22:51:10 05-уми Июни 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲОМИД КАРЗАЙРО ТАБРИК ГУФT

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо як барқия Ҳомид Карзайро барои дубора ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон интихоб шуданаш табрик гуфтааст. Дар ин барқия аз ҷумла омадааст, ки «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ ва рушду пешрафти Афғонистон буд ва хоҳад монд». Қаблан бисёре аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз тасмими барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълон шудани Ҳомид Карзай истиқбол карданд.

 

Раҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳомид Карзайро "раҳбари қонунии Афғонистон" номид. Созмони Милали Муттаҳид, Бритониё ва Покистон сарварии феълии Афғонистонро бо пирӯзӣ табрик карданд. Олмон ва Фаронса аз Карзай даъват карданд, ки ба хотири муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ бо рақиби аслияш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Абдулло Абдулло ҳамкорӣ кунад.

 

Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар бораи пирӯзии Ҳомид Карзай баъди он тасмим гирифт, ки рақиби ӯ дар даври дуввуми интихобот Абдулло Абдулло, бо далели мутмаин набуданаш ба интихоботи озоду шаффоф дар кишвар, аз идомаи сабқат даст бардошт.

 

Озодӣ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854