РАҲМОН ҚОНУНИ АФВРО ИМЗО КАРД
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни тозаи афвро имзо кард. Тибқи ин санад, афроде низ, ки дар низоъҳои дохилии даҳаи 1990 ширкат доштанд, афв мешаванд. Тибқи иттилоъи сойти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ин афв ба муносибати понздаҳумин солгарди Қонуни Асосӣ ва соли бузургдошти Имоми Аъзам эълом шуда, вале бархеҳо онро иқдоме барои ҷалби таваҷҷуҳи умумӣ дар остонаи муборизоти интихоботӣ медонанд.
Ин интихобот қарор аст дар авоили соли ояндаи милодӣ баргузор шавад. Қонуни тозаи афв қабл аз ҳама дар мавриди афроде ба иҷро хоҳад расид, ки давраи маҳкумиятро дар зиндон сипарӣ мекунанд ва онҳое, ки ба ҷурме муттаҳам шудаанд ё мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд ва ё муҳокимаи аъмоли онҳо дар додгоҳ идома дорад.
Бар асоси ин қонун, зиндониёне, ки се чаҳоруми давраи маҳкумияти худро дар маҳбас сипарӣ кардаанд. озод хоҳанд шуд. Ҳамчунин, маҳкумшудагони зерин, новобаста аз муҳлати ҷазое, ки барояшон муқаррар шудааст, афв хоҳанд шуд:
а) занҳо;
б) шахсоне, ки ба ҳангоми иртикоби ҷурм ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;
в) мардони болотар аз синни 55;
г) маълулони гурӯҳҳои I, II ва III, гирифторони бемориҳои сил;
д) сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афроде, ки дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва афроде, ки дар "муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон" (дар даҳаи 1990) ширкат доштанд ва ҳамчунин осебдидагони ҳодисаи нерӯгоҳи атумии Чернобил;
е) соҳибони ҷавоизи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ё) шахсоне, ки аз хидмати низомӣ саркашӣ намудаанд, худсарона воҳиди низомӣ ё маҳалли хидматро тарк кардаанд, аз воҳиди низомӣ ё аз ҷойи хидмат фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хидмати низомӣ бо роҳи "узвмаъюбкунӣ" ё усули дигар саркашӣ кардаанд;
ж) шаҳрвандони хориҷӣ.
Ба гуфтаи манобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, "яке аз афзалиятҳои Қонуни мазкур аз он иборат мебошад, ки маҳкумшудагони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда (муртакибшуда) сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъйиншуда аз адои ҷазо озод карда мешаванд."
Нуктаи муҳимми дигари ин қонун афви шаҳрвандони хориҷие метавонад бошад, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ба гуфтаи манобеъи мухталиф, бештари зиндониёни хориҷӣ дар Тоҷикистонро шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон ташкил медиҳанд, ки бештар ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз ва қочоқи маводди мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Аммо нуктае, ки бисёриҳо бидуни тардид ба он таваҷҷуҳи бештаре хоҳанд дошт, афви афродест, ки "дар муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон" ширкат кардаанд.
Дар гузашта, теъдоде аз зиндониён, ки ба иттиҳоми ширкат дар низоъҳои дохилии Тоҷикистон давраи маҳкумияти худро дар маҳбасҳо сипарӣ мекарданд, бо пахши муроҷеъатномаҳое дар матбӯъот ба унвони раиси ҷумҳурӣ аз ӯ хоҳони афв шуда буданд.
Ҳамакнун мумкин аст бисёре аз ин афрод, ки "бахт ба рӯяшон тофтааст", озодии худро дар канори ёру пайвандонашон ҷашн бигиранд. Вале шахсиятҳое, ки ба иттиҳомҳои ҷиддие, монанди тавтеъа алайҳи давлат, ҷосусӣ, қатл, кӯшиши кудето, ва ғайра маҳкум шудаанд, афв намешаванд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе дархости ҳудуди 500 нафар аз сокинони шаҳри Чкалови устони Суғд дар бархе аз расонаҳо чоп шуд, ки дар он аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хоста мешуд масъулони собиқи корхонаи "Востокредмет"-ро, ки ахиран барои солҳои тӯлонӣ маҳкум шуда буданд, маъоф кунад. Вале маълум нест, ки раиси ҷумҳур ба ин афрод чи посухе хоҳад дод.
Пештар бархеҳо хостори афви шахсиятҳои сиёсие монанди Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари демукротҳо, Яъқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ ва Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ шуда буданд, вале ин дархостҳо нодида гирифта шудаанд.
Би-Би-Си