00:13:02 03-уми Июни 2025 сол

ӮЗБАКИСТОН АЗ АВВАЛИ ДЕКАБР ШАБАКАИ БАРҚРО ТАРК МЕКУНАД

Сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон эълом кардаст, ки аз якуми декабри соли равон, кишвараш аз системи воҳиди барқрасонии минтақа берун хоҳад омад. Шоҳқосим Шоҳисломов, зимни баргузории як нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе, рӯзи душанбе 23 ноябр гуфт кишвараш ба нерӯи барқи Тоҷикистон, ки вилояти Сурхаондарё аз он истифода мекард, дигар ниёз надорад.

 

Аз ин рӯ ба гуфтаи вай Тоҷикистон метавонад ин нерӯи барқро барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои кишвараш истифода кунад. Вале оқои Шоҳисломов афзуд, ки Ӯзбакистон ҳамчунон устони Суғди Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард, зеро ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон омодагии интиқоли нерӯи барқи худро аз ҷануб ба шимоли кишвараш надоштааст.

 

Ҳадафи Ӯзбакистон

Шоҳқосим Шоҳисломов зимни қироъати баёния гуфт, ки системи воҳиди барқрасонӣ дар даврони Шӯравӣ ва бо дарназардошти манофеъи вақти кишварҳои минтақа дар он даврон бунёд шуда буд. Вай афзуд, ки фаъолияти ин систем дар он замон танҳо аланӣ ва бидуни ҳеҷ шарту шароит барои минтақа сурат мегирифт.

 

Оқои Шоҳисломов мегӯяд, ки адами тобеъият ба маркази аслии тавзеъкунандаи ситемаи воҳиди барқрасонӣ ва нақзи муқаррароти танзими нерӯи барқ аз сӯйи бархе аз кишварҳои минтақа, мунҷар ба садамаҳои мухталиф дар ин систем шудааст. Оқои Шоҳисломов бо ёдоварӣ аз ҳодисаи ахир дар интиқоли нерӯи барқ дар ин минтақа афзуд:

 

“9-уми ноябри соли равон бар асари садама дар нерӯгоҳи Норак фаъолияти кулия нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи барқ ба ҷануби кишвар қатъ шуд. Сабаби аслии ин садамаро коршиносон нақзи фоҳиши танзими фаннии нерӯи барқ унвон кардаанд. Дар чунин шароит таҷҳизоти фаннии вижа барои огоҳӣ аз садама ва марокизи эъзомкунанда низ фаъол нашуд. Ин садама ба системи барқрасонӣ дар ҷануби Ӯзбакистон низ таъсири ногуворе расонд.”

 

Аз ҷумла ба гуфтаи вай системи хутути барқи Сурхондарё, ки нерӯи барқро аз Ӯзбакистон ба Афғонистон интиқол медиҳад, аз фаъолият бозмонд. Сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, ки қаблан Туркманистон ин системро тарк гуфт, ва қарор аст, Қазоқистон кишвари дигари Осиёи Марказӣ аз системи воҳиди барқрасонӣ дар ояндаи наздик берун ояд. Аммо сафири Ӯзбакистон аз посух ба суолоти хабарнигорон дар ин нишаст худдорӣ кард.

 

Душвориҳои эҳтимолии зимистон

Баёнияи сафорати Ӯзбакистон дар мавриди хуруҷи ин кишвар аз системи воҳиди барқрасонии минтақа дар ҳолест, ки қарор буд, дар зимистони имсол Тоҷикистон аз Туркманистон як милёрду дувист милюн киловат соъат нерӯи барқ харидорӣ кунад.

 

Ва интизор мерафт, ки нерӯи барқ аз Туркманистон бо истифода аз хутути барқии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон мунтақил шавад. Вале хуруҷи Ӯзбакистон аз системи воҳиди барқрасонии Осиёи Марказӣ ин интизориҳоро зери суол мебарад. Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати адами дастрасӣ ба нерӯи барқи Туркманистон, душвориҳои ношӣ аз камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо чун дар солҳои қаблӣ боқӣ хоҳанд монд.

 

Ҳарчанд Вазорати хориҷаи Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ вокуниши расмӣ дар бораи изҳороти сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон пахш накардааст, аммо масъулони ин вазорат дар суҳбатҳо гуфтаанд, ки аз эъломияи имрӯзи сафири Ӯзбакистон нохушнуданд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854