05:56:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Туркия дар остонаи интихобот ва ҳамапурсӣ

Бобоҷони Шафеъ, шореҳи сиёсии "Рӯзгор"

Оё ҳизби исломгарои ҳоким муваффақ ба ин ҳоҳад буд, ки эътибори ҳарбиёнро коҳиш диҳад ва Эрдуғонро дар садри ҳокимияти президентӣ биншонад?

1.turkish-germans-2013Дар пасманзараи ноамниҳо ва тазоҳуроти густардаи мардум, ки моҳи июн сар то сари Туркияро такон додаву муҷиби куштаву захмӣ шудани садҳо тан аз миёни мардуми эътирозӣ ва нерӯҳои амниятии кишвар шуда буд, ҳизби ҳокими “Адолат ва тараққиёт” худро ба як ҳамапурсии оммавии тағйири низоми ҳокимият дар кишвар омода мекунад. Қарор аст ин ҳамапурсӣ аллакай соли  2014 баргузор шавад ва ҳадаф аз он Туркияро аз ҷумҳурии парламонӣ ба ҷумҳурии прензидентӣ овардан аст.

Пешниҳоде, ки ду сол ба инҷониб омӯхтаву таҳқиқ мешавад, аз ҷониби синфи ҳоким дар миён гузошта шудааст. Тағйири низоми ҳокимият тағйири конститутсияи кишварро тақозо мекунад ва бидуни ин ҳизб наметавонад ба ормонҳои худ бирасад. Ба ин муносибат дар ҳайати 12 нафар, яъне сенафарӣ аз ҳар фраксияи парламонӣ ҳайати комиссия таъсис шуда буд, ки муддати ду сол тағйироту иловаҳо ба қонуни асосиро омӯхт, вале то ба ҳол сари ҷумҳурии парламонӣ ё президентӣ ба тавофуқ нарасидааст.

Вакилони мардумӣ тибқи дастури синфи ҳоким мебоист ин корро ҳанӯз ним сол пеш ба анҷом мерасониданд ва ба ин шахсан худи Раҷаб Тайип Эрдуғон пофишорӣ карда буд. Вале тӯли ин ду сол комиссия натавонист сари масъалаи асосӣ ба хулосаи ягона ояд. Тазоҳуроти густардаи мардум ва бурузи ноамниҳои эҳтимолӣ ҳизби ҳокимро водор кард, ки ин масъаларо тезонад, вагарна интизории ба ҳам омадани назарҳои мухталифи фраксияҳои парламонӣ на ба нафъи вазъи сиёсии кишвар хоҳад буд. 

Аз ин рӯ чанде пештар сарвари Маҷлис Ҷамол Чичек дар ҷаласа эълон кард: “Мо аз ин беш наметавонем  мунтазир будан. Интихобот дар остона қарор дорад”. Мантиқ ба он далолат мекунад, ки спикери парламон мехоҳад ба баҳсҳо сари низоми конститутсионӣ нуқта гузорад ва дар кӯтоҳтарин фурсат пешнависи қонуни асосии нав бояд омода ва ба муҳокимаи мардум пешниҳод гардад. 

Аҳзоби мухолиф ва тағйирот дар қонуни асосӣ

Яке аз мухолифони сарсахти тағйироти бунёдии низоми конститутсионӣ Ҳизби Халқӣ-Ҷумҳуриявӣ (ҲХҶ) аст. Узви комиссияи конститутсионӣ аз ин ҳизб Атилла Карт ба хабаргузориҳо ахиран гуфтааст, ки ҲХҶ ба идомаи кори комиссия то расидан ба мувофақа миёни фраксияҳои парламонӣ пофишорӣ мекунад. “Конститутсия ҳоло пурра омода нашудааст ва ҷаноби Эрдуғон бояд инро бипазирад”. Ҳизби “Ҳаракати миллӣ” ҳам тақрибан дар ҳамин мавқеъ қарор дорад ва сарварони он на як бору ду бор ҳизби ҳокимро ба фишор ба аъзоёни комиссия муттаҳам намуда буданд.

Аммо ба назар мерасад ҳизби ҳоким бими чандоне аз ин гуна изҳори назарҳову таҳдидҳо надорад ва заминаҳои баррасии умумимардумӣ фароҳам шудааст. Худи замон ҳам тақозо дорад, ки мамлакат билохира конститутсияи нав дошта бошад, зеро қонунии асосии имрӯз соли 1982 қабул шудааст ва ҳоло ба рӯҳи замон мувофиқ нест.

2.turkish-germans-2013Аз ин рӯ Эрдуғон талош дорад дар наздиктарин фурсат парлумон лоиҳаи омодашударо барои муҳокима ва таъини рӯзи ҳамапурсӣ ба овоз монад. Дилпурии Раҷаб Тайип Эрдуғон ва ҳамҳизбҳояш аз он аст, ки дар парламон лоиҳа овоз мегирад, зеро барои пазириши он тибқи қонун 3/5 ҳайати умумии Маҷлис ё худ 330 нафар овоз диҳанд. Худи ҳизби “Адолат ва тараққиёт” дар парламон соҳиби 327 курсӣ аст ва пайдо кардани се нафари дигар аз миёни аҳзоби дигар мушкилот ба бор намеорад. 

Таҳлилгарони масоили амниятии ин кишвар мегӯянд вақтҳои охир ҷалб шудани Эрдуғон ба ҳалли ихтилоф бо курдҳо танҳо фишори берунӣ нест ва ҳадаф пазириши Туркия ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ҳам нест. Чун Эрдуғон аллакай медонад, ки зарфи чанд соли оянда умеде вуҷуд надорад, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо Туркияро ба узвияти худ бипазиранд.

Эрдуғон ба курдҳо ва овози онҳо дар интихобот ва пазириши Конститутсияи нав эҳтиёҷ дорад. Вале ба иваз бояд кафолатҳои амниятиву озодиҳои демократӣ ба онҳо дода шавад. Он ки курдҳо ахиран ҷалб шудаанд, ба ҳамин маъност. Яъне, мехоҳанд бо истифода аз пешниҳодҳои давлат барои худ манфиатҳоеро касб кунанд. 

Ақалиятҳои миллӣ ва мухторияти курдҳо

Масъалаи ақалиятҳои миллӣ дар Туркия дар ҳақиқат ба як масъалаи баҳсбарангез табдил шудааст. Дар конститутсияи амалкунанда ҳуқуқи курдҳо чун миллати алоҳида  рад карда мешуд ва як сабаби ихтишош миёни курдҳои ҷудоихоҳ ва ҳукуматҳои мухталифи баъди Отатурк ҳамин эътироф нашудани миллати курд дар қонуни асосии Туркия маҳсуб мешуд.

Ҳатто дар се конститутсия курдҳо ҳақи миллат буданро надоштанд. Онҳо ҳамзамон ҳақ надоранд бо забони модарии худ дар макотиб таҳсил кунанд, нашрияҳои чопӣ дошта бошанд, ба гузаштаи худ бинозанд, таърихи худро биёмузанд. Аз ин рӯ ҳизби курдии “Сулҳ ва демократия” бар ин назар аст, ки бо пуштибонии худ аз лоиҳаи конститутсияи нав метавонад барои курдҳо озодиҳои демократӣ оварад.

Курдҳо ҳоло сари ба даст овардани мухторият талош доранд ва гуфтушунидҳо бо ҳукумати Эрдуғон аллакай онҳоро ба ин хушбин кардааст. Гувоҳи ин бо даъвати Абдуллоҳи Уҷалон аз Туркия хориҷ шудани артиши ҳизби Курдистон буд, ки ахиран сурат гирифт. Ба дигар маънӣ ҳизби ҳоким зина ба зина ба ҳалли демократӣ ва сулҳомези мушкилоти курдҳо наздик мешавад. Ҳарчанд таҳлилгарони хориҷӣ ба ин чандон хушбин нестанд. Аз ҷумла дотсенти Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав Павел Шликов мегӯяд “алҳол ҷустуҷӯи роҳҳои расидан ба мушкилоти курдҳо дар Туркия чандон муассир нест”. 

Нақши ҳарбиён ва ваколатҳои президент

Нуктаи муҳими дигаре, ки ҳизби ҳоким пешниҳод мекунад, коҳиши нақши ҳарбиён дар идораи кишвар аст. То ин замон артиш дар ҳаёти сиёсии Туркия нақши бориз дошт ва маҳз ҳамин буд, ки борҳо даст ба табаддулот задаву низомҳои исломгароро сарнагун кардааст. Ба маънии дигар Раҷаб Тайип Эрдуғон, ки назар ба пешгузаштагонаш бештар дар ҳокимият поид, ҳоло мехоҳад як навъ қасос бистонад.

Чанд сол пеш бо гумони роҳандозии табаддулоти низомӣ як гурӯҳи калони ҳарбиён, ки миёни онҳо генералҳо ва адмиралҳои шинохта ҳам кам набуданд, боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ҳоло ҳизби ҳоким талош дорад бо истифода аз фурсати муносиб нақши ҳарбиён дар идораи ҳокимиятро коҳиш диҳад ва бо ин васила аз табаддулотҳои эҳтимолии низомиён ҷилавгирӣ кунад. 

Масъалаи дигар ин ваколатҳои президент аст. Дар айни замон Туркия кишвари парламонист ва сарвари давлат сарвазир маҳсуб мешавад. Вале ҳоло дида мешавад, ки мӯҳлати будубоши Эрдуғон дар симмати сарвазирӣ ба поён мерасад ва таъкид ҳам мешавад, ки номзади ягона ва нисбатан обрӯманд аз ҳизби ҳоким боз ҳамин Раҷаб Эрдуғон аст. Аз ин рӯ мухолифони давлат бар ин назаранд, ки ҳама талошҳои Эрдуғон бар ин аст, ки худро дар оянда президент бинад ва қабули қонуни асосии нав ба поёни сарвазирии ӯ ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рост хоҳад омад.  

Осиёи Марказиву Туркияи демократӣ

Талоши имрӯзи Раҷаб Тайип Эрдуғон ҷиҳати қабули Конститутсияи нав, ки барояш имкон диҳад дар интихоботи навбатӣ чун номзад ширкат варзад, ба талоши ҳокимони кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ монанд аст. Замоне онҳо низ ба хотири аз даст надодани курсиҳои сарварӣ бо ҳар роҳу восита будубоши худро қонунӣ мекарданд.

Гоҳе ба қонунҳои асосии кишварашон тағйирот ворид мекарданд ва гоҳи дигар бо роҳандозии ҳамапурсиҳо муваффақ ба ин мешуданд. Ин аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбакистон ҳокимон аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дигар нашудаанд. Ва имрӯз ин ҳол дар Туркия ба мушоҳида мерасад. Раҷаб Тайип Эрдуғон дар поёни мӯҳлати сарвазирӣ мехоҳад Туркияро кишвари президентӣ бинад ва ин имкон хоҳад дод, ки ду навбати дигар дар қудрати Туркия бимонад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi