07:35:45 22-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам...

Аз нахустин рӯзи интишори шумораи панҷуми “Рӯзгор” то ба ин дам шоҳиди зангҳои телефонии зиёд шудем, ки наметавон дар бораи ҳар кадоми онҳо муфассал муҳокимаронӣ кард. Иддае аз хоннадагон пешниҳодоти вижае доштанд, ки қабул кардем, вале ҳоло ифшо намекунем, онҳоро дар ҷараёни кор амалӣ хоҳем кард.

haftanomai-ruzgor 2013Устод Иброҳим Усмон, ки пири журналистони кишваранд, бо як занги телефонии худ чанд шумораи ахири “Рӯзгор”-ро мухтасар таҳлил карданд. Барои он мо он нукта хушҳолкунанда буд, ки нашрия аз ҷониби ин устоди сухан мусбат арзёбӣ шуд ва зимнан чанд камбудии онро низ гуфтанд, ки мухлисона ва шогирдона  қабул дорем. Ва устод Иброҳим Усмон пешниҳодоти ҷолиб ҳам барои беҳтар шудани мӯҳтавои нашрия иброз доштанд, ки боз ҳам қобили қабул аст.

Журналисти шинохтаи кишвар Абдуқаюми Қаюмзод дар тамоси телефонӣ гуфт, ки “Рӯзгор”-ро дар радифи 7 нашрияе қарор додааст, ки маъмулан худаш пайваста мехонад.

Садриддин Камолзода аз Кӯлобшаҳр хостори аз як саҳифа бештар нашри кардани “Қиссаҳо аз рӯзгори эшони Султон” шуд. Вале ба хонандаи азиз посух ҳам додем, ки ба сабаби маҳдуд будани саҳифаҳои “Рӯзгор” ва тақсимбандӣ шудани ҳар саҳифа наметавонем қиссаро аз ин беш чоп кунем.

Ва ҳоле муруре дорем ба баъзе аз номаҳои электронии то ин лаҳзаҳо ба дастрасида:

Қомуси сулҳи тоҷикон бояд таъсис шавад

Мутолиаи сӯҳбат бо Мастура Ашурова маро ба андешае водор кард. То ба имрӯз шахсан ин ҷониб шояд даҳҳо сӯҳбату мақолаҳо дар бораи сулҳи тоҷикон хондаам. Ман ба он андеша, ки сулҳи тоҷиконро беназир ва як таҷрибаи нодири ҷомеаи байналмилалӣ меноманд, мувофиқам. Дар ҳақиқат тоҷикон кореро анҷом доданд, ки масалан бародарони афғонии мо дар орзуи онанд. Мо медонем, ки ҷанги мо аз ҷанги Афғонистон фарқ мекунад. Дар Афғонистон дастони бегонагон баръало намудор аст, дар мо низ чунин буд, вале кор ба ҷое нарасид, ки бегонагон пурра вориди мамлакат шаванд. Ақли пурзаковати тарафҳо кор дод ва мо бештар муваффақ шудем.

Аммо ҳадафи ман ин нест, чун ин мавзӯъ борҳо таъкид шудааст. Ман пешниҳод доштам. Шояд вақти он расида бошад, ки як қомуси фарогири таҳқиқотии сулҳи тоҷикон ташкил карда шавад ва он фарогири ҳамаи матолиби то ин замон нашршуда бошад. Бовар кунед, ки ин кор басо зарур аст, чун гирдоварии он ҳама мақолаҳои чопшуда имкон хоҳанд дод, ки дар оянда муаррихону таҳлилгарон вазъро хуб таҳқиқ кунанд ва таърихи воқеъии фоҷеаи миллат дар поёни садаи 20 навишта шавад.

Муҳаммадҷон Нарихӯҷаев, аз шаҳри Қурғонтеппа

“Ҳусни ҷаҳоноро” “Муҳаббат” шуд: Сайфиддинов қабул дорад?

Иҷозат диҳед дар атрофи мусоҳибаи ҳунарманди шинохтаи кишвар Муҳаммадҷон Шодиев нуқтаю назарҳои худро баён дорам. Вале қабл аз ҳар чизи дигар маъзарат мехоҳам ва бовар дорам намеранҷед. Аввалан то кадом андоза ба рӯҳи замон мувофиқ омадани асари саҳнавии 40 сол пеш эҷодшуда мавриди шубҳа аст.

Вале Муҳаммадҷон Шодиев итминон медиҳад, ки он хеле кор хӯрдаву ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд. Дар сӯҳбат санъаткори шинохта сабаби рӯ овардан ба ин асарро пуштибони аз Шарофиддин Сайфиддинов, ки бемуҳобо як чеҳраи матраҳ дар олами санъати кишвар аст, қаламдод кардааст.

Ва гуфтааст, ки “хато намешавад агар гӯем, ки навад дар сади асарро комилан тағйир додем”. Ва саволи ман ҳам ин аст: агар коргардонҳо навад дар сади асарро дигар карда бошанд, пас чӣ гуна метавон онро моли Шарофиддин Сайфиддинов номид? Боз ин дар ҳолест, ки номи онро низ аз “Ҳусни ҷаҳоноро” ба “Муҳаббат” бадал кардаанд. Метавон итминон дод, ки муаллиф ба ин тағйироту иловаҳо розӣ бошад ва қабул дорад, ки заҳмати дигаронро моли худ донад?

Инъом Шодиев, ш. Душанбе

Ба хеш аз назари бегонагон

Хеле мақолаи ҷолиб аз Абдуллои Раҳнамо хондам. Ташаккур ба “Рӯзгор”. Хеле таҳлили фарогир, олимона, коршиносона. Абдуллои Раҳнаморо намешиносам, ҳарчанд бо чанд навиштаи ӯ дар матубот огоҳам. Ва шунидам, ки чанд китоб ҳам дар ин мавзӯъҳо таълиф кардааст, вале ман надидаам.

Он чӣ аз мақолаи “Дин ва давлат дар Осиёи Марказӣ” мавриди писандам қарор гирифт, тафсири замонавии достони “Рустам ва Сӯҳроб” буд. Як бори дигар ба ғояи ҷовидонаи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ аҳсант хондам.

Абдуллои Раҳнамо достонро ба вазъи имрӯз мувофиқ таҳлил кардааст . Вай менависад: “...сабаби фарзанд куштани Рустам ва худро чунин заифу танҳову бадбахт кардани Рустам пеш аз ҳама дар як чиз буд: “дар надоштани шинохти саҳеҳ ва надоштани иттилооти дуруст. Ӯ гумон мекард Сӯҳроб кадом паҳлавони бегонаи туронӣ ва душмани ҷони ӯст... Аксар давлатҳо ва давлатмардони Осиёи Марказӣ дар баробари Ислом шинохти табиӣ, худӣ ва дуруст надоранд ва нақши он дар таҳкими ҷомеа ва давлатдории худро дуруст тасаввур карда наметавонанд, худро бо дасти худ ва  ва яке аз потенсиалҳои  қавитарини худ маҳрум месозанд ва гоҳо ҳам бо он мубориза мекунанд...”

Ва бардоште, ки аз таҳлили сиёсати динии ҳукумати кишвар кардам ин буд, ки дар ҳақиқат марказҳои таҳлилӣ аз вазъи динӣ дар кишвар иттилои бегона доранд ва агар он таҳлилҳо худӣ ва чуноне Раҳнамо мегӯяд табиӣ ва дуруст мебуд, шояд стратегия муносибати давлат бо дин тағйир мехӯрд.

Тавре Хоҷа Ҳофиз фармуда:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳарчӣ кард, он ошно кард.

Мавзуна, унвонҷӯ

“Бӯи Худо аз ҳама сӯ мерасад...”

Хеле ҷолиб, ки “Рӯзгор” саҳифаеро ба моҳи Шарифи Рамазон ихтисос додааст. Мехостам бо истифода аз фурсат ҳамаи сокинони кишварро ба муносибати фарорасии ин моҳи муборак табрик кунам. Умедворам номаи ман ҳам дар “Рӯзгор” чоп мешавад.

Салима Ҳайларова, нафақахӯр

Чаро Аҳмад Зоҳир тавонисту мо не?

Таҳқиқоти таронаҳои хунёгари бемисл ва булбули шӯридаи Шарқ Аҳмад Зоҳир хеле кори пурарзиш аст, ки “Рӯзгор” интишор медиҳад. Бо гузашти солҳо аз марги ин сарояндаи нотакрор сафи мухлисону ҳаводоронаш ба маротиб меафзоянд. Шояд дар ин чанд даҳсолаи охир касе назири ӯр таърихи санъати форсзабонон ёд надошта бошад, ки ин қадар маҳбуб ва ба қалби ҳар кас наздик бошад.

Шахсан ман замоне ба дунё омадаам, ки Аҳмад Зоҳир рахт аз олам барбаста буд. Таронаҳои ӯро тадриҷан аз бар кардам, оҳанги таронаҳо яке марғубтар аз дигаре буданд. Аз назари ман фарқ миёни Аҳмад Зоҳир ва сарояндагони мо он аст, ки дар мо тақлидгарон зиёданд ва боз ин ки аксари таронаҳои онҳо матни хуби шеърӣ надоранд. Аммо дар Аҳмад Зоҳир инро намебинем. Вай таронаҳояшро бештар бо матни шоирони машҳур сохтааст ва абадзиндагии таронаҳои Аҳмад Зоҳир ҳам аз баландии мазмуни матни сурудҳои ӯянд.

Бинед, вай аз Ҳофизу, Бедилу Лоҳутӣ мехонад ва ҳамаи он ғазалҳо зери навои эстрада ба ҳам меоянд. Магар шумо ёд доред, таронаи эстардии тоҷикиро, ки матни он аз Ҳофизу Хайём истифода шуда бошад? Албатта, ҳастанд, вале хеле кам. Ташакур ба сарояндагони шашмақомсаро, ки аз ашъори бузургони классик истифода мекунанд. Аммо чаро дар эстрада Аҳмад Зоҳир тавонисту сарояндагони мо наметавонад?

Гулзира, шаҳри Ваҳдат

“Рӯзгор”: Албатта, хонандаи мо Гулзира, ки мутаассифона, нанавиштаанд чӣ касб доранд ва чӣ шуғл, назари шахсии худро иброз доштаанд ва “Рӯзгор” на ба ҳамаи он фикрҳо розӣ буда метавонадд. Мо сарояндагони тавонои мусиқии эстрада дорем, ки матнҳои классикиро ҳам дар қолаби ин мусиқӣҷаззоб сурудаанд ва овардани номи танҳо Далер Назар кофист, ки андешаҳои Гулзираро рад кунем. Вале муаллифи мактуб хуб дарк кардааст, ки ҳофизони муосир хеле кам ба ашъори пурғановати классикони адабиёти тоҷик таваҷҷӯҳ мекунанд. Мо инро қабул дорем. Нома шояд ишорае шавад, ки муосирони мо ҳам дар пайравӣ аз Аҳмад Зоҳир муруре ба ғазалиёту рӯбоиёти классикон кунанд ва шояд ашъореро дарёбанд, ки дар қолаби мусиқи эстрада бештар мувофиқ бошад. Фақат кӯшиш ва ҷустуҷӯ лозим аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi