ТАЪСИСИ НАХУСТИН ГУРӮҲИ МИЛЛИИ МИНРӮБОН
Нахустин гурӯҳи 16-нафарии минрӯбони тоҷик, ки бо сармояи Созмони амнияту ҳамкории Урупо таъсис шудааст, ба фаъолият пардохтааст. Рӯзи панҷшанбеи 5 ноябр, дар шаҳри Душанбе дар ин замина миёни Маркази Созмони амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар Тоҷикистон ва вазорати дифоъи ин кишвар ёддошти тафоҳум имзо гардид.
Бар асоси ин санад, аъзои ин гурӯҳ аз ҷумлаи сарбозону афсарони бахши муҳандисию минрӯбии вазорати дифоъи Тоҷикистон мураккаб шуда ва махориҷи гурӯҳи миллии минрӯбон комилан ба ӯҳдаи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо хоҳад буд. Клаус Расмуссен, муъовини раҳбари Маркази САҲУ дар Тоҷикистон дар маросими имзои ёддошти тафоҳум гуфт, ки ин ниҳод барои таъсиси гурӯҳи миллии минрӯбони тоҷик, омӯзиши онҳо, харидории таҷҳизоти фаннӣ, утумубилҳо ва роботҳои минҷӯй беш аз 4,5 милюн юру тахсис додааст.
Оқои Расмуссен таъкид кард, ки дар назар аст САҲУ ҳамасола барои таъмини фаъолияти ин гурӯҳ 200 ҳазор юру ихтисос диҳад. Рамил Нодиров, муъовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон гуфт, ки дар зарфи 6 соли ахир корҳои минрӯбӣ дар ин кишвар аз сӯйи Хазинаи минрӯбии Суис анҷом шуда ва дар ин муддат майдони беш аз 3 милюн метри мураббаъ аз мин ва маводи мунфаҷира поксозӣ шудааст.
Оқои Нодиров афзуд: ин нахустин гурӯҳи миллии минрӯбон аст, ки таҳти сарпарастии вазорати дифоъи Тоҷикистон фаъолият карда ва ба он афсарону сарбозони ботаҷруба бар асоси қарордод шомил шудаанд. Масъулони вазорати дифоъ гуфтанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба хатарнок будани амали минрӯбӣ ба ин афрод ҳуқуқ ё маоши хуб пардохт хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, подполковник ё сарҳангду Абдулғанӣ Ваҳҳобов, фармондеҳи гурӯҳи миллии минрубӣ зимни ишора ба хатари маргбори кори минрӯбӣ гуфт, ки ба манзури коҳиши ҳадди аксари ин хатар минрӯбон аз сагҳои омӯзишдида ва роботҳои минҷӯй истифода мебаранд. Ҳамчунин, ба гуфтаи подполковник Ваҳҳобов, аъзои гурӯҳ дар ду давраи омӯзишӣ ширкат карда ва минрӯбон бо либосҳо ва кулоҳҳои вижаи зидди пораҳои мин муҷаҳҳаз ҳастанд.
Дар назар аст, дар ҳафтаи оянда ин гурӯҳ фаъолияти худро дар ноҳияи Панҷ, воқеъ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон шурӯъ кунад. Тибқи иттилоъи идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон то ҳол дар манотиқи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 230 ҳазор адад минҳои мухталиф ва маводи мунфаҷира боқӣ мондааст.
Гуфта мешавад, ин манотиқ дар даҳаи 1990 ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди афроди мусаллаҳи мухолифони давлати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои табаҳкори афғон аз ҳудуди Афғонистон ба Тоҷикистон аз ҷониби марзбони рус, ки аз ин марз муроқибат мекарданд, минкорӣ шуда буд.
Масъулони Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар канори манотиқи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон имтидоди марзи ин кишвар бо Ӯзбакистон ва навоҳии Рашт, Дарвоз ва Тавилдараро аз манотиқи минкоришудаи Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд, ки майдони умумии онҳо 14 милюн метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино ба гузориши ин марказ, манотиқи ҷануб ва марказии Тоҷикистон дар замони ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар даҳаи 1990 мингузорӣ шуда ва аз замон то ба ҳол бар асари инфиҷори мин ва маводи мунфаҷира 354 нафар кушта шуда ва 448 нафар захмҳои мухталиф бардоштаанд. Афзун бар ин, ба гуфтаи Ҷонмуҳаммад Раҷабов, раиси Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар водии Рашт, дар шарқи ин кишвар бумбҳои тасмаӣ кашф ва нобуд шудаанд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ба ин минтақа за ҳавопаймо партоб шудааст.
Тибқи Конвенсиюнҳои байналмилалӣ истифодаи бумбҳои тасмаӣ, ки талафоти зиёди инсониро дар пай хоҳад дошт, комилан мамнӯъ аст. Ҳамкории Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо бо Тоҷикистон дар заминаи поксозии қаламрави ин кишвар аз мин дар соли 2004 шурӯъ шуда ва дар ин муддат ин ниҳод барои омӯзиши персунол ва харидории таҷҳизоти минрӯбӣ тарҳҳоеро рӯйи даст гирифтааст.
Аз ҷумла, дар соли 2005 САҲУ ба вазорати дифоъи Тоҷикистон барои барномаи нобудсозии силоҳи сабук ва маводи мунфаҷира 400 ҳазор юру тахсис дода буд. То ҳол дар чаҳорчӯби ин барнома беш аз 100 тун силоҳ ва маводи мунфаҷира нобуд карда шудааст.
Би-Би-Си