02:47:58 04-уми Июни 2025 сол

НАҚШИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА ДАР СУБОТИ АФҒОНИСТОН

Дар дувумин рӯзи кунфаронси байналмилалии зери унвони “Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, чолишҳо, имконот ва дурнамо” вазъияти Афғонистон баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар баррасӣ шуд. Ин дувумин кунфаронси байналмилалӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҳалли масоили амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии Афғонистон мепардозад.

 

Дар ин нишаст намояндагон ва коршиносони масоили сиёсӣ ва иқтисодии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон ширкат карданд. Таъсири вазъи кунунии Афғонистон ба равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақа ва саҳми кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар аз мавзуъоти аслии матруҳа дар суханрониҳои коршиносон буд.

 

Пётр Кравчик, корманди Вазорати хориҷаи Лаҳистон, ки перомуни истротежии ҷадид ва ислоҳоти сиёсӣ дар Афғонистон суханронӣ мекард, тъкид кард, ки ба нишастҳое ки дар он масоили сиёсии Афғонистон матраҳ мешавад бояд намояндагони бештаре аз худи Афғонситон ҷалб мешуданд.

 

Оқои Кравчик афзуд: “Мо мутаасифона дар гузашта дар Афғонистон истротежии муайяан надоштем ва ҳоло, ки раиси ҷадид дар Омрико рӯйи кор омад, дар моҳи август женерол Мак Кристал истротежии ҷадид барои Афғонистонро ба Борок оқои Убомо пешниҳод кард, ки бояд ба зудӣ ба тасвиб расад.”

 

Оқои Кравчик мегӯяд, мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон ба таъмини амният дар кишвар бастагӣ дорад, аммо афзуд, ки барои истиқрори ин субот ба афзоиши нерӯҳо дар Афғонистон ниёз вуҷуд дорад.

 

ФАРҲАНГ ВА АМНИЯТ

Вале нишастҳое, ки дар робита ба масоили Афғонистон дар хориҷ аз он кишвар баргузор мешаванд метавонанд чи нақше дар ҳалли масоили сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар ифо кунанд? Худойберӣ Холиқназаров, коршиноси тоҷик дар ин бора мегӯяд: “Пешниҳодоте ки дар нишастҳои кишварҳои минтақа дар робита ба ҳалли масоли Афғонистон ироа шуданд, барои беҳбудии вазъият дар Афғонистон нақши муҳимеро хоҳанд дошт. Барои мисол яке аз пешниҳодҳо – истифода аз фарҳанг барои ҳалли бархе аз масоили амниятӣ дар Афғонистон аст.”

 

Оқои Холиқназаров ин пешниҳод, яъне табодули барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни кишварҳои минтақа ва Афғонистонро диди ҷадиде барои ҳалли масъалаи амниятӣ дар Афғонистон арзёбӣ кард. Носири Сармадии Порсо, сафири қаблии Эрон дар Тоҷикистон ва мубтакири ин пешниҳод, дар бораи тарҳҳое ки миёни кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон барои дастрасӣ ба ҳалли мушкили он кишвар пиёда шудаанд суханронӣ кард.

 

Оқои Порсо мегӯяд: “Ҳарфҳои ман дар ин нишаст бар хилофи ҳарфҳои қаблии ман, ки бештар сиёсӣ буд садо дод. Баҳсҳое ки ман матраҳ кардам мубтанӣ бар таърифи амният аз нигоҳи инсонӣ буд. Воқеъият ин аст, ки баҳси сиёсӣ то ҳол дар Афғонистон ба натиҷае нарасидааст ва агар сояи сиёсат то андозае бардошта шавад ва нигоҳҳо ба қазия дар он кишвар иваз шавад, умед ба ин, ки як таҳаввуле дар Афғонистон иҷод мешавад, вуҷуд дорад.”

 

Ширкаткунандагони ҳамоиш нақши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва баргузории конфаронсҳои марбут ба масоили ин кишварро дар барқароии сулҳи пойдор дар Афғонистон мусбат арзёбӣ карданд. Вале таъкид шуд, ки ҳамгароии мардуми Афғонистон муҳимтарин шарт барои дастрасӣ ба ороми ва субот ва эҷоди амнияти комил дар он кишвар аст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854