ҚАҲҲОРОВ: "ТЕРРОРИСТОНРО ПАНОҲ НАДИҲЕД!"
Вазири дохилаи Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ хостааст, ки ба афроди мазнун дар фаъолиятҳои теруристӣ ва ифротгароёна дар қаламрави худ паноҳ надиҳанд.
Абдураҳим Қаҳҳоров, ки рӯзи душанбеи 2 октябр дар ҳамоише дар бораи масоили амниятии минтақа дар пойтахти Тоҷикистон суханронӣ дошт, аз кишварҳои ҳамсоя хост, ки ба Қатъномаи 1373 СММ эҳтиром гузоранд. Оқои Қаҳҳоров аз ҳеч кишваре мушаххасан ном набурд, вале гуфт: “Тибқи иттилоъе, ки мо дар даст дорем, афроди ҷудогонае, ки мо онҳоро барои иртикоби ҷароим алайҳи низоми давлати Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекунем, дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд.”
Вазири дохилаи Тоҷикистон аз ин афрод ҳам ном набурд, вале соҳибназарон мегӯянд, ки рӯйи сухани ӯ зоҳиран бо кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ва афроди мавриди назараш сарҳанги шӯришӣ, Маҳмуд Худойбердиев, ва теъдоде аз тарафдорони ӯ ҳастанд, ки то кунун ҷойи сукунати онҳо рӯшан нест.
Теруристонро паноҳ надиҳед
Оқои Қаҳҳоров бо ишора ба қатъномаи СММ дар бораи афроди мазнун ба фаъолиятҳои теруристӣ гуфт: “Мо ҳама бояд бипазирем, ки паноҳ додан ба теруристон ва афроди дигаре, ки дар иртикоби ҷароим даст доранд, раво нест ва усули Қатъномаи 1373 Шӯрои Амнияти СММ, ки аз кишварҳо мехоҳад ба теруристон паноҳгоҳ надиҳанд, бояд бечуну чаро риъоят шавад.”
Вай зимни суханронӣ дар ҳамоиши “Олмон ва Осиёи Марказӣ: истротежии мушорикат барои таъмини амният”, мубориза бо терурисм, маводди мухаддир ва ҷароими созмонёфта дар меҳвари он қарор дошт, гуфт: “Тибқи ин қатънома, ҳеч ангезаи сиёсӣ наметавонад баҳонае барои саркашӣ аз таҳвил ё истирдоди афроди мазнун ба терурисм бошад.”
Мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, ки оқои Худойбердиев ва теъдоде аз тарафдоронаш, ки дар соли 1998 ба вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, ҳамлавар шуда буданд, дар кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ба сар мебаранд. Дар гузашта, додситони кулли Тоҷикистон низ борҳо эълом карда буд, ки мақомоти ӯзбак ба дархости истирдоди ин афрод ҳаргиз посухе надодаанд.
Равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон аз замони касби истиқлоли ин ду кишвар бо ҳам чандон созгор набуда ва онҳо дар мавориди мухталифе ҳамдигарро ба хусумат ва ғаразварзӣ муттаҳам кардаанд.
Монеъи ислоҳот
Дар нишасте, ки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Урупо, Русия, Эрону Афғонистонро гирди ҳам оварда буд, вазири дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки миёни ниҳодҳои қудратии кишварҳои минтақа ҳамоҳангӣ ва табодули иттилоъ ба таври бояду шояд вуҷуд надорад.
Абдураҳим Қаҳҳоров бо ишора ба ин ки Тоҷикистон худаш аз терурисм ва маводди мухаддир басе зиён дидааст, гуфт: “Имруз, ки Тоҷикистон сулҳ ва ризояти миллиро ба даст оварда ва ба сӯйи як ҷомеъаи демукротик ва ҳуқуқбунёд ва бо иқтисоди бозорӣ пеш меравад ва барои ин ислоҳот анҷом медиҳад, таҳдиди терурисм аз сӯйи нерӯҳои вайронгар бар суботи ҷомеъа асароти манфӣ мегузорад ва ин вазъ ба навбаи худ аз ислоҳот монеъ мешавад.”
Ба гуфтаи вай, аз 1997 то кунун кормандони пулиси Тоҷикистон ҳудуди 200 созмони ҷиноии дорои аҳдофи теруристиро кашф ва хунсо кардаанд, ки аъзои ин гурӯҳҳо ҳудуди 3000 ҷурм, аз ҷумла беш аз 170 амали теруристӣ, харобкорӣ, қатлҳои пурсару садоро, муртакиб шудаанд.
Ҳамчунин, аз оғози соли милодии ҷорӣ то кунун, кормандони интизомии Тоҷикистон 18 узви Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ва бисёре аз “ҳамдастони” онҳоро боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ҳастанд.
Алоқаи қочоқбарон ба ноамнӢ
Абдураҳим Қаҳҳоров бар зарурати ҳамкориҳои байналмилалӣ барои тақвияти мубориза бо маводди мухаддир таъкид кард ва гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ниҳодҳои амниятию интизомии Тоҷикистон беш аз 3800 тун маводди мухаддирро кашф ва нобуд кардаанд.
Вай гуфт: “Имрӯз ҷойи тардиде нест, ки фаъолиятҳои теруристӣ бо тиҷорати маводди мухаддир робитаи қавӣ дорад. Аз як сӯ, тавлиди ғайриқонунӣ ва қочоқи маводди мухаддир аз манобеъи аслии молӣ барои фаъолиятҳои теруристӣ аст ва аз сӯйи дигар, терурисм вазъро бесубот карда ва муборизаи байналмилалӣ бо парвариши тарёкро душвор месозад.”
Юрг Зирке, раиси идораи федероли пулиси ҷиноии Олмон, низ бо ишора ба ҳамин мавзӯъ гуфт: “Ба назари ман сардастаҳои гурӯҳҳои маводди мухаддир алоқа доранд, ки дар Афғонистон оромӣ набошад, зеро ин асли тиҷорати онҳост. Агар мо битавонем суботро дар он кишвар барқарор кунем, он гоҳ метавон ба кишоварзон гуфт, ки чи чизеро парвариш кунанд.”
Шабакаҳои минтақаӢ
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Довуди Довуд, муъовини вазири дохилаи Афғонистон дар умури мубориза бо маводди мухаддир, аз дастовардҳои кишвараш дар мубориза бо тавлиди маводди мухаддир иттилоъ дод.
Вай гуфт: “Афғонистон пешрафтҳое дорад, масалан кишти кукнор дар ду соли ахир 41,5 дарсад коҳиш ёфтааст: 19, 5 фисад дар соли гузашта ва 22 фисад имсол. Кишти кукнор ҳоло танҳо дар вилоёти ноамне, ки он ҷо Толибон фаъолиятҳои ҳарбиву ҷангӣ доранд, боқӣ мондааст.”
Оқои Довуд афзуд, ки кишвараш дар ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир низ ба пешрафтҳое ноил шудааст: “Мо дирӯз раҳбарони як бонди минтақаиро дастгир кардем, ки дар сатҳи Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон кор мекард. Беш аз се ҳазор шабакаро дар се-чаҳор соли гузашта дастгир кардем ва аз байн бурдем. Беш аз 370 лобротуори ҳеруин дар чаҳор сол аз байн бурда шуд.”
Тибқи гузориши ахири СММ ҳосили тарёк дар Афғонистон имсол беш аз 7000 тун буда ва захираи он ба изофаи солҳои гузашта беш аз 10 ҳазор тунро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, 80 дарсади ин маводд дар манотиқи ҷанубии ҳаммарз бо Покистон ва таҳти кунтрули Толибон тавлид мешавад.
Би-Би-Си