00:31:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Ташвиши Кремл аз ҳузури ҷангиён дар наздикии марзи Тоҷикистон

Русия аз ҳузури ҷангиён дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронӣ карда, аз Кобул хостааст, барои барқарории субот ва ҳифзи марзҳояш бо Осиёи Марказӣ тамоми талошро ба харҷ диҳад.

tashvishi-russia_8554.jpgРусия аз ҳузури ҷангиён дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон шадидан нигаронӣ карда, аз Кобул хостааст, ки барои барқарории субот ва ҳифзи марзҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми талошро ба харҷ диҳад. Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри баёнияи расмӣ аз ҳамлаи ахири ҷангиён дар вилояти Кундузи Афғонистон ёдоварӣ карда, "ҳалокати сокинони одӣ ва маъмурони интизомӣ аз сӯи ҳамлаваронро маҳкум намудааст".

Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, аз ҷиддан бад шудани авзоъ дар шимолушарқи Афғонистон паёмҳои ташвишбарангез мегирад ва аз ин рӯ мақомоти афғонро ҳушдор додааст, ки дар бораи ҳифзи марзҳояшон бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, биандешанд.

Ин ташвиши Маскав дар ҳолест, ки 22 апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба ниҳодҳои қудратии кишвар дастур дод, бо назардошти вазъи амниятӣ дар Афғонистон "дар ҳолати зарурӣ" аз нерӯҳои захиравӣ истифода баранд. Дастури оқои Раҳмон дар мавриди ҷалби сарбозу афсарони захиравӣ дар ҳоли зарурат барои таҳкими марз бо Афғонистон дар як ҷаласаи машваратӣ бо аъзои Шӯрои амният, сарварони Вазорати дифоъ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва масъулони дигар ниҳодҳои қудратӣ садо додааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин хостааст, омодагии ҳарбии ҳамаи ҷузву томҳои артиши ин кишвар баланд бурда шавад. Аммо дар паёмаш ӯ бештар ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тамаркуз кардааст. Дар ҳоле ки ба нерӯҳои Вазорати дифои Тоҷикистон ҳифзи хатти дувуми марз вогузор шуда, дидбонии сарҳад дар дӯши нерӯҳои Хадамоти марзбонии кишвар аст, дастури истифода аз нерӯҳои захиравӣ дар ҳолати зарурӣ метавонад ба садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандоне рабт гирад, ки хидмати маҷбурии ҳарбиро иҷро кардаанд ва дар феҳристи нерӯҳои эҳтиётӣқарор доранд.

Дар миёнаҳои моҳи марти соли равон Вазорати дифои Тоҷикистон бо эълони "Ҷанги эҳтимолӣ" дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон ва дар тамоми навоҳии вилояти Хатлон, як размоишро барои омодагии ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони осоиштаи минтақа, ки ҷамъан 50 ҳазор нафарро дар бар гирифт, баргузор кард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буд, размоиши фарогир бо ширкати намояндагони тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони навоҳии вилояти Хатлон бо истифода аз 100 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёди нақлиёт, сурат гирифтааст.

Авзоъ дар се ҳафтаи охир дар Бадахшони Афғонистон ба дунболи ҳамлаи ҷангҷӯён дар ноҳияи Ҷурм ва қатли 18 сарбози нерӯҳои давлати Афғонистон, ки шуморе аз онҳо сар бурида шуданд, рӯ ба шиддат овард. Мақомҳои афғон гуфтанд, мавҷудияти ин гурӯҳҳо таҳдиди ҷиддӣ барои вилоятҳои шимолии он кишвар аст ва эҳтимол дорад, аз ин ноҳия кишварҳои Осиёи Миёна низ мавриди таҳдид қарор бигиранд.

Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон генерал-майор Евгений Тубол гуфт, бо назардошти хуруҷи НАТО аз Афғонистон ва эҳтимоли таҳдид аз ҷануб шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид. Тубол инчунин аз таъмин шудани пойгоҳ бо навтарин намунаҳои силоҳи Русия хабар дод ва афзуд, ки вазифаи асосии пойгоҳ таъмини амнияти миллии Русия ва ҳампаймонҳои он дар Осиёи Марказӣ, мусоидат ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон "ба зидди таҷовуз аз қаламрави Афғонистон, ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ ва ҳарбӣ дар кишвари мизбон, таъмини қабули ҷузвутомҳои Русия дар ҳудуди Тоҷикистон ҳангоми ҳалли ҳолатҳои бӯҳронӣ ва амалиёти муштарак дар ҳайати гурӯҳи якҷояи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аст".

Аммо бештар аз ин ҳама ҳарбиён ва сиёсатмадорони Русия борҳо гуфтаанд, Тоҷикистон ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳифзи марз бо Афғонистон намебарояд ва бояд марзбонҳои Русия ба ин сарҳад баргардонида шаванд. Дар ин маврид зикр шудааст, ки ин бозгашт бояд бо дархости Тоҷикистон ба амал ояд. Тоҷикистон соли 2005 муваффақ шуд, ки дидбонӣ ва ҳимояи марзи давлатии худро ба дасти хеш гирад ва нерӯҳои марзбони Русияро аз сарҳади Афғонистон хориҷ намояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi