10:13:06 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУРОҶИАТИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

19-уми ноябри соли 2009 Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи обии Роғун аз ҷониби тамоми табақаҳои шаҳрвандон, аз ҷумла тоҷикону тоҷикистониёни бурунмарзӣ низ мавриди ҳамовозию дастгирӣ қарор мегирад. Дар ин бора номаю барқияҳои зиёд ба номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ворид мегарданд.

Номаҳои густурдаи ҳамовозӣ, аз ҷумла аз номи ҷамъиятҳои тоҷикону тоҷикистониёни муқими минтақаҳои Екатеринбург, Челябинск, Красноярск, Новосибирск, Иркутск ва Тюмени Федератсияи Русия ворид шудаанд.

Дар ин номаҳо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба «ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан» эълон гаштани майдони сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун мавриди ҳамовозӣ қарор гирифтааст.

Дар номаҳо таъкид мегардад, ки баробари омода гаштани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун, тоҷикону тоҷикистониёни муқими минтақаҳои номбурдаи Русия, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфуз омодаанд аз онҳо харидорӣ кунанд.

Бо ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ зикр мегардад, ки бо харидорӣ кардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун ҳар як шаҳрванд ҳам дар ободонии Ватани азизи худ саҳмгузор мешавад ва ҳам оянда аз он фоидаи хуби моддӣ ба даст меорад.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi