06:18:55 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Роғун

МАҶАЛЛАИ АМРИКОӢ ХОСТОРИ ФИШОР БАР УЗБАКИСТОН БАРОИ "РОҒУН" ШУД

Маҷаллаи Амрикоии «Diplomatic Courier» навиштааст, ки Русия, Чин ва Амрико бояд бар Узбакистон фишор оваранд, то дар мавриди тарҳи "Роғун" бо Тоҷикистон ба сари мизи музокира биншинад. Ин нашрияи муътабари байналмилалӣ ин мавзӯъро дар мақолае таҳти унвони "Садди Роғун: Бозии интизорӣ" матраҳ кардааст.

/images/stories/2013/03/07_roghun-america-070313.jpgИн мақола дар бораи натоиҷи муқаддамотии бозрасии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун", ки аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ ҳимояти молӣ мешавад иттилоъ медиҳад. Дар ин мақола аз ҷумла мехонем: "Дар ҳоле ки ниёз ба анҷоми бархе ислоҳот дар ин тарҳ вуҷуд дорад, Бонки Ҷаҳонӣ намехоҳад садди роҳи ин тарҳ бишавад."

Ин маҷалла меафзояд: "Агар масъулони тарҳи "Роғун" ҳамкории танготанги худро бо ин созмон идома бидиҳанд, имкон дорад Бонки Ҷаҳонӣ, Амрико ва чанде аз кишварҳои узви НОТУ ба таври ошкор аз ин тарҳ пуштибонӣ кунанд."

Ин мақола менависад, ки Узбакистон ба далели манофеъи кишоварзии худ бо иҷрои ин тарҳ мухолифат дорад. Ин дар ҳолест ки бунёди "Роғун" метавонад манбаъи энержии арзон ва пойдор барои минтақае бошад, ки ба ин энержӣ ниёзи мубрам дорад.

Ғайр аз баршумурдани манофеъи нерӯгоҳи "Роғун" барои кишварҳои минтақа, ин мақола ба шиддати ниёзмандии тоҷикҳо ба энержӣ, бавижа дар фасли сармо, ишора мекунад: "Камбуди барқ далели аслии он аст, ки Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар минтақа боқӣ мондааст."

Маҷаллаи «Diplomatic Courier» меафзояд: "Манфиъати бузургтаре барои кишварҳои узви НОТУ аз тарҳи "Роғун" он аст, ки он 2400 меговот барқ ба Афғонистон ва Покистон содир хоҳад кард."

Ва ин амр, ба навиштаи маҷалла, барои тавсеъаи иқтисодӣ дар ин минтақа ҳаётӣ хоҳад буд. Бо ишора ба мухолифати шадиди Узабкистон бо тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" маҷалла монеъаи аслӣ дар роҳи иҷрои ин тарҳро сиёсӣ мехонад. Муаллифи мақола навишта, ки Узбакистон алайҳи ин тарҳ ҳатто таҳдид ба анҷоми амалиёти низомӣ кардааст.

Ин маҷалла меафзояд: "Давлатҳои Осиёи Миёна бояд мувофиқатномаи тақсими захоири обро таҳия кунанд, ки итминон медиҳад Узбакистон ва Қазоқистон, кишварҳои поёноб, таҳти таъсири мустақими тарҳҳои энержии кишварҳои болооб, яъне Тоҷикистон ва Қирғизистон, қарор нагиранд."

Маҷаллаи «Diplomatic Courier» таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узабкистон дар додуситади гозу обро мурур карда ва менависад, ки ин кишварҳо дубора метавонанд ба ҳамкории созанда иқдом кунанд.

Мақола меафзояд, ки нигарониҳои Узабкистон бояд дар назар гирифта шаванд, "аммо набояд иҷоза дод, ки таҳдид ба хушунат садди роҳи тарҳе бишавад, ки метавонад дар минтақа ба ин андозаи зиёд таъсири мусбат дошта бошад."

Ба ин хотир, ин маҷаллаи муътабари байналмилалӣ дахолати "бозигарони бонуфуз" дар минтақаро дар ин қазия зарурӣ медонад. Дар он мехонем: "Бозигарони бонуфузе чун Русия, Чин ва Амрико бояд фаъъолона бар Узбакистон фишор биёваранд, ки сари мизи музокира бишинад."

«Diplomatic Courier» менависад ҳамоишҳое, ки дар чорчӯби "Соли байналмилалии об" дар моҳи март дар Ню-Йорк ва моҳи август дар Душанбе баргузор мешаванд, фурсатихубе барои ҳалли ин масъала фароҳам хоҳад кард.

Ин маҷаллаи байналмилалӣ дар ҳоле аз тарҳи "Роғун" ҳимоят карда, ки ду рӯз қабл "Фурбз", як маҷаллаи дигари муътабар, низ дар мақолае навишта буд, ки агар давлати Амрико мехоҳад пас аз хурӯҷи нерӯҳояш дар Афғонистон сабот барпо бошад, бояд аз бунёди садди "Роғун" ба таври комил пуштибонӣ кунад.

Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз бозрасиҳои фаннӣ ва таъсири зистмуҳитии ин тарҳи ҷанҷолбарангез дар минтақа ҳимояти молӣ мекунад, ҳафтае қабл гуфта буд, ки ёфтаҳои тозаи коршиносон ҳокист, ки садди мавриди назар дар тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ва мизони устувории хок дар маҳалли эҳдоси ин нерӯгоҳ қобили қабул ба назар мерасад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi