи Сафед дар қиболи Афғонистон ба долонҳои ҳукумат ва парлумони ин кишвар низ роҳ меёбад. Ва на танҳо ҷумҳурихоҳон, балки худи демократҳо низ ба таъсирбахш будани амалиётҳои нави Пентагон дар Афғонистон шубҳа мекунанд. Ҳафтаи қабл сенатори демократ Рассел Фейнголд аз аввалинҳо шуда аз президент Обама талаб кард, ки таърихи хурӯҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон мушаххас кунад.

 

Гузашта аз ин барои Обама низ на камтар аз як сол боқӣ мондааст, то ҳақ будани стратегияи афғонии худро ба интихобкунандагонаш нишон диҳад. Дар пеш интихоботи миёндаврии Конгресси ИМА аст, ки қарор аст моҳи нояби соли 2010 баргузор шавад.

 

Аксари таҳлилгарони низомӣ дар рӯйдодҳои ахир садои шикасти Амрикоро шунидаанд. Мудири шӯъбаи Ховари Миёна ва Наздики Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи фанҳои Русия Вячеслав Белокренитский бовар надорад, ки ҳатто то соли 2011 амрикоиҳо тавонанд вазъро ба фоидаи худ тағйир диҳанд.

 

Гузашта аз ин, дар ҷомеаи ИМА эътирозоти зиддиҷангӣ рӯ ба афзоиш аст. Ва боз ин дар ҳолест, ки муттаҳидон низ ба дурнамои ин ҷанг чандон хушбин нестанд. Ин коршинос мегӯяд, имкон дорад амрикоиҳо бо гурӯҳе аз Толибон канор оянд ва таъмини амниятро қисман ба ӯҳдаи онҳо вогузоранд.

 

Ш. Муҳаммадиқбол

Назари Шумо

Security code
навсозӣ